logo

фарҳанг

ДИЛОРО БОНУЕ, КИ «ПАЙКАРАИ МИЛЛИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ» - РО СОХТ

Дилоро Искандарова аз бонувони оқилу хирадварзи тоҷик аст, ки бо шогирдону ҳампешагонаш дар давоми қариб понздаҳ сол ранҷ бурда, ба сохтани пайкараи миллии забони тоҷикӣ даст ёфт. Ин дастовард барои таҳким бахшидани пояҳои забон ва рушду тарғиби он дар ҷаҳон кори шоистаест.
 
ДАРИЧАИ ОШНОӢ
Номбурда доктори илми филология, профессор, устоди Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон буда, дар шаҳри Душанбе, дар оилаи зиёӣ ба дунё омад.  Рисолаҳои номзадӣ ва докториашро дар шаҳрҳои Москва ва Душанбе дифоъ кард. Хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи А. Жданов аст. Минбаъд пажӯҳиши худро дар забоншиносии компютерӣ идома дода, ҳадаф гузошт, ки пайкараи забони миллиро дар Тоҷикистон месозад. Ҳамин тавр, роҳбари илмии лоиҳаи “Таҳияи “Пайкараи миллии забони тоҷикӣ” (www.talik-corpus.org) баргузида шуда, дар давоми се сол онро бунёд кард. Онро чанде пеш дар АМИТ, ДСРТ ва ДМТ муаррифӣ кард. 
 
ПАЙКАРАИ ЗАБОН ЧИСТ?
Пайкараи миллии забон як маълумотномаи беназири инноватсионӣ дар бораи забон аст, ки имкониятҳои фароҳамовардааш аз ҳама фарҳангҳое, ки бо заҳмати чандин насли забоншиносон ва гирдоварандагони луғат офарида шудааст, зиёд мебошад. 
Пайкара имкон медиҳад, ки таърих ва дурнамои рушди забонро пайгирӣ намоем. Танҳо бо ёрии он пажӯҳишҳои кофии илмии луғат ва грамматикаи забон, инчунин, муайян кардани равандҳои пайвастаи тағйирёбии забонии дар тӯли асрҳо гузаштаро таъмин намудан мумкин аст. Ҳамин тариқ, ташкили пайкараи (корпуси) миллии забон яке аз муҳимтарин вазифаҳои давлатӣ мебошад.
 
ТОҶИКИСТОН ПЕШГОМ АСТ
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба ҷуз Тоҷикистон, пайкараи забон танҳо дар Қазоқистон таъсис ёфтааст. Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон чунин пайкараи забонӣ надоранд. Масалан, дар Ӯзбекистони ҳамсоя танҳо моҳи октябри соли 2020 Консепсияи рушди забони ӯзбекӣ ва такмили сиёсати забон дар солҳои 2020 - 2030 тасдиқ ва дар доираи ин санад ташкили пайкараи миллии забони ӯзбекӣ ба нақша гирифта шуд.
Ҳамин тариқ, олимони тоҷик аз кафедраи забоншиносии назариявӣ ва амалии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда дар Осиёи Марказӣ чунин ниҳоди бузурги электрониро сохтанд.
 
«КАФЕДРАИ ТИЛЛОИИ РОССИЯ»
Кафедраи забоншиносии назариявӣ ва амалии донишгоҳи мазкур, ки соли 2011 таъсис ёфт, дар ҷумҳурӣ ягона кафедраи лингвистӣ мебошад, ки дар тамоми соҳаҳои забоншиносии амалӣ пажӯҳишҳои доманадор мегузаронад. Кафедра ҳар сол силсилаи чорабиниҳоро таҳти унвони «Дурнамои рушди таҳқиқоти фундаменталӣ ва амалии забоншиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор менамояд. Бо ҳамин ном дар кафедра маҷаллаи илмӣ нашр мешавад, ки индекси ISSN - ро гирифта, матолиби илмии аспирантон, довталабон, донишҷӯёнро нашр мекунад. Ин кафедра соли 2014 сазовори унвони «Кафедраи тиллоии Россия» гардид.
Соли 2017 устодон барои татбиқи лоиҳаи буҷетии давлатӣ бо номи "Таҳияи “Пайкараи миллии забони тоҷикӣ" ариза пешниҳод карда, ба татбиқи ин лоиҳа оғоз намуд. Дар моҳи декабри соли 2019, яъне соли аввали татбиқи лоиҳа дар сомонаи Пайкараи миллии забони тоҷикӣ (https://tajik-corpus.org/) 9 миллион вожа ҷо гирифт. Ҳоло ҳаҷми пайкара 22 миллион калимаро ташкил медиҳад ва бино ба гуфтаи муаллима Искандарова пур кардани пайкара кори беохир аст, ки бояд ҳама саҳмгузор бошем.
 
“АЗ МО ЧӢ ЁРДАМ?”
Аз устод, ки ин ибтикори наҷибро амалӣ кардаанд, бо лутф пурсидем, ки дар ин ҷода аз мо чӣ ёримандӣ мехоҳанд? 
-  Аз тамоми дӯстону устодон ва шогирдон, ки барои пур кардани пайкара ба мо дасти мадад расонданд, сипосгузорам. Аз муҳаққиқон ва адибон хоҳишам ин аст, ки ҳар қадар китоб, рисола, рӯзномаву моҳнома, фарҳанг ва навиштаҳои илмиву бадеии электронӣ дошта бошанд, ба ихтиёри мо гузоранд. Электронӣ, яъне на дар шакли PDF, балки дар шакли Word. 
Дилоро Искандароваро дар кишвар чун поягузор ва роҳбари мактаби илмии забоншиносии амалӣ мешиносанд. Китобҳояш дар намоишгоҳҳои шаҳрҳои Франкфурт (Frankfurte Buchmesse, 2016), Париж (Paris Book Fair, 2016) ва Москва баҳои баланд гирифтаанд. Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия, Корманди фахрии мактаби олии касбии Россия аст. 
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.03.2021    №: 50    Мутолиа карданд: 674
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед