logo

фарҳанг

«ФЕҲРИСТ» - И КИТОБИ «ТОҶИКОН» ВА АҲАМИЯТИ АХБОРИЮ БИБЛИОГРАФИИ ОН

«Феҳристи маъхаз ва таҳқиқотҳои истифодашуда, - менависанд муаллифони рисолаи «Академик Бобоҷон Ғафуров» А. Мухторов ва Ш. Шарифов, - бисёр мукаммал буда, он ҳамаи марҳилаҳои асосии таърихи халқи тоҷикро дар бар гирифтааст. Муаллиф фазилати фавқулода, барҷаста ва хуб огоҳ будани худро аз дастовардҳои донишмандони шӯравӣ ва хориҷӣ зоҳир намудааст. Феҳристи китоб барои муҳаққиқони таърихи халқи тоҷик як сарчашмаи нодир буда, кори онҳоро осон мегардонад».
 
Мавҷудияти унсурҳои мухталифи ахбор ва библиография дар тавсифи сарчашмаҳо мушоҳида мешаванд. «Тавсифи сарчашмаҳо» яке аз қисмҳои умдаи «Феҳристҳо» буда, роҷеъ ба мазмун, шакл ва жанри манбаъ, муаллиф, мутарҷим ва мураттиби асар унвони маъхаз, забон, замон, макон, теъдоди нашр ва амсоли инҳо маълумоти мушаххаси библиографӣ медиҳад. Дар ин қисм афкор ва андешаҳои Бобоҷон Ғафуров оид ба мазмуну муҳтаво, замону макони пайдоиши муҳимтарин сарчашмаҳои таърихӣ ва нақши онҳо дар баррасӣ ва таҳқиқи умдатарин воқеаву ҳодисаҳои таърихӣ арзёбӣ шудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки Бобоҷон Ғафуров, дар ин қисм, беш аз 100 маъхази муҳими таърихиро тавсиф намуда, дар кадом маврид ва барои ҳалли кадом муаммоҳо мавриди истифода қарор додани онҳоро ишора кардааст.
«Тавсифи сарчашмаҳо» ҳамчун дастури мустақими библиографии дохиликитобӣ аз ҷиҳати бандубаст, услуби баррасӣ ва шарҳи мазмуни аснод, ҳамоҳангии навиштаҷоти библиографӣ, солиму мушаххас ифодаёбии фикр ҳампайвастагии матн ва дигар аломатҳо ба яке аз шаклҳои нисбатан маъмули дастурҳои библиографӣ - «суҳбат дар бораи китоб» монандӣ дошта, қодир аст эҳтиёҷоти библиографии истифодабарандагони ахборро қонеъ гардонад ва ба сифати намунаи беҳтарини ин шакли дастури библиографӣ хизмат расонад.
Дар рӯйхат на ҳамаи манбаъҳои мавриди истифода қарордодашуда ворид гаштанд. Дар нашри русӣ (соли 1989) қайд шудааст, ки рӯйхат ҳамаи маводи истифодакардаи муаллифро фаро намегирад ва дар он фақат манбаъҳои иқтибосшуда ворид шуданд (1, саҳ. 391). Рӯйхати сарчашмаҳо ва адабиёти истифодашудаи нашри тоҷикии китобро А. Валиев тартиб додааст.
Муқоисаи манбаъҳои иқтибосшудаи дар поварақ ва рӯйхати ҷойгиршуда нишон медиҳанд, ки на ҳамаи сарчашмаҳои дар поварақ ишораёфта дар рӯйхат ворид гаштаанд. Мисол дар поварақи саҳифаи 155 китоби дувуми нашри тоҷикӣ Бобоҷон Ғафуров таваҷҷуҳи хонандаро ба 35 асари 22 олим ҷалб намуда, дар охир қайд кардааст: «Мо имкон надорем дар сари натиҷаҳои ин таҳқиқотҳо қадре бошад ҳам, муфассалтар таваққуф намоем». 
Инчунин, ба рӯйхати сарчашмаҳо ва адабиёти истифодашуда боз 32 номгӯй маводи бойгонӣ ва 4 номгӯй мақолаҳои дар рӯзномаҳои «Туркестанские ведомости», «Наша газета» дарҷшуда, ки дар поварақи саҳифакҳои китоб ишора шуданд, ворид нагаштаанд.
Дар рӯйхат унвони ҳамаи асарҳо бо забони асл тасвир шудааст. Дар тасвири манбаъҳо чунин унсурҳои тасвир – ному насаби муаллиф, унвони асар, маълумоти зери сарлавҳа, макон ва соли нашр истифода шудаанд. Ин ҷо ду унсур – унвони чопхона ё нашриёт ва шумораи умумии саҳифаҳои асар нишон дода нашудаанд. Манбаъҳои иқтибосии дар поварақи саҳифаҳо ишораёфта, асосан, дорои се унсури тасвир мебошанд: 1) ному насаби муаллиф; 2) соли нашр; 3) саҳифаҳои асар, ҳамон саҳифаҳое, ки бевосита ба онҳо муаллиф муроҷиат кардааст. 
Ҷобаҷогузории мавод дар рӯйхат бо тартиби алифбоӣ анҷом ёфта бошад ҳам, аммо то охир ба ин усул риоя нашудааст. 
Имрӯз муҳаққиқони соҳаҳои мухталифи илм дар таҳқиқотҳои хеш ба осори гаронбаҳои илмии олим такя намуда, онҳоро ҳамчун манбаи муҳими сарчашмашиносӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Ва дар ин ҷода мавқеи матолиби библиографии дар асарҳои Бобоҷон Ғафуров инъикосёфта кам нест.
Омӯзиши мероси илмии Бобоҷон Ғафуров, бавижа шоҳасари безаволи ӯ «Тоҷикон» барои таҳқиқи масоили камомӯхташудаи соҳаҳои мухталифи илм мусоидат мекунанд. 
Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як оила ройгон тақсим намудани китоби «Тоҷикон» - и аллома Бобоҷон Ғафуров иқдоми наҷиб ва ватандӯстона буда, барои дар рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ ва миллатдӯстию ватанпарастӣ тарбия намудани насли наврас ҷиддӣ мебошад.
 
Қурбон ҒУЛОМЗОДА,
директори Муассисаи нашриявии “Ирфон”, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2021    №: 53    Мутолиа карданд: 684
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед