logo

фарҳанг

НАХУСТИН ЗАМЗАМАГАРИ ТАРОНАИ МОДАР

Дар адабиёти пешинаи мо ситоиши модар аз Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шудааст: 
 
Зи гетӣ ҳаме панди модар ниюш, 
Ба бад тез маштобу бар бад макуш. 
 
Шабу рӯз чун ҷон гироми-ш дор,
Ки чун ҷон бипарвардат дар канор!
 
Дар адабиёти муосири Тоҷикистону Эрон Мирзо Турсунзода ва Эраҷ Мирзо аз нахустин вассофони симои мондагори модар ба шумор мераванд. Аз муҳтавои ашъори ба модар бахшидаи устодони каломи бадеъ Мирзо Турсунзода («Модарам», «Дили модар», «Дасти модар») ва Эраҷ Мирзо («Модар») хонандаи бофарҳангу адабдӯсти мо бархӯрдор аст. Аммо, ба пиндори ин ҷониб, дар арсаи ҳунари тоҷик, бавижа ҳунари овозхонӣ, дар васфи модар бори нахуст устод Зафар Нозим суруд хондааст ва он ҳам суруди «Модар»-и худро, ки ба нимаи аввали соли 1960 рост меояд. Зафар завқи шеърнависӣ ҳам дошт. То эҷоди ин суруд дар консертҳояш суруди «Гулдаста»-ашро тараннум мекард. Омехта бо таронаҳои мардумӣ чизҳои дигареро ҳам месароид. Баъди даргузашти модари маҳбубу ғамгусораш ин матн ба қалам омад ва барномаи сурудҳояшро басо рангин кард. Ҳаводорони санъати ӯ аз оғози ҳунарнамоиҳояш дар саҳна иҷрои ин таронаи ҳузнангезро хоҳиш менамуданд:
 
Чароғи шоми ҳиҷронам маро партофта рафт,
Гули якрӯза меҳмонам маро партофта рафт.
Фалак дар ларза меояд, зи дида хун ҳамеборад, 
Аниси булбуловозам маро партофта рафт…
 
Аз байти мақтаъ (охир)-и суруд: 
Зафар, хезу паноҳат бар Худо кун,
Аҷал гар бевафо бошад, вафо кун.
дарёфтан мумкин аст, ки бандҳои дигар бо қитъаи намунаоварда ҳамвазн нестанд, аммо ба ҷиҳати равониву асаргузорӣ шунавандаи таҳти таъсири садои ниҳоят олӣ ва оҳанги басо дилнишинмонда аслан ин заъфро ҳис намекард.
Ба далели нуқси орояҳои адабиву ҳунарӣ шояд шӯрои бадеии вақти Кумитаи радиову телевизион машварати сабти онро надода бошад, аммо суруд аз ҷониби устод Зафар бисёр муассир ба гӯш мерасид (зимнан, мухлисони ӯ то ба имрӯз он сабтро ҳифз кардаанд). 
Адои ин суруд дар бораи модари мушфиқу меҳрубон ҳеваашро нашикаст (Фикр мекунам, ки вожаи ҳева бостонист ва тағйирёфтаи ҳавас нест).
Устод Зафар чун дар бахши форсии факултаи шарқшиносӣ муддате таҳсил карда буду бо хатти ниёкон ошноӣ дошт, адабиёти бародарони форсизабонро низ тагурӯ кард. Ниҳоят, матни муддаои дилро ба даст овард: «Модар»-и Маҳдии Суҳайлӣ:
Боз омадам ба кӯйи ту, эй қиблаи умед,
Эй модаре, ки соҳати ҷонам сарои туст
Боз омадам, ки бӯса занам бар мазори ту,
Эй модаре, ки ҷону дили ман фидои туст.
 
Ғамхона аст синаи ман дар фироқи ту,
Он кас, ки ҳаст аз ғами ман бохабар, Худост.
Огаҳ набудам аз ғами бемодарӣ, вале,
Маргат паём дод, ки бемодарӣ балост.
 
Нақароти байни ин ду бандро: 
Оҳ, модарам, модарам, 
Ҷон, модарам, модарам,
Эй, модарам, модарам.
 
устод Зафар илова кардааст. 
Нимаи дуюми соли ҳафтод ин матн бо оҳанги мутантан хонда шуд ва «Модарнома»-и устодро то ҷое пурра кард. Ин суруд аз тариқи радиову телевизион шунавонда мешавад, ки мояи хушҳолии мо - алоқамандони ҳунари баланди ин ромишгари мумтоз ҳам мебошад. 
Ва «Модар»-и Назри Яздонӣ сеюмин шеърест, ки бо оҳанги басо марғуб зинатбахши силсилаи сурудҳои дар васфи модар мехондаи устод Зафар Нозим шудааст.
Матн аз панҷ банд иборат буда, ин ҷо танҳо қитъаи аввали онро зикр мекунем:
 
Модар, модар, ёди парешон Модар, 
Модар, модар, чароғи сӯзон Модар.
Афсурдаву хушкида дар чашми тарам,
Пайваста чу шохаи шукуфон модар…
 
Эҳсос мешавад, ки шеър ба ҳавои таронаҳои мардумӣ иншо шудааст. Танини оҳанги матн ба дил фараҳ мебахшад…
 
Сулаймон АНВАРӢ, устоди ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2021    №: 53    Мутолиа карданд: 728
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед