logo

иқтисод

ФАЙЗОБОД. МАЙДОНИ БОҒ ТАВСЕА МЕЁБАД

Ноҳияи Файзобод бо мавқеи ҷойгиршавӣ ва иқлими мусоид барои бунёд ва рушди соҳаи боғу токпарварӣ дорои имкониятҳои хуб шинохта шудааст. Меваҳои ноҳия бо таъму лаззати худ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он кайҳо боз машҳуранд. Аз ҷумла, себҳои навъи “стар кримсон”, “семиренко”, “голден”, “себи хубонӣ”, “крепсон” ва “ҷаннатан”.
Сарвари давлат ҳангоми сафари кориашон ба ноҳия моҳи апрели соли 2014 ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, хусусан мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дастур доданд, ки барои васеъ намудани майдони боғу токзор ва нигоҳубини онҳо тадбирҳои ҷиддӣ амалӣ шуда, ба масъалаи баланд бардоштани ҳосилнокӣ, сифати маҳсулот ва барқарорсозии боғу токзори мавҷуда таваҷҷуҳи зарурӣ дода шавад.
Мардуми меҳнаткаши ноҳия, бахусус, кишоварзон дастуру супоришҳои Президенти кишварро сармашқи кори худ намуда, барои таъмини бозори дохилӣ бо меваи тару тоза талош доранд.
Тавре Абдулҳамид Шоев, сардори шуъбаи кишоварзии ноҳия, зимни суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” зикр кард: "имрӯзҳо мақсади ҳамаи мо, кишоварзон дар сатҳи зарурӣ ва босифат бунёд кардани боғҳои нав мебошад. Ноҳияи Файзобод дар самти кишоварзӣ, бахусус, дар соҳаи боғпарварӣ дар ҷумҳурӣ маъруфу машҳур аст. Соли 2020 барои боғпарварони ноҳия соли вазнин буд, чунки дар баъзе минтақаҳо дарахтони мевадиҳанда дар ҳолати гул кардан буд, ки барф  борида, ба дарахтон зарари ҷиддӣ расид. Дар натиҷа боғдорон ҳосили хуб гирифта натавонистанд. Ба ҳамаи ин душвориҳо нигоҳ накарда, деҳқонон аз минтақаҳои Мискинобод, ки иқлимаш нисбат ба дигар мавзеъҳои ноҳия фарқ мекунад, ҳосили хуби себ ба даст оварда, бо нархи дастрас ба фурӯш бароварданд. Имрӯзҳо соҳибкорон аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ омада себҳои ноҳияро харидорӣ менамоянд". 
- Айни замон дар ноҳия 6031 гектар  боғ мавҷуд аст, ки аз ин 424 гектар токзор ва 134 гектар тутзор мебошад. Ҳоло дар ноҳия 3 ҳазору 668 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, беш аз 2 ҳазору 600 хоҷагӣ ба боғдорӣ машғул аст. Соли гузашта боғпарварон 5457,3 тонна себ ҷамъоварӣ карданд, ки нисбат ба соли 2019 – ум 415,3 тонна бештар аст. Дар ноҳия барои нигоҳдории мева ду сардхонаи замонавӣ фаъолият мекунад, ки ғунҷоиши онҳо 100 тоннаро доро мебошад. Имсол дар сардхонаҳо наздик ба 30 тонна меваи тару тоза захира намудем, - афзуд ҳамсуҳбати мо.  
Деҳқонони ноҳия бо назардошти мавҷуд будани имконият соли 2021 бунёди боз 180 гектар боғи нави меваи содиротӣ дар мавзеъҳои Шулашак, Офтобрӯя, Яккабеду Меҳробод, Саричашма ва Мискинободу Қалъаи Дашт, инчунин, парваришу нигоҳубини навъҳои хушсифату серҳосили ниҳолҳои меваю ангур ва ноил гардидан ба истеҳсоли ҳарчи бештари мева, барқарор намудани боғу токзорҳои мавҷуда, чораҳои ҷиддӣ меандешанд.
 
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2021    №: 53    Мутолиа карданд: 930
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед