logo

фарҳанг

РӮЗИ МАТБУОТИ ТОЧИК - РӮЗИ «ҶУМҲУРИЯТ»

- Мо шоҳиди он шудем, ки дар авҷи бемории COVID – 19, замоне, ки одамон аз бими ҷон тарки ҷойи кор карда, ҳатто аз наздиктарин нафарони барояшон азиз ҳам дурӣ меҷустанд, рӯзноманигорон фазои иттилоотии кишварро холӣ нагузоштанд. Ба иҷрои рисолати хеш идома дода, ба касби худ содиқ монданд, вазифаи ба зимма доштаашонро самимона иҷро намуданд. 
Ин нуктаро Зинатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ҳини таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик зикр намуд. Чорабинӣ, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид, рӯзноманигорон, собиқадорони соҳа, устодон ва донишҷӯёни риштаи журналистикаи донишгоҳу донишкадаҳои кишвар, дӯстдорони каломи бадеъро аз манотиқи гуногуни кишвар ба ҳам овард. Қаламкашон ҳамдигарро бо садоқат ба иди касбӣ - Рӯзи матбуоти тоҷик табрик мегуфтанд. Толори китобхона ба қавле гулборонро мемонд.   
Дар ҳамоиш, ҳамчунин, Масрур Абдуллозода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанг, Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини аввали вазири маориф ва илм, Саъдӣ Исматзода, директори Академияи ВАО, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Масрур Абдуллозода  нақши ВАО - ро дар рушди ҷомеа муҳим  арзёбӣ намуд. «109 сол қабл аввалин рӯзномаи тоҷикӣ бо номи «Бухорои шариф» аз чоп баромад. Он ҳамагӣ 153 шумора нашр шуд, аммо ба ташаккули матбуоти тоҷик замина гузошт. Ҳоло нақши журналистика ва ВАО дар инкишофи ҷомеа хеле муҳим аст ва он яке аз омилҳои асосии ташаккули афкори ҷомеа ба шумор меравад. ВАО хеле рушд кардаанд ва ин ҳолат баъзе мушкилот низ пеш овардааст. Яке аз онҳо ҷангҳои иттилоотӣ мебошад, ки дар ин росто ҳифзи амнияти иттилоотӣ аз вазифаҳои муҳими соҳа ба шумор меравад», - гуфт номбурда.
Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги кишвар, зикр намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои рушди соҳа имкон ва шароити мусоид фароҳам овард. «Соли 1991 дар кишвар 191 рӯзномаву маҷалла нашр мешуд, ҳоло шумораи онҳо ба 621 расидааст, ки 395 - тои он ҷамъиятиву хусусӣ мебошад. Дар ин давра теъдоди агентиҳои иттилоотӣ низ афзуда ба 11 расид», - таъкид намуд ӯ.
Ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик Вазорати фарҳанг 53  журналисти кишварро барои саҳми арзанда дар рушди матбуот бо нишони Аълочии матбуот ва 44 нафарро бо нишони Аълочии фарҳанг қадр намуд. Ба ин мақсад, як қатор кормандони Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» низ бо нишонҳои аълочии фарҳанг, матбуот ва маориф мукофотонда шуданд. 
Қурбоналӣ Раҳмонзада, сармуҳаррири рӯзнома, Шафоатилло Шокиров, сардори шуъбаи иттилоот, Шаҳноза Қурбонова, сармутахассиси рӯзнома, бо нишони Аълочии маориф ва илм ва Мансур Абдуғаффоров, Гулистон Мавлоназарова, Оҳистамо Гулбердиева, Сайфулло Ашуров, Нигина Раҳмонова бо ифтихорномаи ҳамин вазорат сарфароз гардиданд.
Қурбоналӣ Раҳмонзада, сармуҳаррири рӯзнома, ҳамчунин, барои фаъолияти пурсамар ва софдилона, саҳми муносибу арзанда дар тарғиб ва рушди  ҳаракати иттифоқҳои касаба бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Шӯрои  Федератсияи  иттифоқҳои касабаи  мустақили Тоҷикистон қадр шуд. 
Моҳира Сангмамадова, муовини сармуҳаррири рӯзнома, Барноз Раҳмон-шоева, Ҳиронбӣ Мӯсоеваро гирифтани нишони Аълочии фарҳанг насиб шуд. Нигина Раҳмонова, Лашкар Шарифзода, Ташрифулло Саъдуллоев ва Маҳмуд Мирзоён Ифтихорномаи Вазорати фарҳангро соҳиб шуданд. Корманди собиқадори идора Қурбон Мадалиевро Вазорати фарҳанг бо мукофоти пулӣ қадр намуд.
Маҳмуд Мирзоён, ҳамчунин барои саҳм гузоштан дар рушди тарбияи ҷисмонӣ, тарғибу ташвиқи ҳаракати олимпӣ бо Сипосномаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон сарфароз гардид. 
Вазорати маориф ва илм ва Вазорати фарҳанг, хамчунин, рӯзномаи «Ҷумҳурият» - ро барои ҳамкории судманд ва мусоидат дар рушди соҳаи маориф, тарбияи насли наврас, иштироки фаъолона дар инъикоси рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву  фарҳангӣ бо сипосномаҳо сарфароз намуданд. 
Иттифоқи журналистони кишвар Ораш Алоӣ, ки ҳини авҷи бемории  COVID – 19 тариқи ВАО бо далелҳои илман асоснок мардуми кишварро, ки ба таҳлука афтода буданд, ором намуда, ба зиндагии муқаррарӣ даъват намуд, «Коршиноси сол», Самариддин Асозода, сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» - ро «Сармуҳаррири сол» эълон кард.
Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар бахши радио ба Худоёр Валиев тақдим шуд. Ҷоизаи мазкур дар бахши телевизион ба Муҳаммадраҷаби Ҳанафия, дар бахши матбуот ба Тағоймурод Нуралиев, Ноилшо Нуралиев ва Ҳақназар Каримзода тақдим гашт. 
Рӯзномаи «Ҷумҳурият» чун анъана ба чанде аз донишҷӯёни эҳтиёҷманди факултети журналистикаи ДМТ ва собиқадорони соҳа ёрии моддӣ расонд. 
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
Суратгир Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2021    №: 52    Мутолиа карданд: 843
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед