logo

сиёсат

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК

Матбуот ҳамчун як рукни муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, худшиносии комил, ҷаҳонбинӣ ва завқи мардум, пойдории адолату воқеияти рӯзгор нақши муассир дорад. Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ, таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи иттилоот дар соҳаҳои мухталифи идораи давлатӣ аҳамияти бештар касб карда, ба соҳаи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма эътибори бештар зоҳир мегардад.  
Пешвои миллат ба нақши матбуот дар ҷомеаи муосир баҳои арзанда дода, таъкид доштанд: «Манфиатҳои миллӣ тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори омма на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бояд бошанд, балки дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари давлат хизмат кунанд, ба хабару мақолаҳои таҳрифӣ ҷавобҳои сазовор дода, ба суботи ҷомеа мусоидат намоянд ва эътимоди мардумро ба фардои нек мустаҳкам созанд».
Вазъи ҷаҳони муосир тақозо дорад, то ҳамаи мо қатъи назар аз самти фаъолияти касбиамон, ба хотири таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, амнияту субот, пойдории давлату ҷомеа масъулияти бештар дошта, манфиати миллӣ ва давлатиро аз дигар манфиатҳо боло гузошта, пеши роҳи амалҳои номатлуб, аз қабили ифротгароӣ, фасодкорӣ, гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистиро бигирем. Васоити ахбори омма сипари боэътимоди давлат, муҳофизи манфиатҳои миллӣ, ташаккулдиҳандаи афкори ҷомеа ва тарғибгари арзишҳои волои инсонӣ ба ҳисоб меравад.  Матбуот қувваи бузург буда, қодир аст пеши роҳи cap задани ҳама гуна падидаҳои номатлубро гирад ва барои боло бурдани обрую эътибори Ватани азизамон дар сатҳи байналмилалӣ саъю талош намояд.
Бо камоли мамнуният аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷумҳурият»-ро, ки беш аз 95 соли охир дар роҳи баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва пешрафту гулгулшукуфии Ватани маҳбубамон таҷрибаву малака ва донишу маҳорати худро равона сохта истодаанд, ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик табрику таҳният гуфта, дар ин ҷодаи пурмасъулият ва, ҳамзамон, пурифтихор ба ҳар яки онҳо  комёбиҳои тозаи эҷодӣ орзумандам. 
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.03.2021    №: 51    Мутолиа карданд: 1232
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед