иҷтимоиёт
РАШТ. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД
Дигар далели бебаҳс аст, ки ноҳияи Рашт тавассути ғамхорию дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат сол ба сол рушд намуда истодааст. Махсусан, соли 2020 новобаста аз хуруҷ ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ноҳия ба 633 миллиону 673,5 ҳазор сомонӣ баробар гардида, гардиши чаканаи мол низ 90 миллиону 567,8 ҳазор сомониро ташкил дод.
Азбаски боду ҳавои кӯҳистони Рашт ба боғдорию зироаткорӣ ва чорводорӣ мувофиқ аст, бо кӯшишу заҳмати мардуми меҳнаткаш соҳаҳои мазкур батадриҷ рушд меёбад. Маҳз як соли охир 73 гектар боғи нав бунёд ва 83 гектар боғи куҳна барқарор шуд.
Ҳидоятҳои навбатии дар Паём зикршуда сокинони ноҳияро водор кард, ки ин соҳаро имсол боз ҳам бештар рушд диҳанд. Ҳоло мавсими сабзкорӣ ва ниҳолшинонӣ оғоз ёфта, умед ҳаст, ки талу теппа ва заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмондаро боғҳои нави мевадиҳанда ва шафати шоҳроҳи байналмилалиро ниҳолҳои ороишию сояафкан ҳусни дигар мебахшанд.
Дастури Пешвои миллатро барои рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла васеъ кардани майдонҳои картошка, деҳқонон сармашқи кори худ карда, имсол ният доранд, ки ин соҳаро бо майлон рушд диҳанд. Соли сипаришуда дар майдони 3 ҳазору 36 гектар картошка кишт шуда буд. Имсол баҳри таъмини аҳолӣ бо тухмиҳои хушсифат тадбирҳои саривақтӣ андешида шуда, дар доираи лоиҳаи “Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа” 16 трактори тамғаи МТЗ-82 , 3 трактори ХТ-244, 2 ядаки тракторӣ ва дигар мошинолоти кишоварзӣ ба ноҳия ворид гардид, ки рушди соҳаро вусъат хоҳанд бахшид.
Мушкилии обёрии заминҳо ва ба заминҳои киштбоб табдил додани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат роҳи ҳалли худро меёбанд. Соли сипаришуда ба ин ҳадаф дар мавзеи Дашти беоби деҳоти Ҳоит 2,5 км лӯла хобонда шуд, ки маблағи он 285 сомониро ташкил медиҳад.
Бо дастгирии обистифодабарандагон дар канали “Намуна” - и деҳоти Ҳоит, Қарашаҳр 1 ва 2 Ҳисорак 1 ва 2 дар масофаи 8 километр, дар деҳоти Ясман 33 километр ва дар деҳаи Сари Шухони деҳоти Аскалон дар масофаи 8 километр ба маблағи 112800 сомонӣ корҳо ба анҷом расиданд.
Бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва аҳолӣ дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх марҳилаи якуми сохтмони канали “Мардумӣ” идома дорад, ки бо ба истифода додани он зиёда аз 100 гектар заминҳо обёрӣ мешаванд. Ҳамчунин, бо ҷалби маблағҳои шарикони Рушд дар деҳоти Қалъаи Сурх канали Камчароғ, ки солиёни зиёд аз истифода берун монда буд, ба маблағи 228 ҳазор сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, 150 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид шуд.
Дастгирии навбатии Пешвои миллат дар хусуси аз андози ягона озод кардани хоҷагиҳои кишоварзӣ ба меҳнаткашони ноҳия илҳоми тоза бахшид. Бо итминон гуфта метавонам, ки мардуми меҳнаткаши ноҳияи Рашт туфайли чунин ғамхориҳо барои таъмини амнияти озуқавории кишвар сидқан талош меварзанд.
Дастгирии соҳибкорон низ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дорад. Ҳоло дар ноҳия 91 соҳибкор тибқи шаҳодатнома, 659 тибқи патент ва 2894 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад. Барои фаъолияти соҳибкорӣ тамоми имтиёзҳо роҳандозӣ гардида, соҳибкорони маҳаллӣ аз тарафи мақомоти маҳаллӣ ҳаматарафа дастгирӣ меёбанд.
Бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат тадбирҳои судманд мавриди амал қарор гирифта истодаанд. Ҷиҳати истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 14 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Соли сипаришуда ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 45 миллиону 122,5 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин дар қиёс ба солҳои қаблӣ хеле натиҷаи назаррас аст.
Солҳои охир дар ноҳия таъмири роҳу хизматрасонии нақлиёт рушд ёфта, ба масъалаи таъмири роҳҳои маҳаллӣ афзалият дода мешавад. Танҳо соли сипаришуда бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва бахши хусусӣ зиёда аз 10 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ ва 7,3 километр асфалтпӯш шуд. Дар мувофиқа бо Вазорати нақлиёт дар шоҳроҳи Ваҳдат - Рашт - сарҳади Қирғизистон бунёди 10 истгоҳи замонавӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 5 - тои он дар истифода қарор дорад.
Сайёҳӣ дар ҷаҳони имрӯз яке аз соҳаҳои асосии пешбарандаи иқтисод ҳисобида мешавад. Рушди соҳа имкон меоварад, ки дар баробари пайдо гардидани ҷойҳои нави кор ва бунёди ҷойҳои истироҳатӣ, даромади хуб низ барои сокинони кишварамон, ки дар рушди соҳа саҳм мегиранд, таъмин намояд. Пешвои миллат дар Паёми имсола бори дигар дар бораи рушди ин соҳа ибрози назар намуданд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баъди омӯзиши ҳамаҷонибаи Паём ба хулоса омад, ки дар асоси дастуру супоришҳои дар он дарҷгардида дар ин самт корро боз ҳам хубтар ба роҳ монад ва барои рушди бемайлони соҳа тадбирҳои иловагӣ андешад. Пӯшида нест, ки навоҳии кӯҳистони кишвар метавонад дар ояндаи наздик саёҳатгоҳи мардуми олам шавад. Барои амалӣ гардидани ин ният мо тасмим гирифтем, ки корҳои ободониро рушд ва ҳунарҳои мардумиро низ ривоҷ диҳем.
Пешвои миллат дар Паёми худ ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил кардани Ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бори дигар таъкид карданд. Ба ин мақсад, дар ноҳияи Рашт ба нақшаи иншооти ҷашнӣ, ки 274 ададро дар бар мегирифт, боз 60 иншооти дигар илова шуд. Иншооти нав аз китобхонаҳо дар маҳалҳои дурдаст, бунгоҳҳои тиббӣ, толору майдони варзиш, чоҳҳои амудӣ, хати оби нӯшокӣ, чароғонсозии кӯчаҳо ва кашидани хати барқ, инчунин, сохтмони марказҳои савдову хизматрасонӣ иборат мебошад.
Ҳамин тавр, ҳидоятҳои дар Паёми навбатии Пешвои миллат дарҷгардида сокинони меҳнатдӯсти ноҳияи Раштро дар ҷодаи рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва ободу зебо гардондани ин гӯшаи биҳиштосои кишвар чун чароғи пурнур раҳнамоӣ карда, рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Ҳоло сокинони ноҳия дар тараддуди истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор доранд.
Муқимӣ Раҳимҷон НАБИЗОДА, раиси ноҳияи Рашт,
узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.03.2021 №: 52 Мутолиа карданд: 557