logo

иҷтимоиёт

МОДАРИ МАТБУОТИ ТОҶИК 96-СОЛА ШУД!

Наваду шаш сол пеш маҳз дар ҳамин рӯз, яъне 15 марти соли 1925, Тоҷикистон ид дошт. Нахустин рӯзномаи навтаъсиси он бо номи «Иди тоҷик» нашр гардид ва аз ҷониби ҳаводорону алоқамандон, дӯстдорони миллат, кишвари ҷавон гарм истиқбол ёфт. Ин сана, воқеан, барои миллату ҷумҳурии мо санаи фархунда ва муборак маҳсуб мешавад. Инчунин, дар ин рӯзу сол устод Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, саромади адабиёти навини мо сарсухани китоби мондагори   худ ва миллат «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро таълиф кард. Дар он, аз ҷумла таъкид намуда буданд: «Қавми тоҷик, азбаски аз рӯзномаҳои ӯзбакӣ дуруст истифода карда наметавонист, надонист, ки Ҳукумати шӯроӣ ва фирқаи иштирокиюн ба масъалаҳои миллӣ чӣ назар дорад. Адибони тоҷик, ки умре ба адабиёт машғулӣ доштанд, дар ин аҳд аз ривоҷу маслаку пешаи худ ба куллӣ маъюс шуда, худро ба гӯшаҳои нокомӣ кашиданд ва ба забони ҳол гӯё ки мутаранними «Он Нили маърифат, ки ту дидӣ, хароб шуд» гардиданд».
«Иди тоҷик» ба «Бедории тоҷик» табдили ном кард, аммо табдили марому мақсад нанамуд, балки барои бедории бештари миллат, боло рафтани сатҳи маърифати сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ, инъикоси таърихи кишвари ҷавон, бо шинохти рисолату масъулият хастагинопазирона хидмат намуд.
Равшанфикрони  миллат  ва  дӯстдорони  он, аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Аббос Алиев, Алӣ Исмоилзода, Саидбоғир Қосимов, Қосим Дайламӣ, Муҳаммадҷон Ҳасанӣ барои худшиносии мардум бо навиштаҳову фаъолияти пурсамари худ мусоидат карданд ва саҳми асосиро гирифтанд. Ҳамчунон, ба ин васила мактаби эҷодии рӯзномаро ба вуҷуд оварданд. Хушбахтона, то ба имрӯз ин масъулияту рисолат ба дурустӣ шинохта шуда ва мактаби эҷодии рӯзнома пойдор мебошад. Рӯзнома, ки баъдҳо бо номҳои «Тоҷикистони сурх», «Тоҷикистони советӣ», «Тоҷикистони шӯравӣ» ва «Ҷумҳурият» табдили ном намуд, ҳамеша инъикосгари рухдодҳои муҳими давр буд. Дар тарбияи мутахассисони соҳаи рӯзноманигорӣ, қаламкашони ҷавон низ саҳми чашмрас гирифтааст.
Ба андешаи устод Садриддин Айнӣ «Газетаи «Тоҷикистони сурх» модари матбуоти Тоҷикистони советӣ, ҳатто модари матбуоти тоҷикии советист, ки имрӯз даҳҳо фарзандони баркамоли республикавӣ, вилоятӣ ва районӣ дорад».
Маҳз аз саҳифаҳои ин рӯзнома мо ба таърихи 96-солаи кишварамон, саъю талоши абармардони миллат ба хотири пойдории сарзамини аҷдодӣ, Ватан, забони нобамон бештару беҳтар ва дурусттар шинос шуда метавонем.
Устодони маъруфу маҳбуб, қаҳрамонҳои Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва адибони баркамол Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Самад Ғанӣ, Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Нур Табаров, Салимшо Ҳалимшо, Маҳмадалишо  Ҳайдаршо, Шодон Ҳаниф, Мутеулло Наҷмиддинов ва дигарон бо навиштаҳову фаъолияти назаррасашон рӯзномаро ҷолибу хонданӣ намуданд ва дар шинохти арзишҳои миллӣ, рушди фарҳанг, покизагии забони давлатӣ саҳми хотирмону фаромӯшношуданӣ гирифтанд.
Дар мавриди аҳамият, мақому мартабаи ин рӯзнома устод Мирзо Турсунзода навишта буданд: «Гумон мебарам, ки ба ҳамин қарибиҳо (марти соли 1925) мо – ҷавонони ташнаи илм, бюллетени «Иди тоҷик»-ро даст ба даст гардонда, бо шавқ мутолиа мекардем ва ба рӯзномаи «Бедории тоҷик» табдил ёфтани онро чун иди калони матбуоти тоҷик бо тантана истиқбол менамудем. Матбуот мактаби адабиёт ҳам ҳаст. Майдони фаъолияти публитсистии ман, майдони муборизаи ман барои умдатарин идеалҳои инсонӣ: сулҳу дӯстӣ низ матбуот аст».
Дигар шахсиятҳои таърихӣ, маъруфу маҳбуби кишвар ин нахустин рӯзномаи Тоҷикистонро на танҳо худ бо шавқу муҳаббати зиёд мутолиа мекарданд, барои он муҳимтарин матлабҳоро менавиштанд, балки бевосита тарғибгараш буданд.
Дар замони Истиқлолияти давлатӣ рӯзнома ба «Ҷумҳурият» табдили ном намуд. Бисту як сол пеш, яъне 14 марти соли 2000 - ум бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми Нашрияи расмии Тоҷикистонро гирифт.
Ҳамин тавр, роҳеро, ки рӯзнома аз оғози таъсисёбияш тай кард, роҳи пуршараф маҳсуб мешавад. Насли нави қаламкашон ва кормандони он давомдиҳандагони расму анъанаҳои неки он ва ҷонфидоёнаш мебошад. Ҳамзамон, бо ташаббусу иқдомҳои наҷиб баромад мекунанд.
Баргузории озмунҳое, аз қабили «Пайрави Пешво», бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, қаҳрамонҳои Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум ва шоиру рӯзноманигори маҳбубу маъруф, корманди собиқи «Ҷумҳурият» шодравон Ғоиб Сафарзода, «Беҳтарин шеъри бачагона», «Тоҷикистон – хонаи умеди мо» дар чанд соли охир мақому маҳбубияти рӯзномаро болотар бурд. Алҳол озмун ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур идома дорад. 
Саҳифаҳои рӯзнома бо матолиби ҷолибу муҳим хонданиянду хотирмон мебошанд. Таъсиси рубрикаву гӯшаҳо ва саҳифаҳои махсус ҳаводорони рӯзномаро афзудааст. Ҳоло бо теъдоди наздик ба 50  ҳазор нусха он ба табъ мерасад.
Пас аз чор сол, яъне соли 2025, рӯзнома ва кишвар иди 100-солагии рӯзномаро баргузор ва таҷлил менамоянд. Албатта, «Ҷумҳурият» дар шабакаи иҷтимоӣ сомонаи худро дорад. Дар назди рӯзнома студия бо номи «Фонус» - ҷаҳони андеша таъсис ёфтаву фаъолият дорад, ки барномаҳои он тариқи Ютуб - канал пешниҳоди хонандагон мегардад.
Аз ҳозир ба ин иди фархунда ҳайати эҷодӣ омодагӣ гирифта истодааст. Таълифу нашри «Қомуси «Ҷумҳурият», фикр мекунем, ки бисёр муҳим ва зарур мебошад. Ҳамчунин, таълифу нашри чандин китобҳои дигар ба ин муносибат ногузир аст.
Дар ҳақиқат, тавре сармуҳаррири ин рӯзнома дар солҳои 1995 - 2000- ум, адиби тавонову маҳбуб Шоҳмузаффар Ёдгорӣ баён доштааст: «Чандин баҳору зимистон омаду рафт. Замона дигар шуд. Одамон дар тӯли ин солҳо гармию сардии бисёре диданд. Ҳатто ба сарашон нохушиҳову балои гуруснагӣ омаду гузашт. Дигар аз он одамону он рӯзгор ба ҷуз якчанд шахс, ки хушбахтона, ҳоло дар ҳисоби зиндаҳо ёдашон мекунанд, касеву чизе нишона намондааст. Аммо рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ», ки «Ҷумҳурият» номгузорӣ шудааст ва мисли солҳои пешин мақому мартабаи баланд дораду ҳанӯз ҳам ин ҷо журналистони барӯманду ҷоннисор кор мекунанд, побарҷост. Табиист, ки одамон меоянду мераванд, лекин ин «гаҳвора» меҷунбаду меҷунбад ва наслҳои нави қаламкашро суруди алла хонда, тарбия мекунад».
Наваду шашсолагӣ ва нашри 97-ум соли онро барои ҳамаи хонандагону ҳаводорон ва дӯстдорони «Ҷумҳурият» табрик мегӯем.
 
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2021    №: 53    Мутолиа карданд: 720
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед