logo

иҷтимоиёт

МАТБУОТ ВА ҶОМЕАИ МУОСИР

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» 3 март, дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик, таҳти унвони «Матбуот ва ҷомеаи муосир» бо иштироки Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Хуршед Зиёӣ, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зинатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Мурод Муродӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мизи гирд доир кард.
 
«Ҷумҳурият»: Аз ҳузури мубораки шумо шод ва миннатпазирем. Воқеан, хидматҳои шумо дар рушди матбуоти кишвар назаррас ва боиси ифтихор мебошанд.
Имрӯз дар тамоми манотиқи ҷаҳон нақши матбуоту дигар воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир бузург аст ва он ба ташаккули афкори ҷомеа таъсир расондааст ва мерасонад.
Муҳаққиқони соҳа ва абармардони ҷаҳони сиёсат барҳақ бар ин назаранд, ки замон замони таҳаввулот аст ва самтҳои рушди ҷомеа дар ҳоли тағйирёбӣ мебошанд.
Бар замми ин, бадалшавии идеологияҳо ва сиёсатҳои давлатҳои абарқудрат, бешак, на танҳо аҳамияти хос пайдо мекунанд, балки аз ҳар кадоми мо, ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зиракии сиёсиро талаб мекунад. Дар ин маврид, ҳамчунон, воситаҳои ахбори омма ба маънои мусбаташ, албатта, бояд ба афкори ҷомеа барои шинохти дурусти масъалаҳои глобалӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда таъсиргузор бошанд. Ба ҷуз ин, воситаҳои ахбори омма на танҳо ҳамқадами замон бояд бошанд, балки дар ин ҷода пештар гом бизананд ва ояндаро дуруст дида ва ҳам пешгӯӣ карда битавонанд.
Алҳол риштаи суханро барои суҳбат дар ин мавзӯъ ба Абдуҷаббор Раҳмонзода медиҳем. Марҳамат, устоди гиромӣ!
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА: - Чун дар арафаи иди касбии рӯзноманигорон қарор дорем, қабл аз оғози суҳбат, мехоҳам шумо ва дар симои шумо тамоми рӯзноманигорони кишварро бо иди касбӣ таҳният бигӯям. Ба шумо, рӯзноманигорони кишвар, барори кор, муваффақият орзу мекунам. 
Боиси ифтихор аст, ки имсол мо Ҷашни фархундаи 30- солагии Истиқлолияти давлатии кишварамонро  таҷлил менамоем. Ба андешаи Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Истиқлолият ва озодӣ неъмати бузургтарин мебошад, ки насиби мардуми  тоҷик гардидааст». Хушбахтона, аз соли 1991 бо кӯшиш, талош ва заҳматҳои шоистаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистем ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардем. Ва  истиқлолиятеро, ки насибамон шуд, шарафмандона ҳифз кардем, барои бунёди давлати миллӣ, ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ тамоми неруи худро сарф  ва Тоҷикистонро ба оламиён сазовор муаррифӣ намудем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми навбатиашон оид ба бисёр масъалаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ,  сиёсиву фарҳангӣ изҳори назар карда, муҳимтарин дастовардҳои Тоҷикистонро давра ба давра ёдрас шуданд. Ба намояндагони ВАО муроҷиат намуданд, ки он арзишҳои фарҳангие, ки мардуми тоҷик то имрӯз ба даст овардааст, ҳамаҷониба тарғиб намоянд. Боиси хушнудист, ки ҳоло дар кишварамон рӯзномаву маҷаллаҳои зиёде  фаъолият доранд. Дар ин самт шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол гардидаанд, ки онҳо на танҳо аз дастоварду пешрафт, балки аз нуқсу камбудиҳои ҷомеа  менависанду мегӯянд, ки ин, албатта, ба манфиати кор аст. Дар миёни рӯзномаҳои кишвар «Ҷумҳурият» нақши созгор дорад. Дар ин самт аз шабакаҳои радиоиву телевизионии ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ  низ метавон ёдрас шуд. Журналистон муваффақияту дастовардҳое, ки дар маҳалҳо ба чашм мерасанд, инъикос менамоянд, камбудиҳои ҷомеаро интиқод мекунанд. Яъне, журналистони мо аз воқеият мегӯянд ва ҳақиқатро инъикос менамоянд. 
Ҳоло рӯзномаву маҷаллаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа боз намудаанд. Чунончи, «Ҷумҳурият» низ саҳифаи фейсбукии худашро дорад, ки ин имкон медиҳад, рӯйдодҳои муҳими сиёсиву иҷтимоии кишварро сари вақт, ба таври васеъ ва воқеъбинона инъикос намояд.

«Ҷумҳурият»: - Ҷаҳони муосир ба як ҷомеаи бузурги иттилоотӣ мубаддал гардидааст. Маҳз бо ҳамин сабаб, мо бояд имрӯз ба иттилоъ ва тарзи пешниҳоди он таваҷҷуҳи хосса дошта бошем.
Хуршед ЗИЁӢ: - Вобаста ба ин таъкид бояд намуд, ки иттилоъ силоҳ барои ду ниҳоди асосӣ аст. Якум, барои хабарнигорон ва дуюм, барои онҳое, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ машғули ҷанги иттилоотӣ ҳастанд.
Хабарнигор одатан ба ҷомеа хабареро, хоҳ манфӣ бошад ва хоҳ мусбат, оид ба рӯйдоде мерасонад. Дар зимн, ӯ рӯйдоди манфиро расонда, онро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳад, ҷанбаҳои манфиашро барои ҷомеа мекушояд ва чи бояд кард, ки он бартараф шавад, гуфта, масъалагузорӣ менамояд ва роҳҳои пешгирӣ аз таъсири манфии он ба ҷомеа ва мардумро нишон медиҳад. Агар рӯйдод мусбат бошад, моҳияти онро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, натиҷаҳои мусбати он ва роҳҳои рушди минбаъдаи ин рӯйдодро барои манфиати ҷомеа мекушояд. Ҳамаи ин амалҳоро хабарнигорон бо риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва одоби касбии худ ба анҷом мерасонанд.
Барои онҳое, ки машғул ба ҷангҳои иттилоотӣ ҳастанд, иттилоот ҳамчун восита барои расидан ба мақсадҳои дигар хизмат мекунад. Дар ҷангҳои иттилоотӣ аз тамоми воситаҳо истифода шуда, ба ягон меъёри ҳуқуқию ахлоқӣ таваҷҷуҳ зоҳир намегардад. Барои ҷангҳои иттилоотӣ чунин воситаҳо муҳиманд: 
1) инкори ҳар гуна иттилои мусбат, худдорӣ аз расондани иттилооте, ки барои мардум муфид аст;
2) тамаркуз додани таваҷҷуҳи шаҳрвандон ба ҳодисаҳои камаҳамият; 
3) ҳарчи бештар додани иттилооти манфӣ, зеро одамон ба он нисбат ба иттилооти мусбат бештар таваҷҷуҳ доранд; 
4) такя ба таҳқиқоти сотсиологию маркетингие, ки нодуруст ё ба таври ғаразнок гузаронда шудаанд;  
5) танқиди бардурӯғу беасоси амалҳои мансабдорон ва ниҳодҳои давлатӣ ва ғайра. 
Дар умум, ҷангҳои иттилоотӣ хусусияти муқобилияти стратегии иттилоотӣ дошта, ҳадафи асосии худ объектҳоеро чун роҳбарияти сиёсӣ ва ҳарбӣ, низомҳои таъмини соҳаҳои ҳаётии муҳимтарин, инфрасохтор, аҳолӣ ва ғайра қарор медиҳанд. Зимни ҷангҳои иттилоотӣ таъсиррасонӣ ба вазъи ахлоқию равонии ин объектҳо ба роҳ монда мешавад.
 
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА: - Чанд соли охир  шабакаҳои иҷтимоӣ, иттилоотӣ хеле фаъол гардидаанд. Ин тақозои замон аст ва мо низ дар ин самт корҳои хуб ва созанда оғоз намудем. Бисёр зиёиёну рӯзноманигорони фаъоли мо чун блогерони алоҳида дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои худро доранд, ки дар баробари дастовардҳо аз камбудиҳои ҷомеаи имрӯза ошкоро мегӯянд. Онҳо масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бисёре аз суханрониҳояшон мафҳуми «зиракии сиёсӣ»-ро истифода мебаранд. Ҳамеша таъкид мекунанд, ки аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонону наврасон, бояд, ки зиракии сиёсӣ дошта бошанд. Воқеаҳои солҳои охир, аз ҷумла хуруҷи бемории COVID -19, ки ба  Тоҷикистон низ таъсир  расонд, дар ВАО як навъ  ҷанги иттилоотиро ба вуҷуд овард. Хусусан, ғарбиён ба Тоҷикистон санги маломат мезаданд. Мегуфтанд, ки Тоҷикистон  барои пешгирии беморӣ омодагӣ нагирифт, бештар ба чорабиниҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳ намуд. Дар ҳоле, ки аз рӯзҳои нахустини пайдоиши беморӣ Пешвои миллатамон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафарҳои кориашон ба ноҳияҳо бо мардум оид ба беморӣ ва пайомади бади он суҳбат мекарданд. Аз шаҳрвандон даъват менамуданд, то қоидаҳои беҳдоштро риоя намоянд. Бо роҳбарии Пешвои миллат барои пешгирии COVID-19 ситоди ҷумҳуриявӣ  таъсис ёфт ва барои ҳалли мушкил  тадбирҳои судманд андешида шуданд. Ба ин хотир, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» тағйирот ворид карда шуд. Барои хариди маводи дору ва дигар корҳои беҳдоштӣ аз ҳисоби буҷет маблағи зиёд ҷудо гардид. Аммо, мутаассифона, боз ҳам мебинем, ки,  хусусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ, нисбат ба Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат назари манфӣ доранд. Вале  зиёиёни миллат, рӯзноманигорон, он тавре ки зарур аст, дар ин ҳолатҳо  фаъол нестанд. 
Солҳои охир тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам шабакаҳои телевизионии бурунмарзӣ зидди  Тоҷикистон барномаҳои гуногун омодаву пахш мешаванд. Албатта, онҳо манбаи маблағгузорӣ доранд ва барои ин маблағҳои ҳангуфт ҷудо мегардад, аммо журналистони мо дар ҷавоб хомӯшанд. Вақти он расидааст, ки ҳамаи расонаҳои кишвар дар ин ҳолат муттаҳид бошанд. Танҳо дар ин сурат метавон зидди чунин ҷангҳои иттилоотӣ мубориза бурд. Дар ин ҳолат бояд, ки аз номи худ ҷавоб гӯем, то рақибонамон нагӯянд, ки ин ҳамаро «фермаи ҷавоб» омода сохтааст. 
Заҳматҳоеро, ки Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири зиндагии босаодати мардум ва ояндаи дурахшони мамлакат намуданд, нодида гирифтан аз рӯи инсоф нест. Корҳои созандае, ки дар ҷумҳурӣ анҷом ёфтанд, ҳадафҳои стратегие, ки амалӣ гардиданд, аз ҷониби журналистон бояд воқеъбинона инъикос шаванд.  
Ҳукумати кишвар инкор накардааст, ки дар ҷомеа камбудӣ нест. Мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ зиёданд. Норасоии ҷойҳои кориро Пешвои миллат дар паёмҳои ҳарсолаашон таъкид месозанд ва барои ҳалли мушкил пайваста дастуру супориш медиҳанд. Ҳамаи ин дар доираи стратегияи миллии рушд, ки Ҳукумати кишвар барои то соли 2030 қабул намудааст, давра ба давра бартараф хоҳад гашт. 
Чанд рӯз пеш, яке аз шахсиятҳои сиёсии кишвари хориҷӣ гуфт, ки  Тоҷикистон ба сифати як вилоят бояд, ки ба давлати дигаре тобеъ бошад. Албатта, мо  мухолифи ин андешаем ва дар ин ҳолат бояд, ки ҳатман ҷавоби дуруст бигӯем. Нагузорем, ки Конститутсия, шаъну шарафи Тоҷикистон ва Пешвои миллатамонро паст зананд.
Тоҷикистон мамлакати озод, ҳуқуқбунёду мустақил аст. 
«Ҷумҳурият»: - Чуноне ки маълум аст, ҷангҳои иттилоотӣ дар ҷаҳони муосир тавассути роҳандозии маҷмӯи тадбирҳо ва истифода аз усулу воситаҳои гуногун сурат мегиранд. Маъмулан, ин усулу воситаҳо кадомҳоянд?
 
Хуршед ЗИЁӢ: - Яке аз тадбирҳои асосии чунин ҷангҳо ташкили муҳит ва фазои холӣ аз маънавиёт ва ахлоқ мебошад, ки ба таври автоматӣ ба ташаккули муҳиту фазои мусоид барои барангехтани низоъҳои мухталиф оварда, нуфузи ҳокимияти давлатиро коҳиш медиҳад. Дар чунин муҳит идоракунии манипулятивии афкори ҷамъиятӣ ва самтгириҳои сиёсии гурӯҳҳои иҷтимоӣ бо мақсади бунёди вазъи муташанниҷи сиёсӣ ва бенизомӣ сурат мегирад. 
Тадбирҳои дигаре, ки ба ҷангҳои иттилоотӣ хосанд, инҳо аз тезутунд намудани муборизаҳои сиёсӣ ва дар ниҳояти кор ба ташкили ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷомеа нигаронда мешаванд. Барои сар задани низоъҳои иҷтимоӣ,  сиёсӣ,  задухӯрдҳои байни миллатҳо ва пайравони динҳои гуногун низ ташкилкунандагони ҷангҳои иттилоотӣ хеле манфиатдоранд.
Дар раванди ҷангҳои иттилоотӣ кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки таъминоти иттилоотии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ ҳар чӣ бештар коҳиш дода шуда, ба ин васила қабули қарорҳои муҳим аз ҷониби онҳо душвор гардад. Ба замми ин, ба аҳолӣ иттилооти бардурӯғ нисбат ба мақомоти давлатӣ пешкаш гардида, нуфузи онҳо дар назди шаҳрвандон паст ва обрӯи онҳо доғдор карда мешавад.
Барои расидан ба ҳадафҳои худ ташкилкунандагони ҷангҳои иттилоотӣ ва баргузор намудани ҳар гуна аксияҳои мухолифат, корпартоӣ, бетартибиҳои оммавӣ ва тадбирҳои дигари амсоли он иқдом менамоянд. Дар баробари ин, тамоми қувва ба он равона карда мешавад, ки ба манфиатҳои давлат дар муҳимтарин соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, мудофиавӣ, иҷтимоӣ ва ғайра ҳарчи бештар хисорот ворид намоянд.  
Дар маҷмӯъ, ҷангҳои иттилоотӣ ба вайрон сохтани арзишҳои дар ҷомеаи мушаххас қабулшуда, идоракунии манипулятивии шуури ҷамъиятӣ, фардӣ, таҳмил намудани ҳадафҳои бегона нигаронда шудаанд.
 
«Ҷумҳурият»: - Имрӯз, дар шароите, ки тамоми кишварҳои олам бо оқибатҳои пандемияи коронавируси COVID - 19 ва буҳрони иқтисодӣ муборизаи беамон мебаранд, ин мубориза боз ҳам шадидтар гардидааст. Дар ин ҳолат мо бояд барои нигоҳ доштани оромии ҷомеа кадом тадбирҳоро амалӣ созем?
 
Хуршед ЗИЁӢ: - Бо моҳият ва тафовути хабарнигорӣ аз ҷанги иттилоотӣ дар асоси назарияҳои мутахассисони соҳа ошноӣ пайдо карда, мо бояд ба якчанд нуктаи асосӣ таваҷҷуҳ намоем:
1. Ахборро аз манбаъҳои муътамаду расмӣ бигирем, то туъмаи хабарҳои бардурӯғу беасоси ташкилкунандагони ҷангҳои иттилоотӣ нашавем. Вобаста ба ин, бояд мунтазам рӯйхати расонаҳо ва ташкилоте, ки ба ҷанги иттилоотӣ машғуланд, дар даст дошта бошем.  
2. Имрӯз шабакаҳои интернетӣ ба манбаи асосии иттилоъ мубаддал шудаанд, вале, мутаассифона, дар ин шабакаҳо ахбори нодуруст, бардурӯғ, ё худ «фейк» мавқеи муҳим пайдо кардаанд, ки метавонанд хеле зараровар бошанд. Мо бояд дар чунин шабакаҳо фаъол гардида, ахбори санҷидашуда ва бардурӯғро фарқ бикунем ва ба аҳли ҷомеа иттилои дурустро бирасонем.
3. Имрӯз, мутаассифона, тарафдорони ҳаракатҳои экстремистию террористӣ аз ҷумлаи намояндагони миллати тоҷик, ки аз тарафи хоҷагони хориҷиашон барои бурдани ҷанги иттилоотӣ маблағгузорӣ  мешаванд,  хеле фаъол гардида, ахбори бардурӯғи онҳо васеъ интишор меёбанд. Мо бояд дарк кунем, ки ин ифротгароён ҳадаф доранд, ки аз дур истода, низоми ҷомеаи моро номуътадил  созанд.  Ҳадафи  онҳо  аз  ин ҷанги  иттилоотӣ яктост – ба даст овардани маблағ бо туҳмату буҳтон дар ҳаққи миллат, давлат ва сарварони он. Вале мо боварии комил дорем, ки тири онҳо ҳатман хок хоҳад хӯрд. 
4. Ба  эътибор бояд гирифт, ки имрӯз дар  ҷумҳурии  мо фаъолияти баъзе аз расонаҳои хориҷӣ васеътар шудааст, ки онҳо низ аз хабарнигорӣ фарсахҳо дур рафта, ба ҷанги иттилоотӣ машғуланд ва ҳадафашон муташанниҷ сохтани вазъ дар кишвари мост. Хабарҳои чунин расонаҳоро мо бояд бо мизони ақл санҷида, ба аҳли ҷомеа иттилои дурустро пешниҳод созем.
5. Омода намудани мутахассисон оид ба амнияти иттилоотӣ. Имрӯз чунин мутахассисон ҳастанд, вале самти фаъолияти онҳо танҳо ҷанбаҳои техникиро фаро мегирад. Мутахассисон оид ба амнияти иттилоотӣ бояд аз байни файласуфон, сиёсатшиносон ва рӯзноманигорон омода карда шаванд. 
 
«Ҷумҳурият»: - Албатта, вазифаи мо аст, ки ба ин масъалаҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир бинамоем ва ин пешниҳоди муфидро амалӣ бигардонем. 
Ин нукта ниёз ба исбот надорад, ки дар давраи комилан нав тарзу усули кори воситаҳои ахбори омма тағйир ёфт. Махсусан, имрӯз, дар замоне, ки ҷаҳон бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, ин силоҳи маърифативу идеологиро ҳам ба маънии мусбаташ ва ҳам ба маънии манфиаш гурӯҳҳову ҳаракатҳои муайян ба манфиати худ истифода мебаранд. Имрӯз воситаҳои ахбори муғризона тариқи шабакаҳои интернетӣ ба ҳар хонадон имкони ворид шудан доранд ва ба  рӯҳияву андешаҳои мардум таъсиргузорӣ мекунанд. Вазифаи мо аст, ки ба ин навиштаҳо, тарғибҳои муғризона сари вақт посухҳои дурусту саҳеҳ ва ошкоркунандаро бидиҳем. Яъне, фаъолият дар соҳа беҳтар бояд гардад ва барои самараи неки он дурномае дошта бошему дар амал татбиқаш созем.
Бисёр мехостам, ки дар ин хусус Зинатуллоҳ Исмоилзода ибрози андеша намоянд.
 
Зинатуллоҳ ИСМОИЛЗОДА: - Дарвоқеъ, вақте сухан дар мавриди матбуот дар замони соҳибистиқлолӣ меравад, мо аз он дастовардҳои беназире, ки дар тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатӣ ноил шудем, бояд ёдрас шавем. Зеро ин ҳама бо дастгириву талошҳои роҳбарияти олии мамлакат ба мо насиб гардидааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми комили воситаҳои ахбори омма амал мекунад. Агар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамагӣ як шабакаи телевизионӣ ва як шабакаи радиоӣ фаъол буд, имрӯз даҳҳо, садҳо шабакаи ҳам ҳукуматӣ ва ҳам мустақил амал мекунанд, ки дар такмили фазои иттилоотии кишвар саҳми худро мегузоранд. Ва ҳамон таъкиди бамавриди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки: «Ҳадафи асосии матбуотии ҳукуматӣ ва мустақил ин чун ду шохаи ба ҳам пайванди матбуоти  Тоҷикистон  иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад». Ва ин рисолатро имрӯз воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, аз ҷумла матбуоти кишвар пеш мебаранд. Ва маълум аст, ки дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ, пеш аз ҳама, масъалаи асосӣ - рақобатпазир будан дар баробари дигар воситаҳое, ки имрӯз дар дунё ҳастанд, масъалаи рақами аввал мебошад. Зеро имрӯз мову шумо неку дарк месозем, ки интернет ҳамчун дастоварди инсоният як хазинаи бузурги иттилоот мебошад. Дар ин хазинаи бузург имрӯз бештар аз 5 миллион террабайт иттилоъ маҳфуз аст. Ва ҳамарӯза мардум аз як почтаи электронӣ ба почтаи дигари электронӣ беш аз 247 миллиард паём мефиристанд. Дар баробари ин, дар Фейсбук 2,4 миллиард одам сокин гардидааст. Ва, агар Фейсбукро мо ҳамчун як давлат ҳисоб кунем, аз нигоҳи аҳолӣ метавонад сеюмин кишвари бузургтарини дунё бошад. Ва он, ки дар ин хазинаи бузург чӣ иттилоот пешгом мешавад, пеш аз ҳама, аз он вобастааст, ки мо то кадом андоза ин хазинаи иттилоотро бо иттилооте, ки баёнгари воқеияти кишварамон аст, пурра месозем. Чунки агар холигоҳ ба вуҷуд ояд, он холигоҳ бо матлабе, бо маводе пур карда мешавад, ки он хос ба як нафар аст ё хос ба манфиати як гурӯҳ мебошад ё аксаран ба манфиатҳои миллӣ созгор нест. Аз ин хотир, ҳам Муассисаи давлатии «Академияи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон» ва ҳам Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба нақши матбуоти маҳаллӣ ва беҳтар намудани он аҳамият медиҳанд. Мо дар соли 2021, аллакай ҳам дар вилояти Суғд ва ҳам дар вилояти Хатлон бо ҳамаи сармуҳаррирони нашрияҳо вохӯриҳо доир намудем. Пеш аз ҳама, имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои онҳо фаъол гардиданд. Иттифоқи журналистони Тоҷикистон як ҷоизаи махсусро бо номи «Нашрияи муваффақи маҳаллӣ» таъсис додааст, ба мақсади рӯҳбаланд намудани нашрияҳои маҳаллӣ аз рӯйи се меъёр:  сифати  муҳтавои  публитсистӣ, ороиш ва дизайн ва фаъолияти назаррас дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетиашон. 

«Ҷумҳурият»: - Мақсад, албатта, маълум аст, масъала низ. Яъне, фаъолият густардатар бояд бошаду муаррифгар. 
Зинатуллоҳ ИСМОИЛЗОДА: - Оре, масъалаи асосӣ он мебошад, ки мо ба ин васила хазинаи пурғановати иттилоотиро бо он дастовардҳои бузурге, ки давоми 30 соли истиқлолият ба даст овардаем, тариқи воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба самъи ҷаҳониён расонем, зеро онҳо аз дастовардҳои мо огоҳ нестанд. Ҳамагон медонанд, ки беш аз 60 дарсади фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук, ҷавонон мебошанд. Ҳамчунин, имрӯз мо мебинем, ки барои пур кардани ин хазина дар баробари дигар дар шабакаи иҷтимоии Ютуб низ каналҳо таъсис ёфтаанд. «Ҷумҳурият» дар баробари маводи чопӣ маводи аудиовизуалӣ пешниҳод мекунад, ки дар он гузоришу мусоҳибаҳо низ гузошта мешаванд. Ин ба он хотир аст, ки ҳар чӣ мо зиёдтар дар хазинаи шабакаҳои иҷтимоӣ маводи мусбат зиёдтар дошта бошем, ҳамон қадар ба хориҷиён Ватани азизамонро хубтар муаррифӣ карда метавонем. Ин чандон кори осон нест, чун дар баробари навиштан он бояд сифати хуб дошта ва хонандаву бинандаи худро пайдо созад. Барои ин замина ва мутахассисони таҷрибадори соҳавӣ заруранд.

«Ҷумҳурият»: - Албатта, дар ин бобат тадбирҳо андешида шудаанд?
Зинатуллоҳ ИСМОИЛЗОДА: - Бале, дар ин замина мо омодаем дар ҳамкорӣ бо Маркази тадқиқоти стратегӣ, Академияи миллии илмҳо ва дигар сохторҳои масъули идеологӣ як шабакаи коршиносон бо назарҳои мухталиф таъсис диҳем. То тавонем ҳадафҳои стратегии кишварро ҳарчи хубтару назаррастар ба самъи хонандаву бинанда расонем. Дар ин ҳолат таъсиргузории он бештар мегардад. Мо ҳамеша тренингу машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронда, муҳимияти ин ҳадафҳоро мерасонем. 
Набояд фаромӯш сохт, ки талаботи аудитория дигар шудааст, чун мардуми мо имрӯз тавассути моҳвора ба даҳҳо ва садҳо шабакаҳо дастрасӣ доранд. Суоле ба миён меояд, ки мо дар баробари онҳо чӣ гуна мавод бароварда метавонем, то аудиторияи худро дошта бошем ва доираи хонандаву тамошобини худро васеътар созем. Дар мавриди сифати барнома, дар мавриди пешниҳоди матолиб, инъикоси дастовардҳои давлату Ҳукумат ва ҳадафҳои стратегии кишвар, назири баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва, ҳамзамон, ҳадафи чорум - саноатикунонии босуръати кишвар ба сифат такя намоем. Барои ин зарур аст, ки  бештар маводи ҷолибу муҳими бо назари мусбат эҷод намуда, ҳамаи ин холигоҳро пур созем. То ин ки ҷойи холӣ барои беруниҳо намонад.  
 
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА: - Баъзе аз вилоятҳо шабакаҳои телевизионии худро пурра аз таъмир баровардаанд. Масалан, телевизиони вилояти Суғд дар баробари таъмири бино, шабакаашро бо технологияи замонавӣ таъмин кард. Матбуотчиён барои пешбурди кор ва беҳсозии сатҳу сифати рӯзномаҳояшон манбаъҳои гуногуни маблағгузории иловагӣ пайдо намуданд.
Раиси вилояти Хатлон низ иқдом гирифтааст, ки рӯзҳои  наздик инфрасохтори телевизиони вилоятро тағйир диҳад.
Шабакаи телевизионии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ташаббуси Пешвои миллат пурра навсозӣ ва бо технологияи нав таъмин шуд.
Рушди матбуоти маҳаллӣ, пеш аз ҳама, ба сармуҳаррир ва рӯзноманигор вобастагии зиёд дорад. Агар онҳо фаъол бошанд, воқеанигор бошанду ташкилотчӣ, рӯзнома, албатта, рушд мекунад. Дар баробари ин, вақти он расида, ки рӯзномаҳои маҳаллӣ сомонаи худро дошта бошанд. Аз он, ки аксари ҷавонони мо саргарми шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд, матлабҳояшонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашр намоянд. Ин тақозои замон аст ва мо бояд ҳамқадами замон бошем.
Ба ин мақсад, ҳоло дар  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ихтисосҳои веб - журналистика таъсис ёфтаанд. Ният дорем, ки дар назди факултетҳои журналистикаи дигар донишгоҳҳо низ чунин ихтисос таъсис диҳем.
Мо интиқоди созандаро, ки ба хотири пешрафт аст,  қабул дорем ва барои бартараф намудани мушкил, албатта, чора меандешем. Аммо ҳадафи аслии ҳамаи рӯзноманигорон бояд, ки ҳифзи амнияти давлатӣ, истиқлолият ва манфиатҳои миллӣ, бошад. 
 
«Ҷумҳурият»: - Шумо ин ҷо дар бораи нашрияҳои маҳаллӣ сухан гуфтед. Дуруст аст, ки яке аз масъалаҳои ҳалталаб рӯзномаҳои маҳаллианд. Ва дар мавриди ҷангҳои иттилоотӣ, ки сухан аз он рафт, бояд дар маҳалҳо ҳам мутахассисони варзида дошта бошем. Ва аслан рӯзномаҳои ҷумҳуриявиро аз ҳисоби беҳтарин рӯзноманигорони маҳаллӣ таъмин мекарданд. Мутаассифона, ҳоло чунин нест. Дар ин маврид чӣ бояд кард? Ҳол он ки баъзе мақомоти маҳаллӣ барои нашрияҳояшон маблағи муайян ҷудо намекунанд.
 
Зинатуллоҳ ИСМОИЛЗОДА: - Албатта, дар нашрияҳои маҳаллӣ камбудиҳо зиёданд. Дуруст ва муҳимтараш он аст, ки онҳо набояд инъикосгари хостори раисони маҳали худ бошанд. Балки онҳо бояд тарғибгари дастовардҳо ва интиқодгари камбудиҳои минтақаи хуб бошанд. Барои ин лозим аст, ки роҳҳои иловагии ҷалби хонандаи худро пайдо бикунанд. Имрӯз, ки дар давраи гузариш қарор дорем, бештар сомонаи худро дошта бошанд. Дар ин ҳолат, хонанда, чӣ дар дохил ва ё берун аз он, матлаби зарурии маҳали худро пайдо карда мехонад. Нашрияи ноҳияи Исфара хонандагони худро тавассути сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо кардааст. Аммо дар мисоли ноҳияи Кӯшониён мебинем, ки бо аҳолии беш аз 250 - ҳазорнафара рӯзномаашро дар як моҳ се маротиба бо теъдоди 500 нусха мебарорад. 
Албатта, барои аз ин буҳрон баромадан як барномаи давлатии дастгирии нашрияҳои маҳаллиро бояд, ки таъсис диҳем.
 
«Ҷумҳурият»: - Бешак, матбуот ва ҳам дигар воситаҳои ахбори омма дар кишвари мо аз озодии баён баҳраваранд ва ин ҳақиқатро коршиносони байналмилалӣ низ изҳор доштаанд. Фаъолияти дурусту созанда ва дар сатҳи баланди касбият пешниҳод намудани иттилоъ аз вазифаҳои  асосӣ ва рисолати мо маҳсуб мешавад.
Дар ҳақиқат, тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамоӣ карда буданд, бо баргузории маҳфилу озмунҳо, курсҳои омӯзишӣ ва бо ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба Академияи воситаҳои ахбори омма имрӯз аз ниҳодҳои асосии соҳа шинохтаву эътироф шудааст ва фаъолияти назаррас дорад.
Инак, риштаи суҳбатро ба ихтиёри Мурод Муродӣ мегузорем. Устод на танҳо дар таълиму тарбияи навомӯзони соҳа саҳми назаррас доранд, балки барои донишҷӯён китобҳои муҳиму асосиро таълиф кардаанд. Инчунин, аз муаллифони фаъоли рӯзномаи «Ҷумҳурият» мебошанд ва дар ҳалли  масъалаҳову мушкилоти матбуот саҳм мегиранд.
 
Мурод МУРОДӢ: - Шароити ҷаҳонишавӣ дар раванди омодагии касбии рӯзноманигорони оянда таъсири серҷанба дорад. Дар чунин шароит моро зарур аст, ки  дар раванди омодагии касбии рӯзноманигорони оянда махсусан ба се ҷанбаъ таваҷҷуҳи бештар намоем. Ҷанбаи  аввал бо дарки омилҳои инноватсионӣ, донистан ва истифода кардани техникаву технологияи касбӣ алоқаманд бошад, ҷанбаи дуюм ба ташаккули фикри иҷтимоӣ ва вусъати ҷаҳонбинии муҳассилин иртибот мегирад. Ҷанбаи сеюм, забономӯзӣ – донистани забонҳои хориҷӣ.
Дар асри равон бо инкишофи техника ва технологияи замонавӣ, бавижа рушди босуръати Интернет фаъолияти ВАО вусъат ёфт. Дар қатори воситаҳои ахбори оммаи анъанавӣ – матбуоти даврӣ, радио ва телевизион, дар низоми ВАО журналистикаи мултимедӣ, иттилоотӣ, расонаӣ ва амсоли ин ба вуҷуд омад. 
Имрӯз фаъолияти рӯзноманигориро бидуни Интернет наметавон тасаввур кард. Интернет на танҳо манбаи иттилоот, майдони муоширати одамон, балки ба сифати воситаи пахши ахбори омма низ шинохта мешавад. Аксари рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ дар баробари аз имконоти Интернет истифода бурдан, дар ин шабака сомонаҳои худро ташкил намудаанд. Яъне, рӯзномаву маҷаллаҳо дар баробари ВАО-и чопӣ маҳсуб ёфтан, аз хусусиятҳои расонаҳои электронӣ низ бархӯрдоранд. Ин ҳолат дар фаъолияти рӯзноманигорон маърифати нави касбиро тақозо мекунад. Ин маърифат «фарҳанги техникиву технологии рӯзноманигорӣ» аст, ки бо аз худ кардани технологияи замонавии касбӣ ва таҷрибаи кофии амалӣ шакл мегирад. 
 
«Ҷумҳурият»: - Аз ҷониби дигар, чуноне, ки Шумо дар яке аз нигоштаҳоятон таъкид доштед, дар шароити муосир таъсири воситаҳои фанноварӣ (инноватсионӣ) ба ҷаҳонбинӣ, маърифат, мавқеъгириҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва шаҳрвандии мутахассисони дараҷаҳои гуногун, бахусус рӯзноманигорон, амиқтар мегардад. Корбасти воситаҳои инноватсионӣ тақозо менамояд, ки дар самти омодагии касбии мутахассисони соҳаи журналистика анъанаҳои мавҷуда низ мавриди таҷдиди назар қарор бигиранд. Дар ин самт чӣ  корҳоро бояд анҷом дод?
 
Мурод МУРОДӢ:  - Раванди омодагии касбии рӯзноманигорони оянда мутахассис - омӯзгорони аз ҷиҳати касбият баланд ва дорои иқтидори шахсию эҷодиро талаб менамояд.  Шароити ҷаҳонишавӣ таъйиноти ВАО - ро нисбатан дигар намуда, нақши рӯзноманигоронро дар ташаккули афкори солими иҷтимоӣ муҳимтар гардондааст. Тайёр намудани  журналистони ҷавобгӯ ба талаботи замон кори саҳл нест. Журналисти имрӯз бояд ба тамоми салоҳиятҳои касбие, ки муҳит ва фазои ВАО  -и муосир тақозо мекунад, мувофиқ бошад. Яъне, ӯ дар баробари фарҳанги баланди касбӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва дониши амиқи иҷтимоиву иқтисодӣ доштан, воқеияти замонаро дуруст маърифат карда тавонад, ба предмети инъикос холисона муносибат намояд, дар шароити чандрасонаӣ кор карда тавонад, аз иттилооту маълумоти якхелаи аз сарчашмаҳои гуногун дастрас намудааш бо назардошти талабот ва хусусияти ВАО мавод омода созад ва дар таҳлилу баррасиҳои рӯйдодҳои иҷтимоӣ манфиатҳои миллиро ҳимоя карда тавонад.  
Ҳамчунин, ӯро мебояд масъулияти иҷтимоӣ ва касбии худро дуруст дарк намуда, фаъолияти касбиашро холисона ба роҳ монад.
Ин ва дигар омилҳо дар ташкили ҷараёни таълими рӯзноманигорӣ ва такмили мундариҷаи он вазифаҳои навро ба миён мегузоранд. 

«Ҷумҳурият»: - Аммо, вобаста ба вазъияти мавҷуда суолҳои зиёде, ба мисли: «Оё моҳияти ин вазифаҳо дар мо дуруст дарк шудааст? Оё дар факултет ва шуъбаҳои рӯзноманигории кишварамон заминаҳои техникӣ ва кадрии омода намудани журналистони ҷавобгӯ ба ин шароит вуҷуд доранд?  Оё мундариҷаи стандарт ва нақшаву барномаҳои таълимӣ ба шароити ҷаҳонишавӣ мувофиқат мекунад?» – ба вуҷуд меоянд. Ба ин пурсишҳо чӣ посух метавон дод?
Мурод МУРОДӢ: - Ба ин ва амсоли ин гуна саволҳо, албатта, наметавон посухи ғайриқаноатбахш дод, зеро дар мо заминаҳои техникии омодагии касбӣ кофианд. Аз ҷумла, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ВАО - и чопӣ, маҷаллаҳои илмӣ, сомонаҳои соҳавии худиро дорад, дар муҳити донишгоҳ ва берун аз он иртиботи касбӣ ва такмили ихтисос таъмин гаштааст, барои ташаккули шаклҳои нави муошират ва таълим, истеҳсол ва пахши донишҳо, табодули таҷрибаҳо, алоқаҳои байниихтисосию байнидонишгоҳӣ ва тарҳи нави таҳсилот, аз ҷумла дар низоми тайёр намудани журналистон шароит ва имконоти техникиву зеҳнӣ то андозае фароҳам омадаанд. Ҳамчунин, факултети журналистика студияи таълимӣ ва синфхонаҳои компютерии худро дорад, ки ҷиҳати омодагии касбии журналистон дар шароити ҷаҳонишавӣ мусоидат мекунанд. 
Мавҷудияти чунин фазо ба мо имкон медиҳад, ки ҷараёни таълими рӯзноманигориро бо корбурди шеваҳои дурусти замонавӣ ба роҳ монда, дар ташаккули фаъолияти касбии журналистони оянда ҷиддан ва масъулиятхоҳона кӯшиш намоем, то шогирдонамон ҳамчун мутахассисони хуби забондон аз донишҳои назариву таҷрибаи амалии касбӣ бархӯрдор, худшиносу худогоҳ ва ба ҳалли ҳар гуна вазифаҳои касбӣ сазовор ба воя расанд.
Дар ин замина мо – омӯзгоронро зарур аст, ки, пеш аз ҳама, салоҳияти илмиву эҷодӣ, иҷтимоиву сиёсӣ ва қобилияти техникии худро такмил диҳем, аз ҳолат ва вазъи ВАО, кишвар ва ҷаҳон пайваста воқиф бошем, дар раванди таълими касбӣ аз донишу иттилооти назариву амалӣ моҳирона истифода намоем, шарҳу тавзеҳи мавзӯъҳоро дар иртибот ба хусусиятҳои расонаҳои гуногун ва талаботи замони муосир ба роҳ монем. Дар ин маврид, ҳамчунин, ҷалби коршиносони сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дар раванди омодагии касбии рӯзноманигорони оянда аз аҳамият холӣ нахоҳад буд. 
Ба ин муносибат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки 20  феврали  соли 2019 дар Академияи ВАО барпо гардид, барҳақ таъкид намуданд: «Намояндагони васоити ахбори оммаро зарур аст, ки барои ба мардум ба таври фаврӣ расондани рӯйдоду воқеаҳо фаъол бошанд. Бо истифода аз тамоми шароити моддию техникӣ ва неруи зеҳнӣ бо таҳияи барномаҳои ҳадафрас бинанда, хонанда ва шунавандаи худро аз вазъи ҷаҳон огоҳ созанд».  
 
«Ҷумҳурият»: - Асри XXI асри иттилоот мебошад. Аз ин рӯ, тарбияи мутахассисони соҳа, ки барои пойдории сулҳу ваҳдат, истиқлолияти кишвар, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳимояи манфиатҳои инсонҳои созандаи олам дар оянда ва ба вазъи мураккаби ҷаҳон фаъолияти дурусту густарда дошта бошанд, иҷрои кадом масъулияту рисолати махсусро тақозо дорад.
Мурод МУРОДӢ: - Оре, асри XXI асри иттилоот, асри муборизаҳои иттилоотӣ бо усулҳои наву бесобиқа, асри таъсир ба мафкураҳост. Дар ин шароит танҳо он кишвару миллатҳо аз хатар эмин хоҳанд монд, ки мардумонашон худшиносу худогоҳ ва соҳибмаърифат ҳастанд. Дар ин самт Ҳукумати кишвар тадбирҳои зиёдеро роҳандозӣ намудааст, ки бо теъдоди зиёд аз чоп баровардани китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, баргузор намудани озмунҳои гуногун – «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат»  аз ҷумлаи онҳост. Баргузории чунин озмунҳо ва ҷалби бештари донишҷӯён барои иштирок дар онҳо ба тарбияи касбии мутахассисони оянда таъсири мусбат гузошта метавонад. Моро зарур аст, ки аз ин имконот самаранок истифода барем. 
Ин марҳалаи пуртазод моро водор месозад, ки шогирдонро дар рӯҳияи дарку маърифати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ, тарғиби фарҳанг ва расму оинҳои мардумӣ, ташвиқи андеша ва тафаккури миллӣ тарбия намоем.  
 
«Ҷумҳурият»: - Болотар Абдуҷаббор Раҳмонзода дар бораи нигаронии Пешвои миллат аз сатҳи касбии журналистон, бахусус дар шабакаҳои телевизионӣ ёдовар шуданд, ки, воқеан, аз масъалаҳои ҷиддии соҳа  маҳсуб меёбад. Ба андешаи Шумо, оё вақти он нарасидааст, ки усули омода кардани кадрҳои журналистӣ дар мактабҳои олӣ таҷдиди назар шавад, то мутахассисони мо дар бархӯрди иттилоотӣ ҷавобгӯи талабот бошанд?
Мурод МУРОДӢ: - Албатта, ман салоҳият надорам, ки таҷдиди назар шудан ё нашудани мактабҳои рӯзноманигориро ҳукм кунам, аммо ба ҳар ҳол мавриди омӯзиш қарор додан ба манфиати кор аст. Ман бо тақозои касб қариб, ки дар ҳамаи марказҳое, ки кадрҳои журналистӣ омода месозанд, будам. Мутаассифона, марказҳо ҷавобгӯи талабот нестанд ва, агар бе парда гӯем, замина надоранд. Мо 8 марказ барои омода намудани журналист дорем. Аммо, вақте ки ҳамаи ин марказҳо аз як ҷо нақша, барнома ва китоб мегиранд ва ҳамин чизро, масалан, аз будаш бадтар истифода мекунанд, албатта, ин ба манфиати кор нест. Аммо, дар ин ҳол, гуфтану аз баҳри ҳол гузаштан низ суд намеорад. 
Дар ҳамкорӣ бо Академияи ВАО ва дигар ниҳодҳо нишастҳои якҷоя ташкил кардан лозим аст, то дар он табодули назар шавад. Ман гумон мекунам, ки ҳоло факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз марказҳои, албатта, нисбатан бонуфуз, ки дар муқоиса бо марказҳои дигар, воқеан ҳам, маркази нисбатан бонуфуз аст, ҳайати кадрӣ ва заминаи техникии хеле хуб дорад ва аз ин неру мо бояд, ки истифода барем. Масъалаи дигар, ин интихоби кадр мебошад. Баъзе омӯзгороне ҳастанд, ки ҳатто як рӯз дар ВАО кор накардаанд ва худашон навишта наметавонанд. Омӯзгоре, ки назарияро хуб медонаду амалияро намедонад, ҳуқуқи ба аудитория ворид шудан надорад. Чунки пешаи рӯзноманигорӣ ин пешаи илму амал аст ва танҳо дар сурати омӯзиши назария бо амалия  метавон журналисти касбӣ омода намуд. Мутаассифона, дар ин самт мо камбудиҳо дорем ва бояд, ки онҳоро ҳар чи зудтар бартараф намоем.
 
«Ҷумҳурият»: - Воқеан, дар пешорӯи мо – аҳли матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаи кишвар имрӯз маводи ғаразноку таҳқиромез бисёранд, ки мақсад аз онҳо паст намудани  иродаи сиёсӣ, расидан ба иззати нафси сокинони кишвар ва иҷрои мақсадҳои нопоку зиддибашарӣ мебошад. Мо вазифадорем, ки дар ин маврид хомӯш нанишинем, албатта, хомӯш ҳам нестем, посухи дурусту сазовор гуфтаему мегӯем ва дар оянда дар ин самт фаъолиятро беҳтар мегардонем. 
Хуршед ЗИЁӢ: - Барои ғолиб гаштан дар ҷанги иттилоотӣ имрӯз бояд ҳар як шаҳрванди ватандӯсту миллатпарасти Тоҷикистон манфиатдор бошад. Дар ин вазъи муваққатӣ, ки дар тамоми олам бо сабаби вабои аср – пандемияи COVID-19 ва буҳрони иқтисодӣ ба вуҷуд омадааст, мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва бори дигар халқи музаффар будани тоҷиконро ба кулли ҷаҳон муаррифӣ созем. 
«Ҷумҳурият»: - Барои иштироки шумо дар мизи гирди рӯзномаи «Ҷумҳурият» изҳори сипос менамоем. Матбуот, хосса рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки муассисонаш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, бо шинохти рисолату масъулияти ватандорӣ, касбӣ ва пешниҳодҳои имрӯзаи шумо фаъолияташро дар ин самтҳо боз беҳтар менамояд. Барои ин ҳама гуна имкон мавҷуд аст ва мо – кормандони рӯзнома ҳамеша дастгириву ғамхории муассисонамонро эҳсос мекунем ва, албатта, саъю кӯшиш ба харҷ медиҳем, то ин ғамхориву меҳрубониро сазовор ва посухи шоиста гуфта бошем.
 
Абдулқодири РАҲИМ, 
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ, 
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ, 
Шаҳбози АБРОР, 
Комрон САФАР, 
Кароматулло АТО 
таҳиягарони суҳбати мизи гирди “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.03.2021    №: 49    Мутолиа карданд: 1317
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед