logo

иҷтимоиёт

ХАТЛОН. ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОБОДКОРИҲОРО ВУСЪАТИ ТОЗА БАХШИД

Дар Паёми ояндасози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” самтҳои афзалиятдори сиёсати дохилию хориҷии кишвар барои соли 2021 ва ояндаи наздик муайян гардида, ҳамзамон, ба фаъолияти аксар арсаҳои хоҷагии халқ дар соли 2020 баҳои сазовор дода шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём таъкид намуданд, ки баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфта, таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияи нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ равона шуд. Бо мақсади тадриҷан зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатнок бо ибтикори Роҳбари давлат саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид. Дар ин росто, дар вилояти Хатлон давоми соли 2020 зиёда аз 90 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси беш аз 900 ҷойи кори доимӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Фаъолияти ин коргоҳҳо, асосан, ба истеҳсоли маҳсулоти семент, нахи пахта, барқ, орд, коркарди меваю сабзавот, шир, маҳсулоти қаннодӣ, сохтмонӣ, маводҳои бастубанди тиббӣ ва дӯзандагӣ равона гардидааст. Соли 2020 дар вилоят истеҳсоли 16 намуди маҳсулоти нав, аз ҷумла қанди сафед, сақич, қуттии картонӣ, докаи тиббӣ, ниқоби тиббӣ, маҳлул барои беҳдошти шахсӣ, сачоқчаҳои тиббӣ, матрас, рахти хоб, хокаи ҷомашӯӣ, хишти сафолии ороишӣ, шланги ПВХ ва дучарха, ба роҳ монда шуд.
Айни замон шумораи корхонаҳои саноатии вилоят ба 623 адад расида, аз тарафи корхона ва коргоҳҳои дар соли 2020 ба истифода додашуда бо маблағи умумии 36,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид ва аз ин ҳисоб маблағҳои иловагӣ ба буҷет ворид шуданд. Дар вилоят бо ба кор андохтани навбати дуюми Маҷмааи нассоҷии ҶСП “Ҷунтай Синсилу Данғара”, барои коркарди қариб 15 ҳазор тонна нахи пахта ва бо иқтидори солонаи 12 ҳазор тонна ришта, ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафи чоруми Ҳукумат - саноатикунонии мамлакат заминаи устувор гузошта шуд. Ҳамзамон, корхонаҳои “Хуаксин Ғаюр семент” ва “Моҳир семент”- и ноҳияи Ёвон 753 нафарро бо шуғл фаро гирифтанд. Корхонаҳои мазкур соли 2020-ум 2,5 миллион тонна семент ба маблағи 886,8 миллион сомонӣ истеҳсол намуда, дар маҷмӯъ, ба буҷетҳои дахлдор 171 миллион сомонӣ маблағ пардохт карда, саҳми худро дар саноатикунонии мамлакат гузошта истодаанд.  
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ давоми соли 2020 дар вилоят ба 8,6 миллиард сомонӣ расонда шуд, ки ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2019 -ум 313 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Зимнан, иқдоми ғамхоронаи Сарвари давлат кишоварзони вилояти Хатлон, ки барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шуданд, басо хушнуд гашта, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз ҳарвақта дида бештар ва пурмаҳсултар фаъолият намоянд. 
Соли 2020 дар вилоят ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ ба зиёда аз 16,9 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки назар ба соли 2019 қариб 1,5 миллиард сомонӣ бештар аст. Дар вилоят дар майдони 426 ҳазор гектар кишти зироати кишоварзӣ гузаронда шуд. Ҳамчунин, дар майдони 124 ҳазор гектар пахта кишт гардида буд, ки иҷрои дурнамои истеҳсоли он ба 278 ҳазору 200 тонна расонда шуд. Дар ин давра, 172,4 ҳазор тонна гӯшт, 515,2 ҳазор тонна шир, 102,7 млн.дона тухм, 5,5 ҳазор тонна пашм, 1067 тонна асал ва 2,6 ҳазор тонна моҳӣ истеҳсол гардида, дар самти чорвопарварӣ низ афзоиши нишондиҳандаҳо таъмин гардид. 
Ҷиҳати таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза дар майдони 56,7 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда кишти барвақтӣ гузаронда шуда, аз ин ҳисоб 2533,5 тонна сабзавот, аз ҷумла 1382,1 тонна помидор, 440,1 тонна бодиринг ва 711,3 тонна дигар маҳсулоти сабзавотӣ ҷамъоварӣ гардид. Ғайр аз ин, аз 737,7 гектар гармхонаҳои мавсимии мавҷуда 32126 тонна маҳсулот, аз ҷумла 8843 тонна помидор, 10238 тонна бодиринг ва 13045 тонна дигар сабзавотиҳо ҷамъоварӣ гардида, давра ба давра ба фурӯш пешниҳод шуд.
Дар вилояти Хатлон, ҳамчунин, ба соҳаи маориф диққати ҷиддӣ дода шуда, давоми соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят 51 иншооти ин соҳа, аз ҷумла се кӯдакистон, 10 муассисаи таълимӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ бо нуҳ ҳазор ҷойи нишаст сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Соли 2021 низ бо истифода аз сарчашмаҳои гуногуни молиявӣ бунёди 43 иншооти дигар ба нақша гирифта шудааст, ки ин дар беҳтар кардани сифати таълим ва ташкили ҷойи нишаст мусоидат хоҳад кард. Умуман, дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба сазовор таҷлил намудани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру навоҳии вилоят 364 иншооти соҳаи маориф бунёду навсозӣ гардидааст.
Чуноне дар Паём ироа шуд, бо назардошти он ки тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ мебошад, Ҳукумати кишвар дар даврони истиқлол маблағгузории соҳаи тандурустиро ҳар сол зиёд карда, то 2,1 миллиард сомонӣ расонд. Дар ин давра, зиёда аз 1300 муассисаи нави тиббӣ бунёд гардида, қариб 25 ҳазор кадрҳои дорои маълумоти олӣ ва 147 ҳазор кормандони миёнаи тиббӣ тайёр карда шуданд.
Ба шарофати сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят бунёду навсозии 959 иншооти тиббӣ ба нақша гирифта шудааст, ки наздики 80 дарсади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. 53 беморхона, 105 маркази саломатӣ, 341 бунгоҳи тиббӣ, 230 нуқтаи хатна, 30 таваллудхона ва 200 дорухона аз шумули ҳамин иншооти ҷашнӣ мебошанд. Бахусус, дар дурдасттарин деҳоти ҳудуди вилоят муассисаҳои тандурустӣ бунёд ёфтанд. Аз ҷумла, 27 беморхона, 55 маркази саломатӣ, 159 бунгоҳи тиббӣ, 142 нуқтаи хатна, 14 таваллудхона ва 135 дорухона дар хизмати аҳолӣ қарор дода шуд. 
Хурсандибахш аст, ки Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021 - 2025 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, №704 қабул гардид, ки мутмаинам, барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдоштаи соҳа мусоидат менамояд. 
Айни ҳол сохтмони иншооти бузургмасоҳати соҳаи тандурустӣ, аз қабили бинои маркази перенаталӣ ва маркази табобатии бемориҳои қалб дар шаҳри Бохтар, беморхонаи бисёрсоҳа бо 200 кат ва маркази саломатӣ барои қабули 300 бемор дар ноҳияи Қубодиён, беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар ноҳияи Данғара ва беморхонаи марказии ноҳиявӣ дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Восеъ бомаром идома дошта, дар арафаи анҷомёбӣ  қарор  доранд.  Инчунин,  дар  деҳот   сохтмони бунгоҳ ва марказҳои саломатӣ муташаккилона идома доранд.  
Итминон дорам, ки сокинони сарбаланди вилояти Хатлон, чун тамоми ҳамватанон, дар ҷавоб ба ғамхориҳои Пешвои миллат бо фаъолияти аҳлонаву содиқонаи худ ва шукргузорӣ аз соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ, осудагиву оромӣ дар соли муҳимтарин - 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ беш аз пеш ба корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза бахшида, барои фардои боз ҳам ободу осуда заминаҳои мусоид ва пойдевори устувор мегузоранд.
 
Қурбон ҲАКИМЗОДА,  
раиси вилояти Хатлон 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.03.2021    №: 50    Мутолиа карданд: 786
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед