logo

иҷтимоиёт

АМНИЯТИ ҒИЗОӢ АМНИЯТИ МИЛЛАТ АСТ!

Дар шароити гузариш ба муносибатҳои иқтисоди бозорӣ, инчунин,  зиёд  шудани  шумораи  аҳолӣ дар ҷаҳон, дастрасӣ ба маводи бехатари озуқаворӣ масъалаи ҳаётан муҳим ва рӯзмарра гардидааст. Ба қавли олимону мутахассисон ва сиёсатмадорони ҷаҳонӣ, барои аз байн бурдани ин мушкилот танҳо талошҳои дастаҷамъонаи байналмилалӣ зарур аст. Бо ин мақсад, Созмони Милали Муттаҳид соли 1985 қатъномаеро қабул намуд, ки дар асоси он ҳамасола 15 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҷлил мегардад. 
 
Дар асоси ин қатънома тамоми кишварҳои ҷаҳон, махсусан кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вазифадоранд, ки барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон барномаҳои махсус қабул намуда, ба шаҳрвандон маҳсулоти бехатари озуқавориро таъмин намоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ расидан ба амнияти озуқаворӣ ва таъмини бехатарии онро яке аз ҳадафҳои стратегии худ эълон карда, то инҷониб даҳҳо барномаҳои давлатиро дар роҳи расидан ба ин мақсад қабулу амалӣ гардонд, ки яке аз онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» (15 майи соли 1997) мебошад.
Бояд гуфт, ки дар кишварамон бисёр одамон то ҳол ҳуқуқҳои худро ҳамчун истеъмолкунанда намедонанд. Надоштани дониши кофии ҳуқуқӣ боис мешавад, ки онҳо ҳангоми харид фиреб хӯранд. Ҳадафи ин қонун пешгирии қонунвайронкуниҳо ва нақзи ҳуқуқи истеъмолкунандаҳо буда, он меъёрҳои ҳуқуқии муносибати байни истеъмолкунанда, фурӯшанда ва истеҳсолкунандаи молро муайян месозад.
Тибқи қонун, истеъмолкунандаҳо ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ аз зарари мол (кор, хизматрасонӣ), бехатарии мол, ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ, маълумот доир ба мол, маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҷуброни пурраи зараре, ки бинобар нуқсони мол расидааст, бехатарии муҳити зист дар мавриди истеҳсол ва муомилоти мол, изҳори назари худ оид ба мол ва муроҷиат ба суд ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои худро доранд. 
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва дигар зерсохторҳои он таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ ва ташхису назорати он мебошад. Зеро мақсад аз таъсиси мақомоти бехатарии  озуқаворӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ҳалли ҳамин мушкилот ва кам кардани такроршавии вазифаҳои хизматии ба ҳам монанд, ҳамоҳангии санҷишҳо, сарфаи маблағҳои буҷет ва кам гардидани монеаҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ, ҳамчунин, пешгирии фаъолияти соҳибкороне, ки мехоҳанд бо роҳу воситаҳои гуногун ба кишвар маҳсулоти пастсифати озуқаворӣ ворид намоянд, дониста мешавад.
Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, ки аз рӯзи таъсисёбиаш то инҷониб беш аз 3 сол сипарӣ мегардад, бо мақсади таъмини бехатарии озуқаворӣ дар доираи қабули барномаҳои давлатӣ, махсусан дар заминаи татбиқёбии «Барномаи бехатарии озуқаворӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023», фаъолиятро дар самти байторию зотпарварӣ, фитосанитарӣ, карантини рустанӣ ва тухмӣ ба роҳ монда, тамоми маҳсулоте, ки дар кишвар истеҳсол ва ё аз хориҷи мамлакат ворид мешаванд,  таҳти  санҷиш ва назорати доимии худ қарор додааст. 
Оид ба ин масъала Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид доштанд: «Таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат ва бехатари озуқаворӣ, ки шарти асосии солимии мардум мебошад, яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад». 
Бо назардошти ин гуфтаҳо, соҳибкорону истеҳсолкунандагони ватаниро зарур аст, ки дастгириҳои давлату Ҳукумати кишвар,  махсусан  Роҳбари мамлакатро дарк намуда, кӯшиш намоянд, ки имкониятҳои мавҷударо баҳри истеҳсоли молу маҳсулоти босифат ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир равона намуда, тавонанд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда фаъолияти худро ба роҳ монанд. 
 
Муҳаммадсаид ФАЙЗУЛЛОЗОДА, 
раиси Кумитаи бехатарии    
озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2021    №: 53    Мутолиа карданд: 632
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед