logo

ҳуқуқ

Ҷиноят ва ҷазо

ҲАБСИ АБАД
ба қотили як ноболиғ
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокини шаҳри Ваҳдат Зафар Раҷабовро барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнин бар асоси чанд моддаи Кодекси ҷиноятӣ ба ҳукми абад маҳкум кард.
Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба маҳкумшударо прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ бо моддаҳои 104, қисми 2, бандҳои “в, л” (одамкушӣ…) ва 138, қисми 3, банди “а” (таҷовуз ба номус…) Кодекси ҷиноятӣ ба итмом расонда, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба Суди Олӣ ирсол намуда буд.
Судшуда моҳи августи соли 2020 ҳангоми кӯшиши дастдарозӣ ба номуси хурдсол З. Сафарова ба муқобилият рӯ ба рӯ шуда, ноболиғро латукӯб намудааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, баъдан дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
Бар пояи ҳукми суд, акнун З. Раҷабов барои чунин кирдори разилона тамоми умр дар муассисаи ислоҳии низомаш махсус нигоҳ дошта мешавад. 
 
 
СУДХӮР
ё ҷавобгарӣ барои мардумфиребӣ
Мақомоти корҳои дохилӣ бар асоси муроҷиати марди 32-солаи ноҳияи Шоҳмансур ҳолатеро мавриди тафтиш қарор додааст, ки дар он як сокини пойтахт ба тақаллуб ва фиреби шаҳрвандон гумонбар мешавад.
Сомонаи ВКД аз ин шаҳрванд марди 34-сола ном бурда, иттилоъ медиҳад, ки ӯ 18 декабри соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии муроҷиаткунанда даромада, барои гирифтани раводид ва корт ба давлати Латвия аз вай 33600 сомонӣ гирифтааст. Ҳамчунин, гумонбар бо ҳамин шева 19 декабри соли гузашта аз ҷавони 26-сола, сокини дигари шаҳри Душанбе, 3870 доллари ИМА гирифта, то ҳол ин маблағҳоро барнагардондааст.
 
ДУЗДӢ
Боздошти ғоратгаре, ки такроран даст ба ҷиноят зад
Як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (марди 30-сола), ки қаблан бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст, боз ба гумони дуздӣ дастгир шуд.
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки гумонбар 6 марти соли ҷорӣ бо роҳи пинҳонӣ ба маркази хизматрасонии бонкии «Сомғор» - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (филиали ҶСП бонки «Арванд» дар шаҳри Хуҷанд) ворид шуда, аз он ҷо ашёи техникиву дигар лавозимотро дуздидааст, ки зарари расондашуда 4250 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳоло оид ба ин ҳодиса бо моддаи 244, қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (дуздие, ки такроран содир шудааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. 
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.03.2021    №: 50    Мутолиа карданд: 3094
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед