logo

иҷтимоиёт

САНГВОР. САДОҚАТИ АҲЛИ ЗАҲМАТ БАРАКАТ ДОРАД

26 январ Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»  ироа гардид. Ҷиҳати иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паём зикр гардиданд, нақша - чорабиниҳо бо қарори раиси ноҳия аз 19 феврали соли 2021, № 57,  таҳия ва тасдиқ гардида, аз рӯи он корҳо ба роҳ монда шудаанд, - иброз дошт Маҳмадшоҳ Давлатзода, раиси ноҳияи Сангвор.
Як нукта боиси зикр аст, ки дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, деҳаҳои сераҳолӣ бо иштироки раиси ноҳия ва дигар масъулон   суҳбату вохӯриҳо баргузор гардида, муҳтаво ва нуқтаҳои асосии Паём ба саҳми сокинон расонда мешаванд. Мардуми мо дар даврони соҳибистиқлолӣ аз уҳдаи иҷрои бисёр корҳои ҷиддиву сарнавиштсоз бо сарбаландӣ баромаданд ва ба хотири таҳкими пояҳои давлати миллии худ минбаъд низ содиқона ва софдилона заҳмат мекашанд. Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор 107 иншоот ба нақша гирифта шуд, айни замон 70 адади он дар истифода қарор дорад. Аз шумори иншооти ҷашнӣ 21 – то ба соҳаи маориф, 10 адад ба соҳаи тандурустӣ, 3 ба соҳаи фарҳанг, 11 ба соҳаи варзиш ва сайёҳӣ, 6 ба соҳаи саноат, 7 ба соҳаи роҳдорӣ ва 49 иншоот ба дигар соҳаҳо рост меоянд. Дар сохта ба истифода додани онҳо саҳми хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорону шахсони саховатпеша ва ходимони дин назаррас аст. Дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот корҳои ободонию созандагӣ имрӯзҳо вусъати тоза гирифтаанд.  
Бовар дорем, ки то ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон мо боз корҳои зиёди созандагиро амалӣ месозем, тамоми захираву имкониятҳоро барои бунёди корхонаҳои хурду миёна сафарбар, ҷойҳои нави корӣ муҳайё менамоем ва сатҳи некуаҳволии халқамонро боз ҳам беҳтар мегардонем,-  зикр кард Маҳмадшоҳ  Давлатзода ва илова намуд. - Дар ин раванд вазифаи виҷдониву инсонии ҳар яки мост, ки истиқлолу озодии давлати тоҷиконро чун неъмати муқаддаси ҳаётамон ва мисли гавҳари бебаҳои зиндагиамон гиромӣ дорем ва барои ҳимояи он ҳамеша омода бошем. Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон – Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд. Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем. 
 
Муҳаммадзоиршо 
ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2021    №: 53    Мутолиа карданд: 505
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед