logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКИСТОН. ВАҚТЕ БА ИТТИҲОД АВЛАВИЯТ ҚОИЛЕМ...

Ин нуктаро раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов дар нишасти матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори  омма  зикр намуд. Ӯ дар робита ба саволи  рӯзноманигорон  вобаста ба вазъи сиёсии  ВМКБ  чунин гуфт: 
- Вақте ки маро соли 2018 раиси вилоят таъйин карданд, вазъи  сиёсӣ чандон ором  набуд. Он рӯзҳо сухан дар атрофи амну оромӣ мерафт. Ба ин хотир, бисёриҳо ҳадс  мезаданд, ки, инак, ба Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон  шахси низомиро раис таъйин мекунанд, амалиёти густурдаи ҳарбии махсус мегузаронанд, то вазъ ба эътидол оварда шавад. Аммо Президенти  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ҳалли мушкилоти  пешомадаро ба таври худ, аз рӯи салоҳдиди худ ҳал намуданд. Пешвои  миллат вазъиятро ҳаматарафа омӯхта, ба хулосае омаданд, ки дар байни  табааи худ   ягон хел амалиёти  ҳарбӣ намегузаронанд, балки  вазъиятро бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ,  ба таври  осоишта ҳал кардан мумкин аст. Ҳол он ки баъзеҳо, ҳатто байни роҳбарият ҳам роҳи ҳалли мушкилотро  фақат дар гузарондани  амалиёти ҳарбӣ медиданд.
Президенти кишвар дар чунин вазъият  зарур шумурданд, ки маро аз роҳбарии ташкилоти бонуфузи байналхалқӣ дар ҷумҳурӣ   гирифта, раиси вилоят таъйин намоянд. Бо ин амал Сарвари мамлакат дар олами  сиёсат  бо як тир чанд нишон заданд. Аввалан,  забони  душманони миллатро, ки интизор, балки хоҳони нооромиву хунрезиҳо  дар ин минтақаи кӯҳистони кишвар буданд, баст. Сониян, худи мардуми вилоят, ки хавфи амалиёти ҳарбиро ҳис мекарданд, бори дигар фаҳмиданд, ки  нияти Ҷаноби Олӣ нек аст ва нисбат ба ин гӯшаи мамлакат назари хайрхоҳона  доранд.
Ёдгор Файзов вобаста ба саволи рӯзноманигорон, ки оё вазъи кунунии амн ва шароити баамаломадаи созандаи вилоят дар сурати ба ягон вазифаи дигар гузаштанаш бебозгашт, давомдор ва устувор боқӣ мемонад ё на, таъкид кард, ки ҳамаи дастоварде, ки тӯли солҳои охир ба даст овардем, бебозгашт аст. Вилоят аз тарафи Пешвои миллат дар ҳамаи самтҳо дастгирӣ мебинад ва мо пешрафту гулгулшукуфии минбаъдаи Бадахшонро чун як минтақаи кӯҳии шароиташ нисбат ба  дигар мавзеъҳои ҷумҳурӣ мушкилтар таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интизорем. Роҳбари давлат нисбат ба шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон таваҷҷуҳи хосса доранд. Ман, чун раиси вилоят, надидаам, ки масъалае вобаста ба ин ё он мушкилот дар назди Президенти кишвар ҳал нашуда бошад. Дар зимн,  раиси вилоят зикр кард, ки натиҷаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, хоссатан  Президенти кишвар аст, ки сарфи назар ба вазъи буҳронии мамолики олам, минҷумла Тоҷикистон,   соли  гузашта  ва   ду моҳи аввали соли равон маблағгузориҳои мутамарказ ба самтҳои иҷтимоӣ, сохтмони иншоотҳои вилоят на танҳо кам нашуданд, балки нисбат ба нақша афзуданд. Ба сармоягузорон, бахши хусусӣ ва шарикони рушд шароит фароҳам оварда шуд, ки фаъолияти  иқтисодӣ - созандагиашонро  самарабахш пеш баранд. 
Соли 2020, бо вуҷуди хуруҷи бемории COVID-19, барои халқи тоҷик, бахусус сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бобарор омад. Таъмини суботу амният беҳтар шуд ва ба ин васила пешравиҳои назаррас бо заҳмати аҳлона ба даст омаданд. Дар ин давра на ҳамаи мамлакатҳои дунё тавонистанд чорабиниҳои сиёсӣ, нақшаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии худро ба иҷро расонанд. Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист чорабиниҳои муҳими сиёсиро дар сатҳи баланд гузаронад. Сафари кории Пешвои миллат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, иштироки фаъолонаи сокинон дар интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва овоздиҳии зиёда аз 98,8 фоизи интихобкунандагони вилоят ба ҷонибдории Роҳбари давлат дар интихоботи президентӣ бори дигар собит сохт, ки мардуми шарафманди вилоят сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро на фақат бо сухан, балки дар амал ҳам, ҷонибдорӣ мекунанд. 
Соли 2020 корҳои сохтмонӣ аз рӯи 206 барнома ба маблағи 144 миллион сомонӣ анҷом ёфта, таъмиру барқарорсозӣ дар 42 иншоот идома дорад. Танҳо тавассути Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди 22 иншоот 73 миллион сомонӣ равона гардид. Сохтмон ва таъмири 13 иншоот дар соҳаи маориф, 9 - то дар соҳаи тиб, 6 барномаи обтаъминкунӣ, 65 барномаи таҷдиди хати об ва корез, 29 иншооти варзишӣ дастоварди муҳими сол маҳсуб меёбанд. Дар ин муддат 17 корхона бо муҳайё кардани 178 воҳиди корӣ таъсис ёфт. Сохтмони роҳи байналмилалии қитъаи Ёгед - Қалъаихумб, таҷдиди роҳи водии Бартанги ноҳияи Рӯшон бо маблағи 600 ҳазор сомонӣ  ва сохтмони 9 пули калон тавассути маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ, гузоштани санги асос барои сохтмони пул дар маҳаллаи Шарифобод амалӣ шуданд.  
Вале, ба гуфтаи раис, ҳанӯз қисми зиёди зарфиятҳои вилоят аз истифода берун мондаанд. Бинобар ин, дар назар аст, ки солҳои 2021 - 2025 баҳри рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ, саноат, геология ва дорусозӣ қадамҳои қатъӣ гузошта шаванд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, истифодаи замин дар вилоят беҳтар гардид, вале дар таъмини амнияти озуқаворӣ пурра комёб нашудаем. Дар ин самт ҳам  амалигардонии нақшаҳои мушаххас дар назаранд. Дар  самти таъминоти аҳолии вилоят бо барқи боэътимод ва хушсифат  корҳои  муайян  иҷро гардиданд. Танҳо соли 2020 неругоҳи барқи офтобӣ  дар ноҳияи Мурғоб ва неругоҳи барқи  обии  Хатфати  водии  Бартанг ба истифода  дода шуданд, вале  дар  фасли  зимистон норасоии барқ эҳсос гашт.  Бинобар ин, тибқи нақша, солҳои 2021 - 2023 сохтмони 19 неругоҳи хурди барқи офтобӣ дар вилоят дар назар аст. Пайваст намудани шабакаи ягонаи «Помирэнерҷи» ба ширкати миллӣ, сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» имкон медиҳанд, ки дар ду-се соли оянда норасоии барқ  дар фасли зимистон аз байн бардошта шавад
 
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.03.2021    №: 51    Мутолиа карданд: 817
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед