logo

фарҳанг

ДИЛИ САРШОРИ МЕҲР

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
Чун ҳамеша  пас аз анҷоми кор роҳ сӯи хона пеш мегирифтаму  баробари дарро кушодан, рӯи ҳавлӣ модарам бо оғӯши кушода ва табассуми пурмеҳр ба пешвозам мебаромад. Ман ҳам ташнаи дидораш, ҳамоно худро мисли айёми кӯдакӣ ба бағалаш меандохтаму  намехостам, ки раҳояш бикунам. Модарам сару рӯямро мебӯсиду  навозиш мекард ва: «Ҷони оча, Худоро шукр, ки омадӣ, чаро дер - дер меоӣ», - гӯён маломатам мекард. Пас аз ҳолпурсӣ дар канори ҳамдигар аз ҳар боб ҳарф мезад. Модари деҳотиву хоксорам аз тарзи зиндагию аҳволи ҳамсоягон ончунон сухан мекард, ки ба пиндорам, аз ҳама чизи дунё онҳоро бештар дӯст медошт. Ҳамин хел ҳам ҳаст, зеро мардуми русто диду меҳру муҳаббати хосса доранд. Мехост, аз вазъи зиндагии  ҳамдеҳагон ман низ бохабар бошам. Суҳбатҳои ширину нотакрораш маро ба домонаш мекашид. Сар рӯи зонуи модар мемондам ва ӯ бо дастони сеҳрнокаш мӯйҳоямро  шона мезад. Ин лаҳза худро хушбахттарин шахси дунё меҳисобидам. Чун меҳри беҳамтову қалби саршор аз муҳаббати модар  мисли хуршед вуҷудамро гармӣ мебахшид. Насиҳату сарзанишам мекарду гоҳ маслиҳату дуоям медод. Ҳанӯз ҳам барояш ҳамон кӯдаке будам, ки ҳеҷ намехост ҳангоми бозӣ биафтам ва ё садои гиряамро бишнавад. Ба гумонам, ин бор модарам зиёдтар ёдам карда буд, ки беист навозишам менамуду зуд - зуд аз пешонаам мебӯсид. Зери навозишҳои модар хобам бурд, он чунон хобе, ки ҳаргиз чунин  оромишро эҳсос накарда будам. Чанд лаҳза пас дарк сохтам, ки садои модарам то рафт ба гӯшам пасттар мерасад, «оча» гуфта, хостам суҳбаташро идома диҳад, вале дигар садояшро нашунида, чашмамро боз намудаму худро болои бистаре тани танҳо дарёфтам. Дареғо, ки ин ҳама рӯъё будааст. Бисёр мехостам, чашмонамро пӯшаму тамоми умрамро бо ин гуна хоб гузаронам, вале намедонам аз чӣ бошад, ки дигар хобам набурд. Беқарор шудаму ба худ гуфтам: "Эй кош, ин ҳама дар бедорӣ мебуд. Кош бори дигар ба дидораш муяссар мешудаму ӯро аз худ розӣ мегардондам. Ба қадраш бештар мерасидаму гиромиаш  медоштам…"
Воқеан, модар бузургу беҳамтост. Муҳаббати покаш ба мисоли чашмаҳо ва дарёи пурҷӯшу хурӯшу бекарон аст. Зеботарину гуворотарин ва азизтарин сухан каломи Модар аст. Модар синну сол надорад, хоҳ садсола асту хоҳ 20 – сола, бузургу беҳамтост. Касоне, ки худ аллакай модар ё падар шудаанд ва ё ба пиронсолӣ расидаанд, боз ҳам ба меҳру насиҳатҳои модар ниёз доранд. Зери ин панҷ ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву солориву хоксорӣ, ишқу садоқат ва дилбастагиву дилдодагӣ  нуҳуфтаанд. Модар! Вақте ин калимаро ба забон мегирем, пеши назар шахсияте намудор мегардад, ки аз чашмонаш нур меборад ва ин нур ба мо роҳи ояндаро равшан мегардонад. Аз сари шаб то саҳар сари гаҳвора нишаста бо аллаҳои рӯҳнавозу ҷонбахши хеш барои ҳамешагӣ ба фарзанд орому осудагӣ мебахшад. Вожаи «Модар» дар тамоми забонҳои олам бо оҳанги мутантан садо медиҳад.
Мехоҳем ҳама ҷо сухан аз модар бошад.  Навозишҳову дӯстдориҳояшро ҳар лаҳза ёд мекунему чеҳраашро дар ҳар куҷо аз ҳар модар меҷӯем. 
Ҳар куҷое модаре бинам агар, 
Хоки пояшро кунам болои сар.
Ҳаст дар ҳар модари бечорае 
Як нишоне аз сафои модарам.
Баробари дидани модаре хоҳ ӯ ҷавон аст, хоҳ пир, хоҳ дар ҳаёт аст, хоҳ не, ба ёдамон модари худамон мерасад. Ҳар касе, ки модар дорад, бо худ меболад ва шахсе, ки ин неъмати бебаҳоро аз даст додааст, беихтиёр ба ёдаш мегиряд. Қалбамон ба ёди модар метапад.
 
Гулнисои САЪДОНШО, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.03.2021    №: 48    Мутолиа карданд: 530
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед