logo

фарҳанг

ҶИЛВАҲОИ МИНБАРИВУ АМАЛҲОИ БЕСАРӢ

Намоиши филми мустанади “Бешарафӣ” аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ парда аз рӯи шахсияти як нафари гумроҳ, ки дар асл ҳақиқати зотии худро фаромӯш намуда даст ба ҳамагуна амалҳои нангин задааст, фош намуд. Бо тамошои ин филми ҳуҷҷатӣ бешарафии яке аз чеҳраҳои марказии ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин ошкор гардид, ки пайваста мисли воизони мунофиқ аз минбар худро чун "мусичаи бегуноҳ" нишон дода, ҳамеша кораш туҳмат задан нисбат ба дигарон, ҳатто сангандозӣ ба сӯи давлату миллати тоҷик аст. 
Воқеан, таҳиягарони филм тавонистаанд, ки дар натиҷаи ҷустуҷӯ, ковишҳо ва кашфи асрори зиндагонӣ ва амалҳои пасипардагии ин шахси гумроҳ чеҳра аз симои аслии ӯ бардоранд ва нишон диҳанд, ки дар асл ин воизи гӯё “покбоз” кист? Агарчи ӯ худ бо сохтакорӣ нисбат ба нафарони зиёде маводу матолиб пахш кардаву туҳматҳо мебофт, то бо ин роҳ бешарафиҳояшро пинҳон созад, аммо ҳақиқати зиндагиашро бори дигар ин филм дар чашми мардум кушод. Филми “Бешарафӣ” чеҳраи онеро ошкор намуд, ки худро гӯё инсони содиқ ба ормонҳои исломӣ гирифта, аз минбари шабакаҳои худ фарёд мезанад, дар асл кӣ будааст ва достони фурӯхташудагии ӯ аз куҷо оғоз меёбад. Тавассути намоиши ин филми мустанад ҷомеаи кишвари мо огоҳ гардид, ки дар баробари гумроҳ кардани нафарони зиёде, фиреб кардани онҳо М. Садриддин ҳамчун намояндаи ҳизби террористӣ - экстремистии наҳзати исломӣ даст ба амалҳои номатлубе мезанад, ки на танҳо ба номи инсон, балки мусалмонӣ иснод меоваранд. Дар филм нафарони мушаххас ва дақиқу аниқ вақте аз ин амалҳои бад ва рафтори хилофи меъёрҳои ахлоқи инсонии ӯ сухан мекунанд, кас дар ҳайрат меафтанд, ки чӣ тавр чунин инсон дидаву дониста ва бешармона дар баробари чунин амалҳои нопок бо забони дароз аз минбарҳои баланд сухан мегӯяд. Хоссатан, инсоне, ки  ба гуфтаи коршиносони филм танҳо нафарони аз ҳадди инсонии хеш берун баромада ё дорои бемориҳои равонӣ чунин ҳарф мезананд. 
Шарҳи муфассали кирдорҳои зишти ин гумроҳ ва бешарафиҳои ӯ бори дигар собит мекунанд, ки ҳамон воизони мавриди интиқоди Ҳофизи Шерозӣ дар ҳама давру замон будаанд:
Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.
Рафтори воизоне чун М. Садриддин шоири бузург Ҳофизи Шерозиро низ дар ҳайрат гузошта буд, ки пеши худ суол гузорад:
Мушкиле дорам зи донишманди маҷлис боз пурс,
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд.
Ҳадафи ин гурӯҳҳои бадхоҳ маълум аст ва инсоне, ки худ рафтору кирдори бад дорад, ҳеҷ гоҳ мақсади пок дошта наметавонад. Имрӯз ҳамаи ободиву пешрафтҳои назарраси кишвари азизи моро нодида гирифтан ё аниқтараш аз сари бемории равонии бадманишӣ ҳамеша бад гуфтан ба ин гурӯҳ чун як дарди бедаво шудааст. Зеро тамоми неруи чашму дили покбин дар вуҷудашон ба поён расидааст. Барои чашми некбин доштан, ниятҳои хайру покро соҳиб шудан лозим аст.  Бухлу ҳасад ба дараҷае вуҷудашонро фаро гирифтааст, ки дигар барои андешаву рафтори нек дар он ҷойе намондааст. 
Албатта, далелҳои қотеи ин филм бори дигар моро ба ин бовар мерасонад, ки М. Садриддин ва ҳаммаслакони ӯ барои ҷавоб додан дар назди хоҷагони хеш ба чунин корҳои пасту амалҳои номатлуб қодир ҳастанд. Муҳим он аст, ки намоиши филми мазкур, махсусан суханони нафарони гумроҳшуда аз дасти амалҳои ӯ ва муроҷиатҳояшон чашми мардумро бори дигар барои шинохти ҳақиқати чунин инсонҳои ватанфурӯш боз  намуд.  Баробари ин, ба ҷомеа ва мардум, хоса ҷавонон як бори дигар ин филм ҳушдоре дод, ки ба ҳарзаву гуфторҳои туҳматолуд, бадандешиву бадгӯиҳои ин гурӯҳҳо дода нашуда, ба дарки ҳақиқати ин нукта бирасанд, ки дар асл ин ватанбезорони бешараф кистанд? Онҳо бо чунин амалҳои нангинашон ҳеҷ гоҳ ҳуқуқи аз номи Ватани азизи мо  сухан карданро надоранд. 
Дар ҳошияи талқин ва маърифати ғояҳои ин филм имрӯз мардуми мо, хоса ҷавононро зарур аст, ки ба дарки зарурати таъкидҳои Пешвои муаззами миллат дар мавриди аз даст надодани зиракии сиёсӣ, ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таҳкими ваҳдати миллӣ бирасанд ва барои муҳофизати арзишҳои бузурге чун истиқлол, ваҳдати миллӣ, оромиши Тоҷикистон ва таъмини амнияти ҷомеа тамоми талошу кӯшишҳои хешро харҷ намоянд. Хушбахтона, имрӯз мардуми тоҷик ба қадри ин неъматҳо, хоса ваҳдату муттаҳидӣ мерасанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз мекунанд, чун ин гавҳари ноёб маҳсули ҷонбозиву талошҳои Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарҷамъии мардум дар атрофи меъмори кохи ваҳдати халқ мебошад. 
 
Нуралӣ НУРЗОД, доктори илмҳои филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.03.2021    №: 54    Мутолиа карданд: 723
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед