logo

иҷтимоиёт

ЗАЙНИДДИН МУҲИДДИНОВ РӮЗНОМАНИГОРЕ, КИ АЗ ТИРИ ТЕРРОРИСТОНИ НАҲЗАТ КУШТА ШУД

Журналисти асил ҳамеша воқеоту ҳаводис ва рӯйдодро санҷида, бар асоси факту далел қаламфарсоӣ мекунад. Аз ин рӯ, касби журналистӣ бо мушаххасоти воқеъгаройӣ ва ҳақиқатнигорӣ аз соири тахассусҳо тафовут дорад. Журналисти ҳақиқӣ нафарест, ки дар ҳавои воқеиятҳои замонию маконӣ нафас мекашад ва дар партави ақлу мантиқ ба таҳияи матолиб мепардозад. Рӯзноманигор бо беадолатӣ ва зулму истибдод дасту панҷа нарм намуда, ба хотири тантанаи адолат, ҳатто дар майдони мубориза ҷоннисорӣ мекунад. Ин аст, ки журналистон ҳамеша мавриди фишору таъқиби гурӯҳу созмонҳои ифротӣ қарор мегиранд. Ҳақгӯйӣ ва воқеиятнигории онҳо ба бисёр гурӯҳҳои фурсатталаб ва иғвогару ифротӣ маъқул нест, ки намунаи онро мо дар фаъолияти ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ таҷриба кардем.
Қатлу озор ва террори журналистон методи маъмули муборизаи созмони экстремистии наҳзатист. Мисолҳои зиндаву гӯё аз қатлу фишори наҳзатӣ алайҳи рӯзноманигорон зиёданд. Яке аз қурбониёни террори наҳзатӣ - журналисти забардаст, нексиришт ва ватандӯст Зайниддин Муҳиддинов мебошад. 
Журналисти боистеъдоду асили тоҷик Зайниддин Муҳиддинов 15 январи соли 1950 дар деҳаи Саройи ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Аз овони мактабхонӣ ба касби журналистӣ дил баста буд ва эҷод мекард. Баъд аз хатми донишгоҳ  ҳаёту фаъолияти худро ба пешаи журналистӣ бахшид. Фаъолияти ӯ воқеъбинона буда, ҳамеша барои инъикоси ҳақиқат ва тантанаи адолат кӯшиш мекард. Хислатҳои неки  инсонӣ, касбияти баланд ва адолатҷӯию ҳақиқатнигориаш буд, ки Зайниддин Муҳиддиновро ба вазифаи пурмасъулияти сармуҳаррири ҳафтаномаи «Насими айём» таъйин карда буданд ва то лаҳзаи охирини умраш дар ин вазифа кор мекард.
Ин журналисти асили миллӣ бар мабнои донишу биниш ва собиқаи зарурии рӯзгор хуб дарк карда буд, ки ҷаҳолату хурофот дар ҳар шакле боздорандаи инкишофу тараққиёт аст ва зиёда аз ин, абзори шикасту заволи фикрию эҷодии ҷомеа маҳсуб меёбад. Мубориза бо неруҳои тахрибкор, мутаассиб ва хурофотӣ, ки ибтидои солҳои навадуми асри бист барои рӯйи даст гирифтани қудрати сиёсию низомӣ фурсатшуморӣ мекарданд, аз авлавиятҳои кори рӯзноманигорӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Зайниддин Муҳиддинов ба шумор мерафт. Ӯ то вопасин лаҳзаҳои   зиндагӣ дар миёни мардум буд, барои Ватану миллат хизмат мекард ва саранҷом дар роҳи озодӣ ва истиқлолияти миллӣ ҷон бохт. 
Зайниддин Муҳиддиновро 14 марти соли 1995 қотилони аъзои ТТЭ ҲНИ бо зӯроварӣ аз хонааш бароварда, дар соҳили дарё парронданд. Маълум аст, ки ин амали нангини террористони наҳзатӣ бо супориши бевоситаи саркардаи хунхору худхоҳашон содир шудааст. 
Бо қатли ин журналисти варзида ва миллатдӯст қотилони хиёнаткори  наҳзатӣ мехостанд, ки тарсу ҳаросро дар ҷомеа, хусусан дар байни зиёиён, ҷой кунанд ва мардумро таҳти тасаллут қарор диҳанд. Вале хато карданд. Зеро рӯҳи бебок ва созандаи миллати тоҷик оқибат бар ҷаҳлу хурофот пирӯз гардид. Мардуми тоҷик бар ин неруи аҳриманӣ ғолиб омад. Садҳо журналисту зиёии дигари тоҷик ба майдон омаданд, корномаи Зайниддин Муҳиддиновро идома доданд ва дар муқовимат бо ифротиёни наҳзатӣ пирӯз гардиданд. 
  
Субҳиддин ЗИЁЕВ,  
ходими пешбари илмии АМИТ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2021    №: 52    Мутолиа карданд: 465
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед