logo

фарҳанг

АВВАЛИН РӮЗНОМАНИГОРЗАНИ “ҶУМҲУРИЯТ”

Музаффара Қосимова соли 1933 ба рӯзномаи “Тоҷикистони сурх” ба кор омада, аз аввалин бонувони қаламкаши ин ҷарида гардид. Роҳи тайкардаи ӯ барои имрӯзиён намунаи ибрат буда, кору пайкораш аз дифои ҳуқуқу озодии занон ҳикоят мекунад.
 
Мавсуф 5 майи соли 1907 дар гузари Чорраҳаи шаҳри Самарқанд,  дар оилаи Абдуллоҷон Абдухолиқов, шоир ва хаттоти машҳури Самарқанд, таваллуд шудааст. Музаффара ҳамроҳи бародаронаш Рашид ва Ғанӣ Абдулло дар мактаби усули нави форсии тоҷикии  Абдуқодири Шакурӣ таҳсил намудааст.  
Дар  18 - солагӣ ҳамроҳи ҳамсараш Абдуҳаким Қосимов, дастпарвари Дорулфунуни коммунистии халқи Шарқ,  барои таҳсил ба омӯзишгоҳи меҳнаткашони шаҳри Москва рафт. Бо ғалабаи  ҳокимияти шӯроӣ муҳити зиндагии одамон тағйир ёфта, аллакай, тобистони соли 1926 дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Самарқанд ҷавонзани гуландоми кокулбуридае бо нишони комсомолӣ мегашт. Номбурда вақти таҳсил дар шаҳри  Москва узви комсомол гардид. Мардум ӯро дар чунин қиёфа дида моту мабҳут мешуданд  Аз байн ҳафтае гузашту дар рӯзномаи «Зарафшон» дар бораи ӯ,  яке аз аввалин занҳое, ки фаранҷиро партофт, мақола нашр  шуд.  Ин  шумора аз даст ба даст мегузашт. Шуҷоати комсомолдухтар на ба ҳама мақбул афтод.  
Дар вазифаҳои мудири китобхонаи Клуби занони тоҷикии шаҳри Самарқанд (1927 - 1928), мудири хона - интернати № 3 - и шаҳри Самарқанд (1928 - 1929), корманди комиҷроияи Ӯзбекистон фаъолият  дошт. Иштирокчии маҷлиси умумии занон, роҳбари вакилони занони Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон  дар Москва буд. 
Моҳи октябри соли 1929 дар маҷлисгоҳи Кремли Москва ҷамъомади фаъолзанони умумииттифоқ баргузор гашт.  Музаффараи  сиёҳабру аз минбари баланд оид ба душвориҳои бунёди сотсиализм, мубориза ба муқобили аксулинқилобчиён, вазъи тоқатнопазири занони шӯравӣ ҳарф зад. Нутқи пурҳаяҷону оташбори бонуи озодгаштаи Шарқ диққати Надежда Константиновна Крупская, инқилобчии машҳур, ҳамсари доҳии пролетариат Ленинро ба худ ҷалб кард. Дар поёни ҷамъомад  Надежда Константиновна бо ӯ ҳамсуҳбат мегардад. 
Музаффара Қосимова ба сифати корманди масъули комитети иҷроияи маркази ҶШС Ӯзбекистон, асосан, дар байни занон корҳои тарғиботӣ мебурд. 
Баъди иштирок дар маҷлиси машварати умумиитифоқии занон (1930) ҳамроҳи шавҳараш ба Сталинобод (имрӯза Душанбе) кӯчиданд. Ин бонуи кордон роҳбари хобгоҳи Ҳукумати Тоҷикистон, мудири қисми илмӣ ва омӯзгори курсҳои занони фаъоли Сталинобод (1930 – 1931) таъйин гардид. 
14 марти соли 1932 Шӯрои Комиссарони Халқии ҶШС Тоҷикистон дар хусуси таъсиси маҷаллаи ҳармоҳа барои занон бо номи “Бо роҳи Ленинӣ” (ҳоло “Фирӯза”) қарор қабул кард. Бо супориши Ҳукумат занони маҳаллии бомаърифат ба ҳайати таҳририяи ин маҷалла ҷалб шуданд. Музаффара Қосимова котиби масъули ин маҷалла (1932 - 1938) таъйин гардид. 
Рӯзноманигори шинохта Қосим Дайламӣ дар хотираҳояш менависад: «Дар кори равнақи журналистикаи тоҷик дар байни занон саҳми Музаффара Қосимова назаррас аст».
Раҳим Ҳошим қайд мекунад: “Музаффара дар оилаи равшанфикроне ба камол расид, ки мисли бародаронаш соҳибқаламони боистеъдодро ба олами адаб додааст. Ӯ ҳамроҳи ман дар мактаби усули ҷадидияи Абдуқодири Шакурӣ таълим гирифтааст. Ӯ як духтари серғайрату оташмизоҷ, ростгӯю ҳақиқатпараст буд”.
Бо гузашти солҳо Музаффара Қосимова дар рӯзномаи “Тоҷикистони сурх” ҳоло “Ҷумҳурият” (1933 - 1939) ба ҳайси мухбир ва аз аввалин занони рӯзноманигор дар ин ҷарида маъруф шуд. Қаҳрамони асосии навиштаҳои ӯ занону духтарони озоду комилҳуқуқ буданд. 
Соли 1982 дар бинои Госплани Тоҷикистон  ба муносибати 50 - солагии маҷаллаи «Фирӯза» маросими тантанавии супоридани мукофот доир шуд. Маҷалла бо ордени «Нишони фахрӣ» қадр гардид. Дар  раёсати маҷлис, дар қатори шахсиятҳои номвар пиразани нуронӣ - Музаффара Қосимова  низ нишаста буд. Ӯ ба ҳозирон пурмаъно ва бо лабони моили табассум менигарист. Эҳсос менамуд, ки ранҷу машаққатҳояш барабас нарафтаанд.
25 майи соли 1992 Музаффара Қосимова дар шаҳри Душанбе аз дунё гузашт. Метавон гуфт, ки ҳаёт ва фаъолияти ин бонуи заҳматкаш таърихи зиндаи озодӣ ва ташаккули ҳувияту ҳайсияти бонувони тоҷик аст. 
 
Саодат ҲАЙДАРЗОДА,
Бахтовар ТЕМИРЗОДА,
олимони ҷавон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2021    №: 53    Мутолиа карданд: 689
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед