logo

иҷтимоиёт

ИШКОШИМ. ИСТИҚБОЛИ ГАРМИ МАРДУМ АЗ ДАСТГИРИҲОИ ПАЙВАСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳияи Ишкошим зиёда аз 110 иншооти таъйиноти гуногун бо харҷи беш аз 120 миллион сомонӣ бунёд гардид. Сохтмони бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, муассисаҳои таълимии замонавӣ ва синфхонаҳои иловагӣ, манзилҳои истиқомативу нуқтаҳои хизматрасонӣ, хатҳои обгузар, неругоҳҳои хурди барқӣ ва таҷдиду барқарорсозии даҳҳо инфрасохтори сайёҳӣ маҳз дар ҳамин давра амалӣ гардиданд.
 
Тавре  раиси ноҳия Мусо Мирзозода дар суҳбат гуфт, ноҳияи Ишкошим бо табиати асрорангез ва чашмаҳои гарму шифобахшаш имрӯз яке аз минтақаҳои ҷолиби диданӣ барои ҷаҳонгардон маҳсуб меёбад. Ин нуктаро тобистони соли сипарӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру деҳоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мулоқот бо фаъолони вилоят зикр намуда, вазорату кумита ва дигар ташкилотҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор намуданд, ки ба рушди ҳамаҷонибаи ноҳияи дурдасти Ишкошим таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. 
Дар ҳақиқат, чашмаҳои шифобахши Гармчашма, Сист, Баршор, Авҷ, Удит, Даршай, Бибӣ Фотимаи Заҳро, Вранг, Ширгин ва Зонг таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб ва барои рушди соҳа заминаи воқеӣ мегузоранд. Рафтуомади сайёҳон ба ин минтақа дар фаслҳои баҳору тобистон зиёд гардида, барои истироҳати онҳо дар ноҳия бунёди меҳмонхонаҳои замонавӣ ва нуқтаҳои хизматрасонӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ афзуда истодааст. Давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар деҳоти ноҳия зиёда аз 20 бинои нави муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд.
Солҳои охир маркази ноҳия бо қомат афрохтани иншооти таъйиноти мухталиф ба шаҳраки зебои замонавӣ табдил ёфтааст. Соли гузашта барои кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ки солиёни дароз дар як иморати куҳна фаъолият мекарданд, бинои нави 3-ошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҷиҳати беҳтар кардани шароити будубоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ биноҳои истиқоматии 24- ҳуҷрадор сохта, дар ихтиёрашон гузошта шуд. Бунёди бинои нави филиали № 72-и Бонки давлатии амонатгузорӣ - “Амонатбонк” дар шаҳраки Ишкошим ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии бонкӣ ба мизоҷон мусоидат кард. Бо бунёди биноҳои нави муассисаи таҳсилоти ибтидоии рақами 17, маркази рушди барвақтии кӯдак, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохта шуд, ба шаҳрак ҳусни нав зам гардид. Соли сипаригардида, бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ 5 километр роҳи кӯчаи марказии ноҳия, ки чандин сол рӯи таъмирро надида буд, мумфарш ва чароғон шуд.
То ҳол дар деҳаи Удити Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков бо маблағгузории шарикони рушд дар масофаи 4500 метр хати оби нӯшокӣ ва дар деҳаи Зонги Ҷамоати деҳоти Зонг бинои маркази саломатӣ, аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ дар мавзеи Инефи Ҷамоати деҳоти Вранг мағозаи тиҷоратӣ ва маркази хизматрасонӣ, меҳмонхона дар назди чашмаи Бибӣ Фотимаи Заҳро мавриди истифода қарор гирифтанд, 
Имрӯзҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободонӣ дар ноҳия вусъати тоза пайдо кардаанд. Корҳои сохтмонӣ, махсусан дар иншооти ҷашнӣ, мисли сохтмони бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Птуп, ҳаммом, сартарошхона дар деҳаҳои Вранг, Птуп, Шитхарв, Қозидеҳ, Андароб, биноҳои маъмурии нозироти андоз, бахши ҳифзи муҳити зист, адлия, майдончаи варзиш ва бозии кӯдакон дар маркази ноҳия босуръат идома доранд.  
Дар баробари ин, ҳоло навсозии бинои беморхонаи минтақавии Туғгоз барои 25 кат дар Ҷамоати деҳоти Птуп, сохтмони маркази хизматрасонӣ дар мавзеи Тричи Ҷамоати деҳоти Вранг ва бинои муассисаи таҳсилоти умумии рақами 21 барои 640 ҷой бо арзиши лоиҳавии 24 миллион сомонӣ оғоз гардид. 
Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор дар маркази ноҳия бунёди сехи дӯзандагӣ барои 100 нафар бо харҷи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ, сохта ба истифода додани корхонаи истеҳсоли асфалт ва сохтмони бинои беморхонаи минтақавии деҳаи Вранг барои 30 кат ба нақша гирифта шудааст. Сохтмони хати оби нӯшокӣ ва обу ташноби Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” аз тарафи маъмурияти ин муассиса ба арзиши 2947 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот ба ҳолати имрӯза 65 фоизро ташкил медиҳад. Дар деҳаи Лангари Ҷамоати деҳоти Зонг бошад, бунёди хонаи фарҳанг идома дорад. 
- Сокинони ноҳия дастуру супоришҳои Пешвои миллатро бобати ба кор даровардани заминҳои нав ва афзун гардондани маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳбарӣ гирифта, сол ба сол заминҳои бекорхобидаро шодоб мегардонанд. Имсол нақша аст, ки ҳиссаи кишти ғалладонагиҳо аз ҳисоби ба кор андохтани заминҳои нав зиёд ва фоизи таъминоти аҳолӣ бо ин намуди маҳсулоти худӣ баландтар бардошта шавад. Ояндаи наздик ба он муваффақ хоҳем шуд, ки аз воридоти орд ба ноҳия худдорӣ намуда, ба содироти ғалла ба дигар минтақаҳои кишвар оғоз бахшем. Дар ин самт, аллакай, корҳои муайян роҳандозӣ шудаанд. Баровардани хати об ба заминҳои бекорхобида ва ба кор андохтани дигар заминҳо аз ҷумлаи ин иқдомот мебошанд. Ҳамаи ин пешравиҳо бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадаанд. Мардуми ноҳия бо арзи сипос аз дастгириҳои пайвастаи Президенти кишвар аз ин ноҳияи дурдасти мамлакат ва пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар рушду тараққиёти ноҳия ҳарчи бештар ҳиссагузорӣ мекунанд, - бо хушнудӣ иброз дошт раиси ноҳия.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.03.2021    №: 54    Мутолиа карданд: 691
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед