logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКИСТОНАМ ГУЛАФШОН АЗ БАҲОРИ ВАҲДАТ АСТ

Ваҳдат дар тӯли мавҷудияти оламу одам аз мавзӯъҳои муҳиме буд, ки ҳамеша мавриди арзёбӣ миёни уламову удабо қарор мегирифт. Мардуми тоҷик анъанаи гузаштагони хешро арҷ мегузорад ва такя ба арзишҳои маънавию ахлоқии худ, мардумро ба якдигарфаҳмӣ ҳидоят менамояд. Сиёсати хирадмандонаву нодири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба сулҳу ваҳдат аз ҳамин сарчашмаи хираду худшиносии мардуми куҳанбунёд об мехӯрад. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои мардуми Тоҷикистон беҳтарин мукофот буд. Ин созишномаи муҳим қомати хамидаи мардумро рост карда, онҳоро ба сӯйи мақсадҳои наҷиб ҳидоят намуд. 
Хиради азалии мардуми тоҷик тавонист бо сарварӣ ва ҳидояти дурандешона ва фозилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оташи ҷанги беақлонаву беҳадафро хотима диҳад.
Маҳз ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ буд, ки дар андак муддат Тоҷикистон гулафшону ободу зебо гашт. Шаҳри умеду орзуҳои ҳамаи мо, тоҷикистониён - Душанбе имрӯз боз ҳам зебо гашта, дар ҷаҳон ҳамчун шаҳри сулҳ шинохта шудааст. 
Ҳарчанд гуфтаанд, ки ёди андуҳ аз андуҳ гаронтар аст, аммо месазад навиштаҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самадро, ки марбут ба он рӯзгор аст ба ёд оварем, ки чунин менигорад: ”Дар ана ҳамин хел вазъияти ногувор тирамоҳи соли 1992 Рӯзҳои адабиёти русро дар Тоҷикистони ҷангзада, ҷое харобу валангор баргузор кардем. Дар минтақаи Кӯлоб манзара ва ҳолати равонии одамон аз водии Вахш беҳ набуд. Бештар чеҳраҳои афсурдаи занҳои хонавайрону кӯдакони ятим, падару модарони дар ин ҷанги бемаънӣ фарзандгумкардаро медидем. Бори зиндагӣ вазнин буду маводи ғизоиву либос камчин. Одамон аз пайи ризқу рӯзӣ мисли мӯри донакаш ба ҳар тараф мешитофтанд. Роҳбарон низ аз мушкилоту фоҷиаҳо ба меҳмонон қисса мекарданд. Ва дидану шунидани дарду доғҳои беҳисоб дили онҳоро ба дард меовард. Вале дар Даҳана – маркази хоҷагии ба номи Сафар Амиршоев, дар он рӯзгори мушкил тамошои муъҷизае меҳмонони моро дар ҳайрат гузошт. Ин намоиши ҳунарҳои мардумӣ ё ба таъбири дигар нигористон дар ҳавои кушод буд. Мардуми наҷибу меҳмоннавози ин мавзеъ тамоми моли диданиву дастбофаш, ҷиҳози арӯсӣ, асбобҳои мусиқии тарошидааш, ашёҳои кулолгарӣ, бофандагӣ, оҳангарӣ, пашму пахташапӣ ва дӯғкашиву дастархони пурнеъматашро ба намоиш гузошта буд. Меҳмонони маҳви тамошои ин намоиш аз ғизои дастархон чошние мегирифтанд ва ба суруду мусиқии дилнавоз ҳайратмандона гӯш андохта, ба рақсу бозии гулдухтарону писарон ҳамроҳ мешуданд. Магар ин неруи андак аст? Мардум ғами хешро бо ҳунару фарҳанги воло мепӯшиданд.
Халқе, ки фоҷиаашро бо савту суруд мепӯшонад, безавол аст, - мегӯяд адибаи рус Людмила Шипахина. - Инро бин: кӯҳи ғамро бо савту суруд, рақсу бозӣ ва ҳунарҳои аҷиб пушти по мезананд, ин рамз аст”. 
Бале, мо тоҷикон анъанаи гузаштагони худро арҷ мегузорем ва такя ба ин арзишҳои маънавию ахлоқии хеш ҳамеша мардумро ба ваҳдату эҳтироми ҳамдигар ҳидоят менамоем.
Мусаллам аст, ки соҳибистиқлолии ҳар кишварро арзишҳои муқаддас чун сулҳу субот ва ваҳдату ризоияти ҷомеа муайян месозад. Хушбахтона, имрӯз маҳз ба шарофати сулҳу субот дар роҳи таъмини рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар мардум қадамҳои устувор гузошт. Тоҷикистон аз он лаҳзае, ки ба сулҳу ваҳдат мушарраф гашт, саҳифаи тозаи таърихи навини давлату давлатдории тоҷикон оғоз гардид. Яъне, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сароғози ташаббусҳои бузург дар роҳи ободкорию созандагии мо гашт. 
Дастони шарофатманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оре, ҳамон дастоне, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дасташро ба сӯи мухолифин ба хотири ба ҳам омадан дароз намуд ва силоҳ аз дасти бехалафон гирифт, парчами Ватанро ба чашмони худ молиду бӯсид ва ба он дасти некукоре, ки ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гузошт, бо ҳамон дасте, ки роҳҳо, коргоҳҳо ва садҳо дари мактабу боғчаҳоро ба рӯйи толибилмон во намуд, ахиран агрегатҳои якуму дувуми Неругоҳи барқи обии Роғунро кушод.
 
Ҷамила РАУФОВА, 
мураббии ширхоргоҳ - кӯдакистони № 127   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.03.2021    №: 49    Мутолиа карданд: 622
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед