logo

иҷтимоиёт

ҲАМА ЧИЗ ПИРӢ ПАЗИРАД...

Чу рахти хеш барбастам аз ин хок,
Ҳама гуфтанд бо мо ошно буд,
Валекин кас надонист ин мусофир
Чӣ гуфту бо кӣ гуфту аз куҷо буд.
 
Воқеан, инсонҳои асил ва дилбохтагони Ҳақу ҳақиқат чунинанд. Мепиндорем, ки онҳоро мешиносему шинохтаем, вале баъдҳо чун аз дидаҳо мераванд, дармеёбем, ки ҳанӯз ба дунёи зебову рангинашон роҳ набурдаем.
Марги дӯсти азизамон Абдусаттори Гулаҳмад ин ҳақиқатро бори дигар бароямон гуфту ошкор сохт. Барои ин реҳлати ногаҳониаш андуҳгин шудему ашк рехтем. Мепиндоштем, ки ҳанӯз фурсати бисёр барои зиндагӣ дораду дорем. Мегуфтем, ки боз бо ҳам сари як пиёла чой суҳбат мекунем. Албатта, ба ин умед, ки умри дӯстӣ ҳар қадар зиёд шавад, ҳамон қадар мустаҳкамтар мегардад ва дӯстӣ пириро намепазирад, ҷовидониро, ки хостор аст.
 
Ҳама чиз пирӣ пазирад, бидон,
Ба ҷуз дӯстӣ, ки монад ҷовидон.
 
Ва низ ҳама чиз куҳна мешавад, ба ҷуз дӯстӣ.
Ӯ чу гул хандонрӯ буд. Замоне, ки бо ӯ рӯ ба рӯ мешудем, агар ҳам ҳазор ғам дар дил буд, моро тарк  мекард. Ин гумон ҳамеша бар мо ғолиб меомад, ки ҳеҷ дарду андуҳ бар вуҷудаш роҳ наёфтаву намеёбад. Фаромӯш кардем, ки:
 
Дер омадану шитоб рафтан
Ойини гул аст дар гулистон.
 
Аз шитобаш, аз шитоби рафтанаш чаро намеандешидем, намедонам. Ба ин пурсиш то ба ҳол посух наёфтаам. Метавон гуфт, ки афсари содиқи Ватан буд, хабарнигору сармуҳаррири рӯзномаи Вазорати дифоъ буд, аз ин рӯ шитоб хоси ӯст. Вале ин гуфта ҳеҷ тасаллои дил намешавад. Ин мисраъҳо низ наметавонад андак таскинамон бубахшад:
 
Саҳар мегуфт булбул боғбонро,
Дар ин гил ҷуз ниҳоли ғам нагирад,
Ба пирӣ мерасад хори биёбон,
Вале гул чун ҷавон гардад, бимирад.
 
Ин мусибати бузург буд, ки як дӯстро, як ҳамдилро, як ҳамкасб, як рӯзноманигорро аз даст додем.
Ба яқин, аз ин рафтан дар авҷи камолоти зиндагӣ ва эҷодӣ худ ҳам хабар надошт, вагарна як ишорате, як ишорати нозуке мекард. Ва ё нагуфт, ишорате накард, ки мусибатро наафзояд?
Либоси афсарӣ бас зебаш медод, балки худ ин либосро зинат мебахшид. Аз дур ҳам, ки медидамаш, бо ин либос, ӯро мешинохтем. Бо диданаш ҳар нафар орзу мекард, ки чунин либос ба бар дошта ва дар хидмати Ватан бошад.
Дар суҳбат аз кораш, аз дастовардҳои Артиши миллӣ, аз рӯзномаи афсарону аскарон, ки сарвариашро  менамуд, мегуфт. Дар ин байн гузаштаро ба ёд меовард. Мо бо ӯ ифтихор мекардем, ифтихор аз он, ки Ватан чунин як марди шуҷоъ, содиқ ва муҳофиз дорад.
Аз симои поку равшанаш кас зуд ба дунёи зебои вуҷудаш, хосса дили нозуку ҳассосаш, роҳ меёфт ва бовар ҳосил мекард, ки дунё бо чунин мардони асил ободу пойдор аст. Дар бораи ҳеҷ кас, хосса ҳамкасбонаш, сухани бад намегуфт. Агар ҳам касе қасдан ӯро мешӯронид, забону дилу эҳсосашро идора мекард. Баръакс, аз сифатҳои неки онҳое, ки гӯё садди роҳи эҷоду камолоташ мешуданд, ҳикоятҳои рангину ҷолиб мекард. Ба ин васила тавсифашон менамуд. Ин гуна як муносибат, як муомила барои ҳар нафаре, ки он замон шарафёби суҳбаташ мегардид, дарс мешуд, дарси ибрат, дарси одамият.
Бо умри ҷавон пирона, андешамандона суҳбат мекард.
Дӯсти азизи мо Абдусаттори Гулаҳмад замоне даргузашт, ки мардум аз тарси коронавирус хонашин шуда буд ва ё ба ҳар ҷо бе зарурат намерафт. Аз ин рӯ, на ҳамаи дӯстону наздикон аз лаҳзаҳои вопасини зиндагиаш бохабар буданд. Баъди маргаш ҳам бар асари хуруҷи ин беморӣ натавонистанд, ки ба хонааш, хонае, ки дар он мезист, бираванду фотиҳа бихонанд. Аммо ҳар нафаре, ки ӯро мешинохт, ба яқин, даст бар дуо бардошта ва шодии рӯҳашро хостааст. Агарчи марг амрест муқаррарӣ ва ногузир аз шарбати он ҳама мечашад, вале наметавонем вуҷуду ҳастии ӯро дар байни худ тасаввур накунем. Чӣ гуна метавон таҳаммул кард, ки Абдусаттори Гулаҳмадро дар ҷамъомади тантанавӣ  бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик – 11 март  бо мо, дар паҳлуи мо нест? Ӯ меомад, бо як ҷаҳон табассум, як ҷаҳон ханда ва ин рӯзро барои ҳамкасбон табрик мегуфт. Баъд ба ҳама якнусхагӣ аз рӯзномаи Вазорати мудофиаи кишвар медод. Шояд касе дигар ба ҷойи ӯ ин амалро такрор бикунад, вале ҳеҷ бовар надорам, он самимият, он табассуму хандаҳои ӯву муҳаббату садоқаташро нисбат ба тамоми рӯзноманигорону дӯстон дошта бошад.
Рӯҳаш шоду манзили охираташ обод бод!
 
Абдулқодири РАҲИМ,
"Ҷумҳурият"
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.03.2021    №: 51    Мутолиа карданд: 542
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед