logo

иҷтимоиёт

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА ДАР ХАТЛОН

Дар кохи фарҳанги шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, ба хабарнигори «Ҷумҳурият», гуфт, ки ҷамъомадро прокурори вилоят Абдураҳим Раҳимзода ифтитоҳ бахшида, пас аз шодбошии ҳамкасбон, суханро ба раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дод.
Раиси вилоят аҳли толорро ба муносибати иди касбӣ – Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура самимона табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки аз оғози даврони истиқлолият кормандони прокуратура бо хизмати содиқонаи худ намунаи олии хизмат ба Ватанро нишон дода, дар шароити муқовимати шадиди мусаллаҳона вазифаи муқаддаси хешро дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ сарбаландона иҷро намуда, дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки волоияти қонун асоси онро ташкил медиҳад, саҳми арзанда гузоштанд.
Солҳои соҳибистиқлолӣ имконият ба вуҷуд омад, ки сохтмон ва азнавсозиҳо ҷараёни тоза гирифта, шароити корӣ дар мақомот  беҳтар шавад. Дар ин давра бунёди биноҳои нав ва иловагии прокуратураи вилоят ва ҳамаи прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо аз таъмири хушсифат бароварда шуд. Дар ноҳияҳои Восеъ, Ёвон, Фархор, Балҷувон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш, Данғара, Муъминобод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҷайҳун, Хуросон ва шаҳри Бохтар биноҳои нав бо тарҳи зебои замонавӣ ба истифода дода шуда, дигарашон таъмир гаштанд. 
Таъкид шуд, ки вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозанд, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. 
- Бовар дорем, ки ҳар кадоми шумо манфиати давлату миллат ва обрӯи касбии худро муқаддас дониста, минбаъд низ риояи бечунучарои қонуният ва иҷрои талаботи интизоми хизматиро дар сафҳои худ тақвият мебахшед ва дар таҳкими волоияти қонун, ҳимояи дастовардҳои сокинони вилоят саҳми арзанда гузошта, ҳомии боэътимоди халқу Ватан будани худро собит менамоед, - афзуд Қурбон Ҳакимзода.
Дар ҷамъомад, инчунин, як қатор собиқадорони мақомоти прокуратура баромад карда, доир ба фаъолият ва нақши ин ниҳод дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва таъмини волоияти қонун изҳори назар карданд.
Сипас, ба чанде аз кормандони пешқадам ва собиқадорони мақомоти прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба муносибати рӯзи иди касбиашон ифтихорнома ва мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тақдим шуданд. 
 
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.03.2021    №: 54    Мутолиа карданд: 852
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед