logo

фарҳанг

ҲАҶВИ ТОҶИК. МАКТАБИ МАҲОРАТУ КАСБИЯТ ЛОЗИМ

Мақолаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабовро таҳти сарлавҳаи «Касбият аз байн рафтааст» (рӯзномаи «Ҷумҳурият», 9 феврали соли равон, № 2) хонда, ба андеша рафтам. Устод У. Раҷабов масъалаи доғи рӯзро доир ба муносибати атрофиён нисбати ин жанри адабӣ назди хонандагон ба миён гузоштааст.
Ҳунарманди асил дарди ҷомеаро бо тамоми ҳастӣ, дониши касбӣ ба  риштаи тасвир кашидааст. Устод менависанд: «Ҳаҷв на он аст, ки мардумро бихандонӣ. Хандондани одамон ҳаҷв нест, масхарабозӣ, сафсатагӯйӣ аст».
Аслан ҳаҷв чист? Дар фарҳанги забони тоҷикӣ омадааст: ҳаҷв мазаммат, масхара аст ва чуноне Бедил менигорад:
То ба ин даргоҳ рӯ овард,
Хирсу бузина ҳаҷви одам кард.
Воқеан, сӯзу сӯхтанҳои панди масъулиятшиносро бо хубӣ дарк менамояд. Зеро ки ӯ нахустин санъаткори шуҳратёр буд, ки тайи даҳсолаҳо мактаби худ - театри «Оина» - ро аввали солҳои 90-уми асри гузашта бунёд намуда, ҳаҷвнигорони хушсалиқаро дар атрофи худ гирд овард. Истеъдоди нодиру нотакрор ба Убайдулло Раҷабов имконият дод, ки яке аз маҳбубтарин ҳаҷвнигорони асил гардад ва бо нақшҳои дилангезаш хотири  тамошобинро шод гардонад. Намоишҳояшро мардуми ҷумҳурӣ ҳеҷ гоҳ фаромӯш  намекунад.
Вале, афсӯс, ки то ҳол ҷамъияти мо на ҳаҷвро медонанду на ба қадри заҳматҳои ҳунарманд мерасанд. 
Ҳунарманд бамаврид зикр менамояд, ки ҳаҷв дониш, фаҳмиш, дарк, зарофатро аз ҳаҷвнигор хостгор аст. 
Як тамоюли номатлуб дар байни эҷодкорони саҳна роиҷ мебошад, ки устод онро чунин шарҳ додааст: «Не, фориғ нишастан, қонеъ будан марги ҳунари эҷодкор аст. Бадии кор дар он аст, ки бо ду-се саҳнача санъаткори хасакӣ  дарҳол гӯё ба қуллаи баланди эҷодиёт баромадаву бо ҳамин рисолати хешро баанҷомрасида мепиндорад ва гумон мекунад, ки ӯ якто мебошаду машъали санъат ба шумор меравад. Аслан, ҳунарманди асил ҳамеша аз пайи ҷустуҷӯ, тамрину омӯзиш ва сайқал додани ҳунари худ мебошад.
Бесабаб устоди саҳна У. Раҷабов дар матлаби худ ин тавр зикр накардааст: «Ҳаҷвнигор ҳақ надорад, ки аз олами адабиёт дар канор бошад. Ӯ бояд аз миёни даҳҳову садҳо навишта, гуфта, лаҳзаҳо барои мардум, аҳли ҷомеа якеро интихоб карда битавонад ва  ба онҳо дуруст, бамавқеъ рангуоби бадеӣ бахшад».
Дар ҳудуди кишвар даҳҳо театру филармония, қасрҳои фарҳанг ва садҳо санъаткор мебошад. Вале ба ҷуз Убайдулло Раҷабов ва Фаррух Қосимов дигарон мактаби эҷодии худро накушодаанд.  
Ҳунармандон ба як беморӣ мубталоянд. Бояд тамошобин, мардум ба назди онҳо биёяд. Вале, таърих гувоҳ аст, ки санъаткорони пешин аввал назди мардум мерафтанду ҳунари худро намоиш медоданд ва дар сурати ба даст даровардани маҳбубият мухлисон дар ҷустуҷӯи ҳунарманди писандида ҷаҳд мекарданд.
Дар муаррифии ҳунарманду санъат-кор, ҳаҷвнигор мавқеи Вазорати фарҳанги кишвар бояд назаррас бошад. Дар хотир надорам, ки солҳои охир вазорат вохӯрию шабҳои эҷодии санъаткоронро гузаронда бошад. Баҳона нарасидани маблағ ва ё такя ба қарори Ҳукумату бемории коронавирус ва чанд сабаби дигар.  Дар сурати чунин  будани ҳолати кор магар санъаткор  ҳунари худро сайқал дода метавонад. Ҳаргиз не! Устоди  ҳаҷв дуруст менависад: «Ҳунармандӣ масъулиятро тақозо дорад. Ва, инчунин, Вазорати фарҳанг низ».
Нигоштаи устоди саҳнаи ҳаҷв таконе дар ҳаёти санъати театри ҳаҷв ба миён меорад ва оянда дастандаркорони санъат пайи бартараф кардани камбудию нуқсонҳои зикргардида чораҷӯӣ мекунанд. Бовар дорем, ки бо нав шудани садорати Вазорати фарҳанг диди масъулин ба ин соҳаи муҳими ҷомеапарвар низ нав мешавад.
 
Зариф ҒУЛОМ, адиб
Суратгир: Комрон САФАР,“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2021    №: 53    Мутолиа карданд: 734
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед