logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ. ЯК УМР БО ҚАЛАМ

Пири журналистикаи тоҷик. Месазад ин таъбирро дар шахси Самандар Искандаров баён дошт. Зеро ӯ аз зумраи нафаронест, ки як умр баҳри саодати халқ авроқи сафед рангин кардааст. Солҳо дар рӯзномаҳои «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият»), «Минбари халқ» ва «Омӯзгор» фаъолият намуда, ҳоло муҳарририи маҷаллаи илмӣ – таҳлилии «Қонунгузор» ва китобдории Маркази миллии қонунгузории назди Президенти кишварро ба уҳда дорад.
Рӯҳи хастанопазири қаҳра-мони мо аз қуввату қудрати қалам аст. Ҳамин аст, ки дар 75 - солагӣ ҳам қалам миёни ангуштони ӯ печутоб хӯрдаву рӯи саҳфа ҳунарнамоӣ мекунад. Публитсист баҳри иҷрои рисолате, ки бар дӯш дорад, дастоварду пешрафт ва ноҷӯриҳои ҷомеаро ба риштаи таҳлил мекашад. 
Самандар Искандаров солҳо мудири шуъбаи иқтисод, давлат ва сиёсати рӯзномаи «Ҷумҳурият» буд. 
Мавзӯъҳои баррасинамудааш перомуни шаклҳои нави хоҷагидорӣ ва соҳаҳои иқтисодиёту ҳуқуқ аз аҳамияти вижа бархӯрдор буданд. Масоили марбут ба соҳаи маориф, махсусан мактабҳои олиро, мӯшикофона баррасӣ намудааст. 
Тарҷумонӣ низ ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти ӯст. Солҳои зиёд дар Эрону Афғонистон ба ҳайси тарҷумон фаъолият дошт. 
Хизматҳои шоёни Самандар Искандаров ҳам аз ҷониби ҳукумати вақт бо ордени Ситораи Сурх (1986), Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС (1988),  медалҳои 70-солагии КМ ПК ИҶШС (1988), медали Ҷанговари башардӯст (1986), «Шараф» (1998) ва нишонҳои Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва ғайра қадр шудааст.  
Асарҳояш бо номҳои «Бозтоби замон», «Шинохт ва дармони бемориҳои рӯҳӣ», «Раҳовард», «Ғаюр Сафаров: ба Ватанам сарбозӣ мехоҳам», «Роғун – арсаи номус» ва «Нанг» - ро хонандагон хуш пазируфтаанд. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2021    №: 53    Мутолиа карданд: 627
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед