logo

иҷтимоиёт

ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН. АЗ МАШАҚҚАТ ТО ПИРӮЗИИ ФАРЗАНДОНИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Бино ба навиштаи муҳаққиқони ҳаёт ва фаъолияти Шириншоҳ Шоҳтемур, ӯ соли 1930 бо шарқшиноси рус Киселёва Александра Михайловна хонадор шуда, соҳиби 2 писар гардид. Фарзанди калониашро бо исрори модаркалонаш Евдокия Киселёва Шириншоҳ ном гузоштанд, ки соли 1931 таваллуд шудааст. Шириншоҳи хурдӣ дар як мусоҳибааш (соли 2006) гуфтааст: «Вақте падарамро ба қатл расонданд, ман шашсола будам». 
Соли таваллуди писари дуюми Шоҳтемурро ҳам бародараш ва ҳам муҳаққиқони дигар соли 1936 нишон додаанд. Ӯро падараш ба хотири қаҳрамони достонҳои «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ Рустам ном ниҳода буд.
- Ёд дорам, - нақл кардааст Шириншоҳи хурдӣ, - падарам субҳи барвақт аз хона мебаромад ва хеле дер бармегашт. Баъд фаҳмидам, ки ин аз серкориаш будааст. Бо вуҷуди ин, ӯ барои мо, фарзандонаш ҳамеша вақт пайдо мекард. Дар Москва якҷоя ба театру кино мерафтем. Барои мо китоб мехонд. Баъзан байни падару модарам сари ин ё он китоб мубоҳиса мешуд. Зери таъсири падару модар шавқу завқи китобхонӣ дар ман ҳам хеле барвақт пайдо шуд. Дар чорсолагӣ китобхон шудам...
Аммо зиндагии хушбахтонаи хонаводаро таъқиботи сталинӣ тира сохт. Баъд аз ҳабси Шоҳтемур ва ҳамсараш Шириншоҳ ва Рустам дар назди модаркалонашон Евдокия - хола дар шаҳрчаи Лапасинои назди Москва монданд. Ба гуфтаи Кисилёв Прохор, намояндагони НКВД барои бурдани бачаҳо ҳам омаданд. Вале Евдокия-хола пеши роҳашонро гирифт.
Давраи мактабхонии писарони Шириншоҳ ба замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост омад. Хати фронт аз наздикии шаҳрчаи Лапасино мегузашт. Ин зиндагии душвори бачаҳоро боз ҳам тоқатфарсотар кард. Онҳо маҷбур буданд ба ғайр аз хондан ба кори рӯзгори хоҷагиашон то бевақтии шаб машғул шаванд. Евдокия-хола аз уҳдаи ҳамааш ба танҳоӣ намебаромад.
- Ман хеле барвақт ҳезумшиканӣ, обкашонӣ ва дигар корҳои хонаро ёд гирифтам. Ба ғайр аз ин, дар кори колхоз ҳам ба модаркалонамон ёрӣ мерасондем. Вале дар баробари ин, ҳам ман ва ҳам Рустам бо баҳои аъло мехондем, дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ ҳам фаъол будем, - зикр кардааст Шириншоҳи хурдӣ дар як мусоҳибааш.
Баъд аз хатми мактаби миёна Шириншоҳ ҳуҷҷатҳояшро ба факултети  таърихи Донишгоҳи ба номи Ломоносови шаҳри Москва супурдааст. Имтиҳонҳои қабулро бо баҳои аъло супурда, интизори оғози соли таҳсил буд, ки хабари ғайриинтизор гӯё болои сараш оби сард рехт: «Дар донишгоҳи мо барои фарзандони «душмани халқ» ҷо нест!» Ӯ мушаввашу озурдахотир аз беадолатии замон назди ягона муттакояш - Евдокия - хола баргашт. Ин ҳолат муаллимонашро ҳам ба ташвиш овард. Онҳо қарор доданд, ки соли дигар ҳангоми супурдани ҳуҷҷатҳо Шириншоҳ дар бораи падару модараш чизе нанависад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ӯ ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи якуми тиббии шаҳри Москва супурду донишҷӯ гардид. Пас аз хатми мактаби олӣ барои кор ба вилояти Магадан роҳхат гирифт. Ҳол он ки «дипломи сурх»-и мактаби олӣ метавонист ӯро бо ҷойи кор дар худи Москва ҳам таъмин намояд. Вале Шириншоҳ мехост бо ҳамин доғи сиёҳи «фарзанди душмани халқ»-ро аз лавҳи зиндагониаш тоза кунад. Ӯ соли 1961 дар ноҳияи Ягодний ба сифати духтури рентгенолог ва баъдтар ташхиси рентгенӣ кор карда, соли 1961 ба аспирантураи назди Институти такмили ихтисоси духтурони Москва дохил шуда, онро соли 1964 бомуваффақият хатм намудааст. Номзади илми тиб, мутахассиси варзидаи соҳаи ташхиси рентгени нурӣ, томографияи компютерӣ, муаллифи китобҳои дарсии «Рентгенология» барои макотиби олии тиббӣ, бештар аз 350 асар ва мақолаи илмӣ дар самти диагностикаи нурӣ мебошад ва то синни 80 - солагиаш мудири шуъбаи диагностикаи нурии шифохонаи клиникии ба номи А. С. Боткини шаҳри Москва буд.
Мушкилоти пешомада ҳангоми дохил шудани Шоҳтемур ба мактаби олӣ барои хешовандон дарс шуд. Онҳо ба қароре омаданд, барои он ки Рустамро чунин мушкилот пеш наояд, номашро дигар бояд кард. Аввали солҳои 50-уми асри гузашта ба ӯ номи хонаводагии шавҳари холааш Артур Авотинро доданд. «Ҳамин тавр, Рустами Шоҳтемур якумрӣ Рустам Артурович Авотин шуд» - нигоштааст Қ. Аламшоев. Ин тадбир имкон дод, ки Рустам минбаъд аз доғи «фарзанди душмани халқ будан» халос шавад. Ӯ баъд аз хатми мактаби миёна бе ягон мушкилот ба техникуми саноатӣ ва баъдан ба Донишкадаи авиатсионӣ дохил шуда, онҳоро бо дипломи аъло хатм кард. Рустам муҳандиси соҳаи электроника шуда, дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии стратегӣ фаъолият дошт.
Ҳам Шириншоҳ ва ҳам Рустам оиладор ва соҳиби яктоӣ фарзанданд. Писари Шириншоҳ ҳам Шириншоҳ ном дошта, бо пайроҳаи касбии падараш рафтааст. Ӯ дар яке аз шифохонаҳои шаҳри Москва кор мекунад. Писари Рустам – Андрей дар самти сиёсӣ фаъолият дорад.
То соли 1956 бародарон бо хешу табори тоҷикистонии худ ягон робита надоштанд. Ба гуфтаи Шириншоҳ, онҳо метарсиданд, ки ба ҳам мактуб нависанд. Фақат баъд аз исботи бегуноҳии волидонашон хешовандонашон аз ноҳияи Шуғнон дар пайи ҷустуҷӯи онҳо шудаанд. 
- Соли 1964 бори аввал ба Тоҷикистон, ба назди хешу табори падариам омадам. Ман дар тантанаҳои Ҷашни 40-солагии Тоҷикистон, ба шаҳри Душанбе даъват шудам. Баъд аз анҷоми чорабиниҳои ҷашнӣ Ғуломшо Одинамамадов, ҳамкасб ва ҳамдиёрам ба ман хабар дод, ки маро дар Помир хешу таборам бесаброна интизоранд. Мо худи ҳамон рӯз ба Хоруғ омадем. Дар Хоруғ ва деҳаи Поршнев бори дигар бо дӯстони замони кӯдакиам, ки бо онҳо солҳои сиюм дар кӯчаи Сталинобод зиндагӣ мекардем, амакам Бобошо ва ҷияни падарам Саидбибӣ вохӯрии хотирмон доштам. Ман аз шаҳрҳои Уш, Хуҷанд, Душанбе ва ҷойҳои дигаре, ки 40 сол пеш дар ин ҷойҳо падарам фаъолият кардааст, дидан кардам. Чун медонистанд, ки писари Шоҳтемурам хурду бузург иззату эҳтиромам мекарданд. Ин сафар дар ман таассуроти нек гузошт, минбаъд ман дар ҳама ҷо бо тоҷик буданам ифтихор мекардам. 
Хабари бо унвони Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардидани Шириншоҳ Шоҳтемурро писаронаш бо хушнудӣ ва сипоси бепоён аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифтанд. 
Шириншоҳи хурдӣ 3 июни соли 2020 баъд аз бемории вазнин аз олам чашм пӯшид.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2021    №: 52    Мутолиа карданд: 603
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед