logo

иҷтимоиёт

ТАҲКИМИ ҲАМГИРОӢ. РОҲЕ, КИ МОРО БА ҚУЛЛАИ МУРОД МЕРАСОНАД

Коршиносон терроризму ифротгароиро вобаста бо амалҳояшон ба динӣ, сиёсӣ, миллию этникӣ ва идеологӣ ҷудо кардаанд, ки Тоҷикистон аслан мухолифи ҳама намуди онҳо мебошад. Ба ин хотир, ҳанӯз соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» қабул гардида, 25 ноябри соли 2019 бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои қонунгузорӣ вобаста ба талаботи замон, ба вуҷуд овардани механизмҳои наву муосир дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва таъмини бехатарии давлату ҷомеа аз хавфу таҳдидҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» рӯи кор омад.
Агар ба амалҳои гурӯҳҳои тундгаро бингарем, маълум мешавад, ки як ҳадаф доранд: ноором намудани вазъи сиёсӣ ва пиёда сохтани ҳадафҳои нопоки худ. Бубинед, ки террор калимаи лотинӣ аст ва маънояш тарсу ҳарос, даҳшат мебошад. Яъне, пахш кардани рақибони сиёсӣ бо роҳи зӯриву даҳшатафканӣ ва, дар маҷмӯъ, пушти ин ҳама манфиатҳои сиёсӣ, идеологӣ ва геополитикӣ ниҳон аст.  
Ба таърихи на чандон дур назар андозем мебинем, ки ба ин хотир даҳҳо бузургмардони майдони сиёсат, абармардони фарҳанг кушта шудаанд. Чунончи, Индира Ганди, сарвазири Ҳиндустон, соли 1984 аз дасти террористон қатл шуд.  Солҳои 1990 – 1993 бо дасти созмони террористии «Палангони озодибахши Талим Илама»  дар Шри-Ланка Раҷив Ганди, сарвазири Ҳиндустон, Ранасингх Премадас, президенти Шри-Ланка ва дигар ходимони олимақоми давлатию низомӣ кушта шудаанд. Аҳмадшоҳ Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон, низ бо дасти террористон кушта шуд. Амалҳои террористӣ то имрӯз, ҳамчунин, боиси марги садҳо нафари бегуноҳ низ гаштааст. Мутаассифона, дар кишвари мо низ аз соли 1990 то имрӯз чандин амалҳои террористӣ анҷом ёфт. Дар ин муддат дар ҷумҳурии мо баъзе ташкилотҳое  пайдо шуданд, ки зери ниқоби ислом ба амалҳои террористӣ даст заданд. Онҳо дар маҷмӯъ, беш аз 3000 ҷиноят, аз ҷумла 170 амали террористӣ, анҷом додаанд. Ташвишовар он аст, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар соири кишварҳо ин гурӯҳҳо кӯшиш менамоянд нақшаҳояшонро миёни ҷавонон амалӣ созанд ва ё дар пиёда намудани ҳадафҳои нопокашон аз қувваи ҷавонон истифода кунанд. Аз ноогоҳии комили динӣ, ноогоҳии сиёсӣ ва ҷаҳонбинии пасти ҷавонон истифода намуда, бархе аз онҳоро ба гумроҳӣ мекашанд. Дареғо, ки дар ин росто баъзе аз ҷавонони мо низ ба доми чунин гурӯҳҳо афтода, ба бадбахтӣ гирифтор шуданд. Ин гурӯҳҳо барои пиёда сохтани  мақсадҳояшон аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода намуда, мехоҳанд миёни мардум низоъ барангезанд. Дар чунин шароит мо - ҷавонон бояд, ки якдилу якмаром бошем, ба дасисабозон бовар накунем ва созандагиро мароми худ  қарор диҳем. Пеш аз ҳама бояд, ки маънӣ ва моҳияти истиқлолиятро дарк кунем ва онро ҳифз намоем. Зеро танҳо истиқлолияту ҳамдилӣ моро ба мурод мерасонад.
 
Нуруллозода ШОДМОН,
донишҷӯи ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.03.2021    №: 50    Мутолиа карданд: 486
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед