logo

фарҳанг

"ЗИНДАГИЕ БАЛАНДТАР АЗ ИН ЗИНДАГӢ"

Рӯзгори ҷавонӣ боре аз нафаре (узр аз ӯ, ки номашу худаш аз ёдам рафтааст) шунида будам: - «Олмонии пиреро дидам, ки бе айнак рӯзнома мехонад. Пурсидам: - Чӣ тур чашмро чунин солим нигоҳ доштед? Гуфт: - Бо ёрии Офтоб. Пилкҳоро  озод пӯшида (на сахт) ба Офтоб рост мекардам. Ин тарзи даворо миёни соатҳои 9-11 рӯз, аз 25-уми июн то 25 август, метавон гирифт. Рӯзи аввал як дақиқа, рӯзи дувум ду дақиқа, ҳамин хел аз як то 10 дақиқа давоми 10 рӯз боло мебурдам ва пас аз он боз як дақиқагӣ поён фуроварда даворо тамом мекардам. Нури чашм бекоҳиш монд».
Ҳангоме баъди чиҳилсолагӣ тағйире ба чашм ҳис кардам, ҳамин шунида ба ёдам расид, ман ҳам як бор даво аз офтоб гирифтам. То 50 - солагӣ чашмам асли қадим буд, пас, як бори дигар такрор кардам. То 60 - солагӣ бетағйир монд. Баъди 60 - солагӣ то 70 ҳар панҷ сол ва баъди 70 ҳар сол такрори ин даво лозим меояд.
Миёни таҷриба чизи дигареро низ ҳис кардам: камина то чанд дақиқа ранги баланди даруни баргу гулу сабзаро чунон ки ҳаст, медидам ва онҳо аз ранги берун фарқ доштанд, расотар буданд. Меандешам, ки дастгоҳи суратгирӣ ва наворбардориро шояд аз ин дарича кашф ва ба камол расондаанд.
Ҳоло нигаристан ба гулу гулбарги сухан аст, аз ҳамин дарича. Аввали феврали имсол китоби «Маҷмӯаи ашъор» - и шоири шуҳратманди эронӣ Нодири Нодирпурро аз дӯсти азизам Камол Насрулло ба орият гирифтам ва хондам. Як мисол аз он:
Шабе, ки зилзила дар кохи додхона гирифт,
Зи ҷоми адл чунон маст шуд фариштаи кӯр,
Ки захме аз сари шамшер бартар аз ӯ зад,
Ва каффаҳои ҳамоҳанг, зеру боло рафт.
Ба санги пастӣ, санҷида шуд баландии табъ,
Ки дасти санг қавӣ буд ва пои шоҳин суст.
Дар ин пора шоир ба ибораи «ҷоми адл» рақам мемонад, ки ин ибора ба чи асле ишора дорад ва байти Ҳофизро далел мебиёрад:
Соқӣ, ба ҷоми адл бидеҳ дода то гадо,
Ғайрат ниёварад, ки ҷаҳон пурбало кунад.
Яъне, Нодири Нодирпур ҳам аз куҷо омадани ибораи «ҷоми адл» - ро ва ҳам ба маънии пораи навиштаи худ ишораи нозуки ёрирасон мекунад ва андак мекушояд. Ҳоло эътибор диҳед, ки миёни пораи худи Нодирпур ва байти Ҳофиз «тафовути роҳ аз куҷост то ба куҷо» (Ҳофиз), аммо пайванди рӯҳӣ дорад ва ин пайвандро касе, ки ҳоло ҳам Ҳофиз ва ҳам Нодирпурро дақиқ ба муқоиса хондааст, дармеёбад. Вале чунин кас дар Эрон низ ба гумони камина зиёд нест, бинобар ин, шарҳе чунинро, агарчи пӯшида аст, лозим донистааст биоварад. Яъне, хонандаи шеър метавонад чи бисёр бошад, вале донандаи асл ва кушояндаи он чи кам, ҳатто дар Эрон  бисёрхон ва бисёрдон. Агар суханеро нафаҳмем, шояд хуш буд нуқсонро дар камхонӣ ва камдонии худ биҷӯем, на дар суханвар, то беҳтар дарёбем ва ёрӣ ба андешаи маънирасон диҳем. 
Бахшида ба 60 - солагии шоир, нависанда, таронасаро ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Абдулқодири Раҳим рӯзноманигори варзида Камоли Қурбонийон бо номи «Зиндагие баландтар аз ин зиндагӣ» китоби зебое ба чоп расонд, ки дар кушоиши рози эҷодии адиби номбурда раҳнамоии хубе хоҳад шуд.
Китоб сарсухан ва бобҳои «Зиндагиаш шеъру шеъраш зиндагист», «Мухтасари шарҳи ҳоли А. Раҳим», «60 қоидаи зиндагии А. Раҳим», «60 посухи хотирмони А. Раҳим», «60 факти ҷолиб оид ба А. Раҳим», «60 пора аз ашъори А. Раҳим», «60 шоири беҳтарин ба пиндори А. Раҳим», «60 сабақи зиндагӣ аз А. Раҳим», «60 намуна аз таронаҳои А. Раҳим», «60 сурат аз албоми А. Раҳим», «60 қисса аз зиндагии А. Раҳим», «60 ғазал аз бойгонии А. Раҳим» ва «Соле, ки А. Раҳим ба дунё омад, дунё чӣ вазъе дошт»  - ро дар бар дорад.
Аз номи бобҳо пайдост, ки муаллиф на танҳо дерошнои ӯст, ҳамчунин, аз зиндагӣ ва эҷоди А. Раҳимро пайгири эътибор буда. Барои мисол: муаллифро ҳанӯз рӯзи аввали соли нахусти донишҷӯияш ду ғазали дар рӯзномаи девории факултаи филологияи донишгоҳ - «Филолог» дарҷшудаи Абдулқодир ба ҳайрат меандозад. Ва оғози як ғазали ӯро мебиёрад:
Гар хатое рафт аз мо, бе хато баргӯ хато,
Ҳар хаторо дар хатои бехатоӣ нест ҷо.
Ва ин ғазалҳоро донишҷӯи соли аввали донишгоҳ навишта. Пайдост, ки Абдулқодир сухан ва маънишинос ва шоир ба донишгоҳ даромада ва бо садои нав, ки хонандаи навҷӯро такон дода. Ҳатто ҳунари суханбозӣ дар шеърро на танҳо дарёфта, ки овардан тавониста. Яъне, Абдулқодир шоири фитрист. Як далел аз боби «60 қисса аз зиндагии А. Раҳим»: 
«Шашсола будам. Дар осоишгоҳи Харангон мезистам. Як рӯз, ки мо - бошандагонро ба ҳаммом мебурданд, аз саф номаълум, бе иҷозати мураббӣ баромадам ва ба сӯи хонаи сари роҳ давидам. Давидаму афтидам. Дастам ба санг бархӯрду хунолуд шуд. Бархостам ва боз давидам. Ба назди он хона расидам. Духтари руси тахминан 18-сола дар назди тирезаи кушода пероҳани зебои кабудашро уту мекард ва дар ин ҳол бо лаҳни ширин суруд мехонд.
Маро дида будааст, ки чӣ гуна аз саф баромадаву ба сӯяш давидаам. Аз ин рӯ, бо тааҷҷуб ва норозӣ ба забони русӣ пурсид: 
- Чӣ мехоҳӣ?
- Ҳич чиз.
- Пас, барои чӣ гурехтӣ, ба ин сӯ омадӣ?
- Дидам, аз дур дидам, ки шумо воқеан зебоед ва зебову ширин суруд мехонед.
- Хайр, баъд чӣ?
- Омадам, ки ба шумо барои ҳуснатон ва хониши зебоятон ташаккур бигӯям.
- Тамом?
- Оре.
- Ташаккур. Ҳамин ҷо биист, ҳозир ман барои ту конфет меорам.
- Не, зарурат надорад. Ман конфет намехоҳам, ман барои конфет наомадам. Омадам, ки ташаккур бигӯям.
- Танҳо барои ҳуснаму суруд хонданам?
- Не, фаромӯш кардам. Либосҳои зебо доред ва ҳам гулҳои назди тирезаатон бисёр зебоанд.
- Мехоҳӣ аз ин гулҳо якеро барои ту биканам?
- Не. Гулҳоро барои ҳич кас наканед ва ҳам начинед! Гулҳо дар буттаҳо ва шохаҳояшон зебоянд. Дар дасти мо онҳо зуд пажмурда мешаванд, мемиранд»...
Зебоии яклухтро шинохтани кӯдаки шашсола ва чи зебо шинохтани он, зебоии зани ҷавон, озодагии зебо дигар ба сӯи зебоӣ афтону хезон давидан ва чун ошиқи ростини камолдида изҳори сипос аз он зебоии яклухт ва созанда ва дорандаи он зебоӣ онҳо як сӯи аҷобат, аҷиби дигар нафси бозингари гулуро дар ҷой ва андозаи худаш гулмехи устувор зада бастан, гули зебоиро иҷозати кандан надодан. Ниҳоди Худодод қодири чунин кор аст ва бозгӯи он аст, ки агар ин нафсро ба ҷои худаш бастан натавонӣ он зебоии яклухтро низ дидан наметавонӣ, зеро ӯ ҳафт қабати осмонро ҳам пеши чашми ту чаппа нигоҳ медорад.
Камоли  Қурбонийон маҷмӯаҳои шеърии Абдулқо-дирро ба меҳри хос хонда, аз онҳо 60 пораи беҳтаринро дар боби «60 пора аз ашъори А. Раҳим» интихоб кардааст, ки завқи неку баланди интихобгарро нишон медиҳад. Ба боби «60 намуна аз таронаҳои А. Раҳим» низ аз ҳамин дарича нигариста. Боби «60 шоири беҳтарин ба пиндори А. Раҳим» олами омӯзиши соҳибҷашнро пеши чашм медорад, ки интихоби шоирони асил низ завқи зебое талаб дошта. Дар боби «60 ғазал аз бойгонии А. Раҳим» барчидае оварда, ки онҳо миёни солҳои 1979 - 86 суруда шудаанд ва нисбат ба шеърҳои баъдинаи ӯ гӯётар ва барои хонанда рӯшантаранд ва покии наврасӣ ва ҷавонии шоирро оинадорӣ мекунанд. Чанд мисол:
 
Даъвии бешуморе дар қалби одамон аст,
Бо як нигаҳ тавонӣ, Руму Ҳалаб биёмӯз.
 
* * *
Гул дамад аз хоку шабнам медурахшад 
дар дилаш,
Рангу бӯи гул бубину санъати гилро биёб.
Соли 1979.
* * *
Маънии ҳар сӯзи гулро мекунад иншо басе,
К-аз ҳама сӯзи даруни ӯ хабар дорад баҳор.
 
* * *
Одам аз олам бувад ё олам аз одам бувад,
Файласуфе кушт худро, ки яке аз ин хатост.
Соли 1981.
* * *
Кори фардо ба ҳисоби дигар аст,
Нек бингар, ки чӣ сон мегузарам.
Соли 1984.
* * *
Гулоби умри ширинро зи талхиҳои ғам хӯрдам,
Бақобозон ба сад ҳила маро махмур медоранд.
Соли 1986. 
 
Боби охир хабарҳои нодирро ба хотир меандозанд, ки донисташон барои калонсолон ёде аз ҷавонияшон медиҳанд ва ҷавонони имрӯзаро ба дарси шинохти таърихӣ наздик мекашанд.
Хулоса, Камоли Қурбонийон бо самимият ва муҳаббати хос дар бораи рафиқи эҷодкори аҷиб ва донишгоҳии худ заҳмати чашмгире кашида китоби хонданбоби хубе навишта, услубаш низ тоза аст, ки то имрӯз набуда.
 
Зиё АБДУЛЛО
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.03.2021    №: 54    Мутолиа карданд: 910
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед