logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

 Ба муаллим, мисли дигар касбу пеша, лаззати дидани самараи меҳнаташ ба зудӣ муяссар намегардад. Аз кишт то дарави ҳосил солҳои зиёд сипарӣ мешаванд. Ба ӯ сабру матонате лозим аст, ки бо умеди хайр эҷодкорону ихтироъкоронро муддатҳои тӯлонӣ интизор бошад. 

Устод Ҳоҷӣ Тӯрақул Ҷумъаев аз зумраи чеҳраҳои шинохтаи илму маорифи кишвар ба шумор мераванд ва аз он, ки ҳаёти пурбаракаташонро сарфи таълиму тарбияи насли наврас кардаанд, ифтихор доранд. Мавсуф солҳои зиёде дар собиқ гимназияи № 53 ба ҳайси ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ фаъолият намудаанд. Дар иҳотаи шогирдон буданро ба худ мояи ифтихор медонанд. Ин аст, ки кулли шогирдон устодро дӯст медоранд ва нисбаташон эҳтироми хосса мегузоранд. Шогирдон доимо мекӯшанд, ки дар лаҳзаҳои фориғ аз кор бо устод бошанду аз он кас дарси одамгариву зиндагишиносиро омӯзанд. Таъкидан меафзоем, ки устод ҳаёти худро бидуни мактабу мактаббачагон тасаввур карда наметавонанд. Беҳуда нест, ки мактабшиносони варзида се махсусияти омӯзгорро таъкид кардаанд: дониши васеи касбӣ доштан, соҳиби маҳорати баланди педагогӣ будан ва бархӯрдорӣ аз сифатҳои ҳамидаи инсонӣ.
Тамоми фазилатҳои наҷиби инсониро дар симои ин инсони нексиришт дидан мумкин аст. Одаму одамгарӣ ва инсони комил буданро аз ҳама чиз боло медонанд. Андешаҳояшонро бо шоҳбайти зерин тақвият мебахшанд:
Ҳаст ҳар гуна «гарӣ»-ҳо дар забони модарӣ,
Заргарӣ, савдогарӣ, ғоратгарӣ, иғвогарӣ.
Ҳар гарӣ як ҳусн дорад, як амал, як ҷозиба,
Лекин аз ҷамъи гариҳо беҳтар аст одамгарӣ.
 
Устод Тӯрақул Ҷумъаев бар он назаранд, ки инсони хирадманду соҳибмаърифат тавре зиндагӣ мекунад, ки ба дигарон намунаи ибрат бошад, аз шебу фарози зиндагӣ наҳаросида, устуворона гом бардорад ва ба атрофиён таъсири мусбати худро расонда тавонад. Тамоми фазилатҳои наҷиби инсониро дар симои ин инсони нексиришт дидан мумкин аст. 
Як фазилати хеле наҷиб ва инсондӯстонаи устод он аст, ки баҳудаву беҳуда сухан намегӯянд, ҳар суханро дар ибтидо ба мизони ақл баркашида, сипас, ба забон меоранд. Аз суҳбаташон кас сер намешавад. Асоси пешравии фаъолияти омӯзгориро дар мутолиаву эҷодкорӣ мебинанд ва омӯзгорони ҷавонро ҳушдор месозанд, ки бояд пайваста аз пайи такмили шахсият ва дониши худ бошанд ва хотиррасон менамоянд, ки муаллим будан - ин инсони комил будан аст. Барои инсони комил будан ҳар як фард бояд ҳамвора накукору накуандеш бошад, пайваста омӯзад ва омӯзонад, зеро таълими пайваста заминаи ҳамин гуна пирӯзиҳо мебошад.
 
Мансур НУЪМОНОВ, 
доктори илми педагогика, профессор,
Зайниддин АҲАДОВ, номзади илми педагогика

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2021    №: 52    Мутолиа карданд: 497
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед