logo

ҳуқуқ

АВБОШӢ. «ҶУМҲУРИЯТ» АФЗОИШИ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБРО ДАР БАЙНИ НОБОЛИҒОН БО МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ДАР МИЁН ГУЗОШТ

Ҳарчанд ҷинояткорӣ миёни ноболиғон соли гузашта, дар маҷмӯъ, 15 дарсад коҳиш ёфта бошад ҳам, кирдорҳои авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард рӯ ба афзоиш ниҳодааст, ки хеле масъалаи ташвишовар мебошад. Вобаста ба омори мавҷуда «Ҷумҳурият» дар нишастҳои матбуотӣ таваҷҷуҳи роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратиро ба ин масъала ҷалб кард. 
 
Ҷинояти авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард миёни ҷавонону ноболиғон дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум (25 январи соли 2021) низ мавриди баррасӣ қарор дошт. Зимнан, Раиси Маҷлиси миллӣ бо нигаронӣ аз чунин вазъ ба мақомоти прокуратура дастур дод, ки дар баробари дигар самтҳо ҷиҳати коҳиш додани ҷинояти авбошӣ чораҳои иловагӣ ва бетаъхир андешида шаванд.
Дар иртибот ба ин, 2 феврал Прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф Аҳмадзод зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи хабарнигори  «Ҷумҳурият» чунин гуфт: «Мо оид ба иҷрои дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодаем. Масъалаи мазкур дар маҷлиси васеи Прокуратураи генералӣ муҳокима гардида, тасмим гирифтем, ки мавзӯи доғ пурра омӯхта ва таҳлил шуда, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Маҷлиси миллӣ тавсияҳои худро пешниҳод намоем». 
- Мо дар робита ба ин амали номатлуб, ҳангоми вохӯрӣ бобати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва оқибатҳои ин ҷиноят бо ноболиғон корҳои таблиғотӣ мебарем. Дар маҳалҳо бошад, бо ширкати комиссияҳои ҳуқуқи кӯдак дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор масъалаҳои вобаста ба пешгирии ҷинояткорӣ ва сабабу омилҳои сар задани онро таҳлил мекунем. Инчунин, бо оилаҳои ноболиғоне, ки ба чунин амал даст задаанд суҳбат мегузаронем. Мутаассифона, бояд таъкид намуд, ки  қисми зиёди ноболиғони даст ба ҷиноятзада аз оилаҳои носолиманд, - ҷавоб дод Раҷабмо Ҳабибуллозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 
 
ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ КАМЕРА НАСБ МЕКУНАНД
Бино ба гуфтаи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, барои бемасъулиятӣ дар самти таълиму тарбияи фарзандон, нисбат ба волидон ва масъулони муассисаҳои таълимӣ соли сипаригардида беш аз 13 ҳазору 450 парвандаи маъмурӣ бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ ва таълиму тарбияи ноболиғон) тартиб дода шудааст.
Дар иртибот ба ҷиноятҳои авбошӣ аз ҷониби ноболиғон бо истифода аз силоҳи сард, Рамазон Раҳимзода ба «Ҷумҳурият» чунин гуфт: «Барои коҳиш додани ин амали номатлуб мо дар пойтахт амалиёти вижа бо номи шартии «Корд» баргузор намудем. Дар доираи он чандин нафар дастгир гардида, падару модарони онҳо барои қонуншикании фарзандонашон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд».
Ӯ афзуд, ки дар ду муассисаи таълимии шаҳри Душанбе (муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 60, 90 (ноҳияи Сино) қонуншиканӣ аз ҷониби хонандагон зиёд дида мешуд. Бо тасмими ВКД дар ин муассисаҳо камераҳои назоратӣ насб шудаанд ва ҳоло бошад, ҷинояткорӣ ба сифр омада расид. 
- Мо нақша дорем, ки якҷоя бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рафъи қонуншиканӣ миёни ноболиғон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ камераҳои назоратӣ насб намоем, - иброз дошт Р. Раҳимзода.
 
АМАЛИЁТИ ВИЖАИ «КОРД» МУСОДИРАИ 2160 АДАД СИЛОҲИ САРД
Бино ба гуфтаи масъулони раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, амалиёти мазкур ҷиҳати пешгирии ҷинояткории ноболиғону ҷавонон, бахусус муноқишаҳои гурӯҳии хонандагон бо истифода аз силоҳи сард ва предметҳои ба сифати силоҳ истифодашаванда ба роҳ монда шудааст. 
- Таҳлилҳо нишон доданд, ки баъд аз роҳандозии амалиёти профилактикӣ бо номи шартии «Корд» сар задани ҷиноятҳои авбошӣ, ки бо истифода аз силоҳи сард содир мегардиданд, ба таври чашмрас коҳиш ёфт. Гуфтан ба маврид аст, ки фаъолияти шабонарӯзӣ ва баргузории ин амалиёт аз ҷониби милитсияи пойтахт ҷиҳати пешгирӣ ва кам гардидани содиршавии ҷиноятҳо бо истифода аз корд мусоидат намуд, - иброз дошт Сироҷиддин Шукуров, сардори маркази матбуоти раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, лейтенанти калони милитсия.
Ба гуфтаи ӯ, соли 2020 дар натиҷаи баргузории амалиёти мазкур зиёда аз 2160 адад силоҳи сард, аз ҷумла 1813  корд, 5 табар, 67 чӯбдаст (битта, дубинкаи оҳанин), 79 электрошокер ва 196 кастет, аз ҷавонону ноболиғон мусодира шуда, тибқи талаботи қонунгузорӣ нисбат ба дастгиршудагон ҷазоҳои маъмурӣ дар намуди ҷарима ва ҳабси маъмурӣ то 15-шабонарӯз татбиқ шудаанд.  
- Мутаассифона, ҳанӯз ҳам ҳолатҳои бо худ гардондани корд аз ҷониби ҷавонону ноболиғон ба чашм мерасанд, ки боиси нигаронист. Мақомоти милитсияи пойтахт дар навбати худ баргузории амалиёти мазкурро дар ҳудуди шаҳри Душанбе то решакан намудани ин омили номатлуб роҳандозӣ менамояд. Аз ин лиҳоз, мо аз волидон даъват ба амал меорем, ки нисбат ба амалу рафтори фарзандони худ бетараф набошанд. Зеро дар бештари маврид маҳз аз сабаби бетарафӣ ва камназоратӣ баъзе аз ноболиғону ҷавонон ба роҳи хато рафта, бо содир намудани ҷиноят номи худ ва пайвандонро доғдор месозанд, - гуфт Сироҷиддин Шукуров.
Дарвоқеъ, амалиёти «Корд» қобили дастгирист, чунки пас аз гузарондани амалиётҳои пайдарпайи мубориза бо он натиҷаҳои қобили қабул ба даст омада, назорати тартиботи ҷамъиятӣ пурзӯр гардид. Дар робита ба ин, мағозаву дуконҳое, ки ба фурӯши корд, кастет ва чӯбдаст машғул буданд, баста шуданд.
Таҳлилҳо муайян намуданд, ки дар бештари маврид маҳз бо худ гирифтани корд сабаби асосии сар задани ҷиноят мешавад. Ҳатто баъзе аз наврасон ҳангоми нофаҳмиҳои лафзӣ аз силоҳи сард истифода мекунанд, ки оқибати хатарбор дорад. Мутаассифона, ба қавли наврасон имрӯз «теғзанӣ» мӯд шудааст. 
 
ЗӮРИ МУШТ АЗ ВАҲДАТИ АНГУШТОН ОЯД БА ДАСТ
Мавҷуда Комилова, ҷомеашинос, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, омилҳои даст ба ҷиноят задани ноболиғонро гуногун арзёбӣ мекунад ва таъкид менамояд, ки бояд сари ин масъала ҷиддӣ андешиду ҷиҳати пешгирӣ ва коҳиш додани он ҷаҳду талоши дастаҷамъона намуд. 
- Дар баробари тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин самт, инчунин, кӯшишу талошҳои ҳар як фарди алоҳидаи ҷомеаро талаб менамояд, - мегӯяд Мавҷуда Комилова.
Ба ақидаи Эрик Эриксон (1902 – 1994), равоншиноси машҳури олмонӣ, аз 12 то 18-солагӣ марҳилаест, ки барои ташаккули эҳсоси ҳувияти шахсӣ аҳамияти муҳим дошта метавонад. Он ба рушди шахсият дар тамоми раванди минбаъдаи ҳаёт таъсир мерасонад. Ҳувияти шахсӣ арзишҳо, нуқтаҳои назар, маром ва идеалҳоеро дар бар мегирад, ки рафтори одамро муайян мекунанд. Он, ҳамчунин, метавонад мақсадгузориҳо, амалҳо ва рафтори одамро идора намояд. Агар наврас ҳавасмандӣ ва дастгирии кифоя бинад, дар ӯ образи қавии тахайюлии худ ташаккул меёбад ва ҳисси мустақилияти шахсӣ ва назорат ба вуҷуд меояд. Наврасони дигаре, ки ҳавасмандӣ ва дастгирии лозимаро надидаанд, метавонанд беҷуръат шаванд ва ба худ ва ояндаи худ ҳисси нобоварӣ пайдо кунанд. Чунин номуваффақиятӣ метавонад сабаби омезиши нақшҳо ва заифии худшиносӣ гарданд. Аз ин рӯ, ихтилофи асосӣ дар ин марҳила байни ҳувият ва омезиши нақшҳо ба амал меояд. Дар баъзе ҳолатҳо омезиши нақшҳо метавонад ба «буҳрони ҳувият» бурда расонад. 
 
ҒАФЛАТИ  ЯКЛАҲЗАИНА ДОҒИ ЯКУМРА БА БОР МЕОРАД
Амалиёте, ки аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронда шуданд, дар баробари ҷавонони ба истилоҳ «кӯчагард», аз баъзе хонандагон низ силоҳи сард (корд) мусодира гардидааст.
Воқеан, ин боиси таассуф ва нигаронист. Хонандаи муассисаи таълимӣ ба ҷои илмомӯзӣ бо худ корд мегардонад. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки ин амалашон танҳо бадбахтӣ меораду халос. Ин кори хонандагон бори дигар падару модарон ва нафароне, ки дар таълиму тарбияи фарзандон масъуланд ҳушдор медиҳад, то назоратро бештар намоянд. Зеро ғафлати  яклаҳзаина боиси пушаймонӣ ва доғи якумрӣ дар ҷомеа мегардад.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.03.2021    №: 50    Мутолиа карданд: 3864
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед