фарҳанг
МАЙДОНДОР
Модарони тоҷик на танҳо мардони шуҷоъ ба арсаи ҳастӣ овардаанд, балки худ низ борҳо муқобили душман ва бедодгариҳои замонашон размидаанд. Ин нишон аз далериву устувории онҳост. Саида, иштирокчии бузургтарин ҳаракати мардумии охири садаи XIX - шӯриши Восеъ, аз зумраи ҳамин занҳо мебошад.
Мутаассифона, дар бораи Саида ва қаҳрамониву мардонагие, ки ӯ дар ин набард нишон додааст, ҳеҷ кас ва қариб, ки чизе намедонад.
Бори аввал бобати Саида баҳори соли 1939 экспедитсияи археологии бахши тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ҷониби Кӯлоб сафар карда буд, аниқтараш яке аз узви экспедитсия Тихон Гритсенко, иттилоъ пайдо намудааст. Экспедитсия баъди аз Кофарниҳон (ҳоло шаҳри Ваҳдат) гузаштан, зери борони сахт монда, тар мешавад. Онҳо ба деҳаи Лақайбегӣ расида, дар корвонсарои майдаю тираи он ҷо мегиранд. Деҳқонон онҳоро хуб пазироӣ карда, дар бораи Восеи қаҳрамон қиссаҳои ҷолиб мекунанд.
Тихон Гритсенко баъди шунидани ин ҳикояҳои ҷолиб, нақшаи ҷустуҷӯҳои бостоншиносиашро дигар карда, ба Балҷувон меояд. Бо бисёр одамон, аз ҷумла дар маҳаллаи Сурхакон, бо иштирокчии шӯриш бобои Қурбони 110 - сола, дар маҳаллаи Саримазор бо холаи Фотимаи синнаш аз 100 боло ҳамсуҳбат шуд. Хотираҳои ҷолиби онҳоро ёддошт намуд. Ҳангоми суҳбат холаи Фотима 3 нафар зану духтари ҷасурро ситоиш карда, мегӯяд: «Ҳар сеи онҳо иштирокчии фаъоли шӯриш буданд. Номи ду нафарашонро дар хотир надорам. Аммо Саидаро то ҳанӯз фаромӯш накардаам. Магар метавон ӯро фаромуш кард? Зан не, мард буд. Восеи паҳлавон ҷасорати ӯро ситоиш кардааст. Ӯ барои шӯришгарон ғизо низ ҷамъ меовард. Барои онҳо нону хӯрок мепухт. Дар ин кор ду зани дигар ба ӯ ёрӣ мерасонд».
Бо дастаи Бек задухӯрди сахт рух медиҳад. Махсусан, даҳшати рӯзи дуюми он мардумро сахт тарсонда буд. Саида дар ин задухӯрди мудҳиш бо падараш шуҷоату далерӣ зоҳир кард. Ӯ дар тан либоси мардона дошт ва шинохтани ин зани ҷасур осон набуд.
Шӯриш пахш мегардад. Ба Балҷувон чил нафар аз шӯришгарони асирафтодаро меоранд. Миёни мардум Саидаи далеру паричеҳраро ба дор меовезанд. Баъдтар дармеёбанд, ки яке аз шӯришгарон зан аст. Доду фарёди мардум бармехезад. Ин ғазаби Бек ва сарбозони ӯро меафзояд ва онҳо ҷисми беҷону овезони Саидаро аз дами теғ мегузаронанд.
Бале, онҳо Саидаро мекушанд, аммо далериву шуҷоати зани тоҷ икро аз ӯ гирифта наметавонанд. Имрӯз низ занони тоҷик майдондоранд. Аммо ин майдон дигар майдони ҷанг нест, балки майдони бозиҳои олимпӣ ва майдони илм аст. Зани тоҷик дар он мардонавор гом мениҳад ва парчами ватанашро боло мебардорад.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.03.2021 №: 48 Мутолиа карданд: 655