logo

иҷтимоиёт

ҶАҲОНИШАВӢ. ИНТЕРНЕТ ДАР БАЪЗЕ ҲОЛАТ ВОСИТАИ ТАРҒИБИ ҒОЯҲОИ ИФРОТИСТ

Ҳар гуна тағйироте, ки дар ҷаҳони пуртазод ба вуҷуд меояд, таъсири он хоҳу нохоҳ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мерасад. Маҳз бо назардошти чунин воқеоти ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сиёсати байналмилалӣ аз номи мардуми Тоҷикистон ҳуқуқи сухан гуфтанро доранд, пайваста дар баромадҳояшон аз минбари созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ перомуни хатарҳои таҳдидкунанда ба амнияти ҷаҳон ва суботу оромии сокинони сайёра ибрози назар менамоянд.
Имсол низ мисли солҳои қаблӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ, ки асосан дар бораи вазъ ва дурнамои сиёсати дохилию хориҷии давлат ироа мешавад, ба масъалаи таъмини амният таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иброз доштанд: «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд».
Воқеан, имрӯз раванди ифротгароӣ ва терроризм аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир ба ҳисоб рафта, таҳдиди аслӣ ба ҷони инсонҳо шинохта мешавад. Мутаассифона, аксари амалҳои нангини ин гурӯҳҳо зери ниқоби шиору арзишҳои динии бебунёд сурат мегиранд, ки нафарони ноогоҳро зуд ба доми фиреб мекашанд.
Масъалаи дигари ташвишовар дар шароити ҷаҳонишавӣ, ин тарғиби ғояҳои ифротӣ тариқи интернет ба ҳисоб меравад. Интернет баҳри рушди экстремизм нақши калон мебозад. Ҳар кадоми мо солҳои охир шоҳиди ҳодисаҳое мебошем, ки баъзе доираҳои байналмилалӣ тавассути расонаҳои иттилоотӣ бо истифодаи моҳирона аз ноогоҳиву бехабарии гурӯҳҳои алоҳидаи қишри ҷомеа, махсусан ҷавонон, равандҳои сиёсиву иҷтимоиро тағйир доданӣ мешаванд. Бинобар ин, яке аз масъалаҳои мубрами рӯз зарурати бартараф намудани рушди экстремизм аст. 
Агарчи  дар натиҷаи чораҳои муҳиму пурсамари андешидаи мақомоти давлатӣ ва ширкати оммавии сокинони мамлакат шиддати терроризму экстремизм дар дохили мамлакат паст шуда бошад ҳам, мо набояд нисбат ба  рафтору амали душманонаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ба монанди ТТЭ ҲНИ бепарво бошем. Зеро, чуноне Пешвои миллат дар Паём таъкид кардаанд: «Хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд».
 
Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА, 
раиси суди ноҳияи Ёвон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.03.2021    №: 47    Мутолиа карданд: 879
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед