logo

сиёсат

ПАЁМ. РӮҲБАЛАНДИИ ДЕҲҚОНОН АЗ ИҚДОМИ ЗИНДАГИСОЗ

Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишоварзӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок арзёбӣ шуд. Зеро бе рушди соҳа муваффақ шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – таъмини амнияти озуқаворӣ аз имкон дур аст. Иқдоми наҷибе, ки ин навбат низ аз ҷониби Пешвои миллат ба амал омад, ниҳоят муҳиму саривақтӣ буда, кишоварзону деҳқонон, аз ҷумла мо – ангурпарваронро, рӯҳбаланд гардонд, зеро кишоварзон барои як сол аз пардохти андози ягона озод шуданд. 
Чунин дастгириву имтиёзҳо ҳавасмандии деҳқононро даҳчанд афзуда, боиси ҳалли мушкилоти кишоварзон мегардад. Маблағе, ки мо ҳамасола барои ин намуди андоз месупурдем, акнун  барои афзудани ҳосилнокӣ, дастрасии кишоварзон бо техникаю мошинолоти зарурии соҳа, таъмири роҳҳо, ободии деҳаю маҳалла,  инчунин, ёрии моддӣ расондан ба қишри осебпазири ҷомеа, аз ҷумла пиронсолону шахсони яккаву танҳо, сарф хоҳем кард.
Мавриди зикр аст, ки соли 2015 дар ҳамаи сохтори савдо кишоварзон аз андози чаканафурӯш озод шуданд. Дар маҷмӯъ, ҳамаи имтиёзу сабукиҳое, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба соҳаи кишоварзӣ дода шуд, ба мардум илҳоми тоза бахшида, боиси афзоиши маҳсулоти худӣ, ғанӣ гардидани бозори истеъмолии мамлакат, содироти маҳсулот ва таъмини амнияти озуқавории кишвар гардидааст. 
Мусаллам аст, ки боғу токпарварӣ соҳаи афзалиятнок ва даромаднок  ба ҳисоб рафта, дар таъмини амнияти ғизоӣ, зиёд намудани ҳаҷми содирот ва бо ҷойи кор фаро гирифтани сокинони маҳаллӣ нақши муҳим мебозад. Бо назардошти ин, имрӯз дар мамлакат ҷараёни бунёди боғу токзор вусъати тоза пайдо карда, боғҳои калони мевадиҳанда доман паҳн мекунанд. Боиси ифтихор аст, ки меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон дар дохилу хориҷи кишвар шуҳрати хоса пайдо карда, харидори зиёд доранд. 
Хоҷагии деҳқонии мо бо номи “Ҳоҷӣ Неъмат” соли 2011 ташкил шуда, масоҳати умумии замини он 105 гектарро ташкил медиҳад.  Дар он 165  саҳмдор кор мекунад, ки ҳар кадоми онҳо низ аз 5 то 10 нафар коргар доранд. Аз он 102  гектар замини корам буда, дар он боғ бунёд шудааст. Дар хоҷагӣ ангури навъҳои «Ҳусайнии сафед ва сиёҳ», “Чиликии арӯсии сафеду сиёҳ”, «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», «Кишмиши сафеду сиёҳ» ва “Президент” парвариш мешавад. Истеҳсоли ангури навъи “Президент” як сол мешавад, ки ба роҳ монда шуд. Зимни сафари корӣ бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин намуди ангур “Президент” ном гузоштем. Ин навъи ангур як тарафаш сафед, як тарафаш сурх, пӯсташ ғафс, сифати хуб дошта, серхаридор ва барои содирот мувофиқ мебошад. 
Соли гузашта аз як гектар 30 – 40 тонна ҳосил гирифтем. Оянда кӯшиш дорем, ки ҳаҷми истеҳсоли онро ба 50 – 60 тонна аз як гектар, расонем. Мо маҳсулоти хоҷагиамонро ба хориҷи кишвар - Россия, Қирғизистон, Қазоқистон ва Афғонистон содирот мекунем. Танҳо ба Қазоқистон 87 тонна меваи шаҳдбори хоҷагӣ содир шуд. Инчунин, ангури навъҳои гуногунро дар дохили кишвар, аз ҷумла вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе  ва ноҳияҳои тобеи марказ, ба фурӯш баровардем. Боз ният дорем, ки ба давлатҳои Аврупо низ содирот намоем. Бо ин мақсад, соли сипаришуда дар шаҳри Турсунзода ҶДММ “Меваю сабзавоти шаҳри Турсунзода” ташкил шуд, ки ба хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр барои содироти меваю сабзавоти истеҳсолнамудаашон кумак мерасонад.             
Хоҷагии мо аз соли 2019 инҷониб ҳамчун хоҷагии тухмипарвар низ ҳисобида мешавад. Соли гузашта дар заминҳои камҳосил тухмии гандуми навъи “Фарғона 1” кишт кардем. Бо ба роҳ мондани корҳои саривақтии агротехникӣ аз як гектар то 45 сентнер ҳосил ба даст овардем. Дар маҷмӯъ, 36 тонна гандум ҷамъоварӣ намуда, аз ин 23,5 тонна тухмии тозаи хушсифату пешпазаки серҳосилро ба кишоварзон пешниҳод кардем.  
Дар баробари расондани миннатдории худ ба Пешвои муаззами миллат, инчунин, боз як пешниҳод доштам. Дар робита ба ин иқдоми наҷиб аз Ҳукумати мамлакат мехостем, ки оянда барои кишоварзон тартиби андозбандӣ мувофиқтар гардонда шавад. Чунонки медонем, ҳоло чанд намуди андозбандӣ мавҷуд аст. Масалан, агар хоҷагидор кироякор фармояд, аз ҳисоби музди кироякор 25 дарсад андози иҷтимоӣ ва барои даромади шахсони воқеӣ 13 дарсад андоз месупорад. Ё ин ки агар маҳсулоти кишоварзӣ коркард шавад, то 6 дарсад андози содакардашуда супурда мешавад. Чунин навъи андозсупорӣ ба кори кишоварзон мушкилиҳо пеш меорад. Агар тартиби ситондани андоз вобаста ба дараҷаи ҳосилнокӣ ё мавсими кишт ҷорӣ шавад, ба манфиати деҳқонон хоҳад шуд.      
 
Неъмат УСМОНОВ, 
сардори хоҷагии деҳқонии
«Ҳоҷӣ Неъмат» - и шаҳри Турсунзода
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.03.2021    №: 54    Мутолиа карданд: 1026
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед