logo

иҷтимоиёт

ОШТИНОПАЗИРӢ БО ИФРОТГАРОӢ БОЯД ҲАМЧУН ФАРҲАНГИ БУНЁДИИ ШАҲРВАНДӢ ШИНОХТА ШАВАД

Мусаллам аст, ки таъмини сулҳу субот ва амнияти пойдори кишварҳо аз ҷумлаи вазифаҳои калидӣ ва шарти муҳимтарини роҳандозиву пешбурди равандҳои созанда ба хотири рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад.
Терроризм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро дорад. Рӯз ба рӯз терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.
Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта, ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.
Солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари онҳо садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳои дигар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.
Дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ Тоҷикистон низ аз ин воқеаҳо дар канор набуда, мубориза бар зидди ин амалро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирҳои зиёдеро амалӣ намудааст. 
Эътироф ва арҷгузорӣ бояд кард, ки бо ибрози он ки «террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад», касе беҳтар аз Пешвои миллат “шахсият”-и террористро бозгӯйӣ ва мусулмононро ҳимоят накардааст.
Воқеан, барои ифротиёни мағзшӯишуда модар, Ватан, фарҳанг, рушд ва арзишҳои дирӯзу имрӯз қадре надоранд. Мутаассифона, ин зуҳуроти номатлуб, аллакай, хислати ҷаҳонӣ касб намуда, пеши роҳи онҳоро гирифтан хеле мушкил гаштааст. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки агар солҳои қаблӣ дар Афғонистон дар қатори ҷангҷӯёни ҳаракати «Толибон» намояндагони ҳамагӣ 15 кишвар мушоҳида мешуданд, ҳоло дар сафҳои созмони ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ ҷангидани шаҳрвандони зиёда аз 100 давлат ба назар мерасад. Аз рӯи маълумоти дастраси васоити ахбори омма, шумораи ҷангиёни гурӯҳҳои террористие, ки дар Ироқу Сурия ҷойгир буданд, ба 100 ҳазор нафар мерасид. Хушбахтона, дар натиҷаи амалиётҳои зиддитеррористӣ як қисми онҳо нобуд шуд.
Аз ин рӯ, мо бояд ба вазъи  Афғонистон, Сурия, Ироқ Либия, Яман ва мамлакатҳои дигар, ки аз шумии қадами ифротгароён ба харобазор  мубаддал гаштаанду мардумонаш зору бехонумонанд, бо чашми ақл нигарем, бо шукрона аз сулҳу ваҳдату субот барои пойдории оромӣ ва шукуфоии Ватани азизи  худ – Тоҷикистон талош варзем. Қабл аз ҳама, ба ифротгароию терроризм ва ҳама гуна моҷароҷӯӣ оштинопазир бошем ва ҳамин фарҳангро дар ниҳоди фарзандон тарбия намоем. Оштинопазирӣ ба терроризму ифротгароӣ  бояд ҳамчун фарҳанги бунёдии шаҳрвандӣ  сар аз кӯдакӣ дар сиришти мо  парвариш ва такомул ёбад.
 
Бозор МЕНИЯРОВ, 
омӯзгори МТМУ № 1, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.03.2021    №: 51    Мутолиа карданд: 490
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед