иҷтимоиёт
ПАЁМ. МАСЪУЛИЯТ МОРО БА ҚУЛЛАИ МУРОД НАЗДИК МЕКУНАД
Имсол Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ва ҳамватанони азизамон 26 январ ироа гардид. Паёмҳои Президент ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз муайянкунандаи стратегияи миллии давлат буда, дар онҳо самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, нақшаҳои рушди устувори минбаъда, вазифаю мақсад ва марому роҳҳои расидан ба ҳадафҳо ба таври возеҳ нишон дода шудаанд.
- Паёми имсола дар ҳоле ироа гардид, ки тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ барои сазовор истиқбол гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд, - иброз дошт Асрор Сафарзода, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Варзоб.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тараққиёту пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илму фарҳанг ва сиёсати дохилию хориҷии мамлакат муфассал ибрози назар намуда, вазифаҳои минбаъдаи давлату Ҳукумати Тоҷикистонро барои солҳои оянда мушаххас баррасӣ карданд.
Аз ҷумла, иброз гардид, ки истеҳсоли маҳсулоти озуқа нисбат ба соли 2019-ум 28,3 фоиз афзоиш ёфт, ки ба беҳтар таъмин гаштани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуд. Соли гузашта 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Дар ин давра зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ ташкил гардид, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт.
Соли 2020 дар кишвар 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд ва ба истифода супурда ва даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё шуданд. Дар ҳафт соли охир ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз 14,6 миллиард сомонии соли 2014 то 23,6 миллиард сомонӣ дар соли 2020 афзоиш ёфт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, афв оид ба қонунигардонии маблағҳо, коркарди захираҳои зеризаминӣ ва канданиҳои фоиданок, тайёр намудани мутахассисони варзида дар дохилу хориҷи кишвар, рушди соҳаи энергетика ва сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ибрози назар карда, аз ҷумла зикр намуданд, ки солҳои охир соҳаи роҳу нақлиёт низ бомаром рушд ёфт, дар натиҷа мо ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардидем.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи нақлиёт 53 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 миллиард сомонӣ амалӣ гашт, беш аз 2200 километр роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ бунёд ва ба истифода дода шуд.
Сарвари давлат оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва ду баробар афзудани саршумори чорво, истеҳсоли ғалла, картошка ва мева, инчунин, ҷиҳати бунёди боғҳои нав, аз ҷумла боғҳои интенсивӣ масъалагузорӣ намуданд.
Бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзон ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ кишоварзон барои як сол аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шуданд. Дар идомаи Паём Сарвари давлат дар бораи самти афзалиятнок будани соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ муфассал ибрози назар намуданд.
Соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст ба истифода супурда шуданд. Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст бунёд гардид.
Ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳандозӣ мегардад.
Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббус баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Мавриди зикр аст, ки сокинони ноҳияи Варзоб барои татбиқи амалии нуктаҳои Паём ва, дар ин замина сазовор истиқбол гирифтани 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайратмандона заҳмат кашида, барои расидан ба ҳадафҳои Паёми Пешвои муаззами миллат кӯшиш менамоянд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.03.2021 №: 50 Мутолиа карданд: 532