logo

иҷтимоиёт

ОРОМГОҲИ ПИРИ БАҲОРАК - МЕРОС АЗ НИЁГОН

Дар деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи хушманзараи Баҳорак мақбараи бостоние мавҷуд аст, ки онро ба асрҳои VIII - IX милодӣ нисбат медиҳанд. Ин ёдгории таърихӣ бо номи мақбараи Шайх Ёрмуҳаммади Валӣ ё бо ибораи Пири Баҳорак маълуму машҳур буда,  ҳамасола мардумони зиёд ба зиёрати ин бузургвор шарафёб мегарданд. Иморати оромгоҳ ба замони давлатдории Сомониён рост меояд. Мақбара аз хишти пухта сохта шуда, гачкорӣ шудааст ва паҳноии деворҳояш зиёда аз 1 метр мебошад. Дар сохтмони оромгоҳ чӯб истифода нашудааст. Сақф ва равоқи хонаҳо бо маҳорати хос ба шакли доиравӣ бо хишт пӯшонда ва деворҳо бо мисраъҳои шеърӣ бо хати арабиасоси тоҷикӣ нақшбандӣ шудаанд.Аз ин навиштаҳо дубайтиеро намуна меорем:
Қасри олим, ки буд маркази дин,
Кард ӯ моро бо илм  қарин.
 
Аз байтҳо маълум мешавад, ки Шайх Ёрмуҳаммади Валӣ олиму донишманд ҳам будааст. Иморати оромгоҳ дар наздикии дарёи Панҷ дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон ҷойгир аст. Мақбара 2 даромадгоҳ дошта, аз 2 даҳлез ва аз 6 ҳуҷра иборат мебошад. Айёми зиндагонии ин бузургворро мардуми маҳаллӣ ба давраи зиндагонии паёмбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) нисбат медиҳанд. Аммо, мутаассифона, то ба имрӯз ягон ҳуҷҷат ё осори хаттие аз ин оромгоҳи олим намондааст, чунки соли 1988 - ум бостоншиносони рус дар ин мақбара ковишҳои археологӣ мебурданд ва чи мероси моддӣ ва хаттие, ки бозёфт намуданд, бо худ бурдаанд. Дар ҳуҷраи марказии оромгоҳ бузургвор бо писараш мадфун аст. Дар атрофи мақбара сангҳои ранга гузошта шудаанд. Аз нигоҳи мантиқӣ, дар ҳақиқат ин бузургворон шахсиятҳои тасодуфӣ набуда, тӯли садсолаҳо аз эътиқоду ҳурмати омма бархӯрдор буда, то ба имрӯз турбату оромгоҳи онҳо ҳифз ва қадр мешаванд. Гуфтан ба маврид аст, ки дар минтақаи Кӯлоб оромгоҳи Пири Баҳорак мероси таърихии  ободу аз ҳисоби ҳаҷми иморат калонтарин ва аз нигоҳи сол қадимӣ буда, тахминан 1100 – 1200 сол дорад ва то ба имрӯз ба мо мерос мондааст. Вале алҳол ёдгории таърихӣ аз мадди назарҳо дур монда, ба гӯшаи фаромӯшӣ супурда шудааст ва, мутаассифона, таъмирро надидааст. Таъмири ҷории мақбара дар даврони шӯравӣ сурат гирифта буд. Айни замон боми яке аз ҳуҷраҳои оромгоҳ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, айёми боронгариҳо ба дохили бино об мерезад. Ба қавли мардуми маҳаллӣ, ёдгории таърихӣ  ҳатто дар шуъбаи ёдгориҳои таърихии Вазорати фарҳанги кишвар ба қайд гирифта нашудааст. Вақти он расидааст, ки Вазорати фарҳанг гурӯҳи кориро иборат аз таърихнигорону бостоншиносон барои омӯзиши амиқи ин зиёратгоҳ бифиристад, то бошад, ки чароғи маърифати дигаре дар ҷануби Тоҷикистон, амсоли Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, фурӯзон гардад.
Офтоби пурнуранд анбиё,
Офтоб аз нурашон гирад зиё.
 
Дилшод АЪЗАМОВ,
корманди илмии Мамнӯъгоҳи 
давлатии табиии Даштиҷум


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.03.2021    №: 51    Мутолиа карданд: 563
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед