logo

иҷтимоиёт

РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ДАР ҲОШИЯИ ДАСТУРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ сол ба сол бештар мегардад. Омилҳои асосии таҳрикдиҳанда ба ин иқдом афзоиши талабот ба хидматрасонии беҳтар, тараққиёти бесобиқаи фановариҳои тиббӣ ва усулҳои муолиҷа ва зиёд шудани нуфуси аҳолӣ мебошад. Дар ин росто Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” аз нигоҳи мутобиқат ба талаботи замони муосир барои ҷавонон ба яке аз боргоҳҳои дилпазири андӯхтани маърифату касбият табдил ёфтааст.
– Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаи мо ҷавобгӯ ба меъёрҳо ва мақбули муштоқони илму фаномӯзӣ шуд, – мегӯяд Иброҳим Мӯсоев, сарвари коллеҷи мазкур. – Натиҷаи дастгириҳо буд, ки дар давоми чанд моҳи охир 800 курсӣ ва 100 миз барои донишҷӯён, 8 тахтаи электронӣ ва проектор, 20 ноутбук, 63 таҷҳизоти гуногуни тиббӣ харид кардем. Барои назора кардани гирду гӯшаи муассиса ва сабти ҷараёни дарсҳо, ки бо мақсади такмили усули таълим роҳи хубест,  60 камераи мушоҳидавии дорои сифати баланд насб намудем. Ба замми ин, бо илҳом аз ҳидоятҳои Сарвари хирадманди давлат, ки ҳамеша ба роҳандозии машғулиятҳои амалию омӯзишӣ таъкид мекунанд, ду лабораторияи химия ва физикаи муҷаҳҳаз бо ҳама шароитро ба истифода додем. 
Азбаски шумораи донишҷӯён сол ба сол рӯ ба афзоиш аст, соли 2017 як бинои баландошёнаи иловагии муҷаҳҳаз бо хурдтарин талабот, назири таҷҳизоти садодиҳандаи зиддисӯхторӣ сохта, мавриди истифода қарор додем.
Дар маҷмӯъ, 116 синфхона барои баҳрабардории шогирдону устодон фароҳам оварда шуд.  Шумораи синфхонаҳои қабули амалӣ ба 42 адад расид, дар онҳо муляжҳои гуногун барои аз худ кардани фанҳои анатомия ва физиологияи одам, барои расондани ёрии аввалияи тиббӣ ба кӯдакон ва калонсолон, ЭКГ, оксигенератор, симулятори зани зоянда, аёният ва асбобҳо барои гузарондани машғулиятҳо аз фанни ҷарроҳия, 14 синфхонаи лексионии дорои тахтаҳои электронӣ, чор синфхонаи компютерӣ, як синфхонаи лингофонӣ барои омӯхтани забони англисӣ, як озмоишгоҳ аз фанни биология, як озмоишгоҳ аз фанни химия, як маркази тестӣ ва ғайраҳо муҳайё шудаанд.
Як нукта боиси зикр аст, ки давоми чанд соли охир таҷҳизоту аёниятҳои солҳои пешин, бо ҳамгунҳои замонавияшон иваз гардиданд. Хобгоҳи муассиса бо оби гарму хунук, мошинаи ҷомашӯйӣ, яхдон ва дигар ҷиҳози зарурӣ таъмин буда, феълан 157 донишҷӯе, ки аз шаҳру ноҳияҳои дур ва Афғонистон омадааст, дар он иқомат дорад. 
– Илова ба ин, - иброз дошт Иброҳим Мӯсоев, – супориши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар назди муассисаҳои таълимии тиббӣ беморхонаҳо эъмор шаванд. Дар мувофиқа бо раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода лоиҳаи бинои панҷошёнае, ки бояд дар ҳудуди коллеҷ бунёд созем, омода гардид. Корҳои сохтмонӣ аз моҳи майи соли ҷорӣ оғоз мешаванд. Тасмим аст, ки дар қабати якуму дувуми бино дармонгоҳ ва беморхона таъсис ёбанд. Ошёнаҳои се, чор ва панҷ таълимгоҳанд. Мақсад аз сохтани чунин маҷмаа он аст, ки шогирдони мо имкони доимии машғул шудан ба корҳои амалиро дошта бошанд. Ҳамзамон, дар шафати маҷмааи нав бунёди ошхона барои 100 кас дар назар аст. 
Таваҷҷуҳ ба донишандӯзии таълимгирандагон, чуноне зикр шуд, зиёд буда, дар ин баробар дар муассиса китобхонаи дорои 22 ҳазор китоб, ки аз ин 18 ҳазораш адабиёти тахассусист, мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад. Коллеҷ дорои ҳафт шуъба: кори момодоягӣ, табобатӣ, ҳамширагӣ, тиббӣ-ташхисӣ, тиббӣ-профилактикӣ, дандонсозӣ ва фармасевтӣ мебошад. 
Натиҷаи ҳамин пешравиҳост, ки нуфузи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” дар миёни таълимгоҳҳои дохили кишвар ва берун аз он афзуда, шумораи донишҷӯёнаш сол ба сол бештар мегардад.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2021    №: 52    Мутолиа карданд: 560
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед