logo

сиёсат

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР 14 - УМИН САММИТИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

4  март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 14-умин саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар оғози суханронӣ Сарвари давлат оид ба буҳрони шадиди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва молиявии ҷаҳонии дар натиҷаи бемории сироятии COVID – 19 баамаломада андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки натиҷаҳои саммити имрӯза ба истифодаи беш аз пеши неруи созмон ҷиҳати рафъи оқибатҳои пандемияи коронавирус ва таъмини рушди устувор дар минтақаи он мусоидат хоҳанд кард. Бо таҳлили вазъи ҳамкории тиҷоратӣ байни кишварҳои аъзои соз-мон ҳамчун омили рушди босуръати иқтисоди минтақавӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки тиҷорат дар миёни кишварҳои аъзои ЭКО ҳамагӣ ҳашт дарсади ҳаҷми умумии савдои онҳоро ташкил медиҳад ва ин рақам баёнгари истифодаи нокифояи имкониятҳои тиҷоратӣ байни давлатҳо мебошад.
Зимни суханронии пурмуҳтаво, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, сатҳи ҳамкории кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодиро дар соҳаҳои нақлиёт, коммуникатсия, энергетика, саноат, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок, ҳифзи муҳити зист ва аграрӣ таҳлил намуда, густариши робитаҳо ва татбиқи барномаву лоиҳаҳои муҳимро барои таъмини рушди устувор дар минтақа зарур шумурданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таъсиси Маркази энергияи тозаи ЭКО ҷонибдорӣ карда, татбиқи лоиҳаи сохтмони хати баландшиддати интиқоли барқи CASA – 1000, ки нахустин пули энергетикӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ хоҳад буд, иқдоми саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар шароити имрӯза Дабирхонаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ бояд дар ҳамоҳангсозии талошҳои кишварҳои аъзо ҷиҳати ҳифзи амнияти озуқаворӣ, рафъи бекорӣ, камбизоатӣ ва дигар мушкилоти мушаххас дар паҳнои созмон, ки дар давраи пандемияи коронавирус шиддати нав пайдо намудаанд, ташаббускор бошад. Изҳори умед шуд, ки фаъолияти лоиҳавии Соз-мони ҳамкории иқтисодӣ ба рафъи мушкилоти номбаршуда ва мусоидати ҳамаҷониба ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои аъзо нигаронда мешавад.
Бо назардошти вазъияте, ки дар пасманзари пандемияи коронавирус ба вуқӯъ пайвастааст, Президенти мамлакат, ҳамчунин, таъсиси абзори ҳамкории минтақавии мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, алалхусус бо COVID - 19-ро ба мақсад мувофиқ шумурданд.
Дар робита ба тақвияти ҳамкориҳои кишварҳои узви созмон дар соҳаи сайёҳӣ, таъкид шуд, ки шаҳри Душанбе пойтахти сайёҳии ЭКО барои солҳои 2020 – 2021 эълон гардидааст ва дар идомаи тадбирҳо ҷиҳати рушди бахши сайёҳӣ моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии “Душанбе – пойтахти сайёҳии ЭКО” ва Форуми байналмилалии рушди агротуризм баргузор мешавад.
Вобаста ба масъалаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон ҳамчун мавзӯи рӯзмарра дар доираи созмон, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тасмими баргузории ҷаласаи сатҳи баланди ҳамоиши “Қалби Осиё - Раванди Истанбул” изҳори андеша карда, аз кишварҳои иштирокдори нишасти имрӯза ҷиҳати ширкати фаъол дар кори он даъват ба амал оварданд.
Президенти мамлакат барои дастёбӣ ба ҳадафҳои созмон, ки дар санади стратегии “Диди ЭКО – 2025” инъикос ёфтаанд, омодагии Тоҷикистонро изҳор доштанд.
Дар фарҷоми суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раёсати сермаҳсули Ҷумҳурии Исломии Покистон дар саммити ЭКО-ро зикр карда, ба Ҷумҳурии Туркия дар фаъолияташ ба ҳайси раиси саммити чордаҳуми созмон барори кор орзу намуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.03.2021    №: 48    Мутолиа карданд: 1073
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед