logo

фарҳанг

ҚИССАИ ЯК ВОХӮРӢ

Бист соли ахир як шохаи пурбори драматургия ва театри тоҷикро асарҳои таърихӣ ва тарҷумаиҳолӣ ташкил медиҳанд. Ҳамзамонони мо ба воқеоту ҳодисоти дуру наздик назар афканда, дар мисоли онҳо ба тағйироти куллии дар ҳаёташон баамаломада баҳо медиҳанд. Агар дақиқ назар афканем, аз таҷрибаи рӯзгори бузургмардони миллат ба бисёр масоили ҳалталаби замон ҷавоб хоҳем ёфт. Асарҳои «Драмаи миллат» - и Сафармуҳаммад Аюбӣ ва «Хуршедсавор» - и Атахон Сайфуллоев, ки аз дудмони фарзандони фарзонаи миллат Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода ривоят менамоянд, аз шумори ҳамин қабил асарҳо мебошанд. 
Драматургони тоҷик, маъмулан, барои асарҳои таърихию тарҷумаиҳолӣ набзи оромро истифода мебаранд. Дар асарҳои мазкур ин анъана то ҳадде халалдор шудааст: дар ҳар дуи он баҳс ва мубодилаҳои шадиди афкор мавриди амали саҳнавӣ қарор дода шудаанд. Қаҳрамонҳои ин асарҳо дар ҳоли андеша ва баҳсу талошҳои шадид рӯи саҳна ноором дар гардишанд. Таҳиягарони намоишҳо қаҳрамонҳои хешро ба гурӯҳҳо - ҷонибҳо ҷудо намуда, гоҳе дар муқобили ҳамдигар қарор медиҳанд ва ҳангоми дигар аз як саф ба сафи дигар мегузаронанд, ки тамошогар аз рафти ин гуна амалиёти ҷолиб чашм канда наметавонад. Талош ва ҷидду ҷаҳди Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода маҳаки асосии амалиёти онҳо қарор мегиранд.
Мақсади асосии ҳар ду асар боло бардоштани ҳувияти миллӣ мебошад. Нависандаи шаҳир Чингиз Айтматов воқеияти фоҷиабори замони муосир ва зарурати бозгаштро ба ҳувияти миллӣ дар оғози бозсозии замони шӯравӣ ин тавр баён намудааст: «Инсоне, ки аз ёди гузаштаҳо маҳрум аст, одаме, ки водор аст мавқеи хештанро дар олам ҷустуҷӯ кунад, шахсе, ки аз таҷрибаи таърихии халқи худ ва халқҳои дигар бебаҳра аст, аз идроку эҳсоси рӯзгори оянда низ бенасиб мемонад ва аз ҳамин рӯзу ҳамин соати худ дуртарро дида наметавонад». Ин гуфтаҳои адиб то ҳоло мавқеи худро гум накардаанд. Бемуҳобо, метавон гуфт, ки пешсафи ин раванд дар ҷумҳурии мо Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода буданд. Бахусус, саҳми Турсунзода дар мустаҳкам гаштани сулҳ миёни халқҳои ҷаҳон хеле бузург аст. Бесабаб нест, ки устод-ро дар ҷаҳон ҳамчун қосиди сулҳ мешиносанд ва эътироф мекунанд. 
Муҳаққиқи шинохта Атахон Сайфуллоев ҳангоми иншои асари «Хуршедсавор» маҳз аз ҳамин нуқтаи назар амал менамояд. Ба мавзӯи мазкур даст задани адиб чандин сабаб дорад. Аввал ин, ки аз солҳои нахустини Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба таърих ва ҳаёти бузургмардони он, ки дар пешрафти кишвар саҳми босазо гузоштаанд, хеле зиёд гардид. Ба ин инкишофи илми таърих аз нимаи дуюми садаи ХХ дар ҷумҳурӣ низ таъсири мусбат расонд. Тадқиқоти муаррихон оҳиста – оҳиста аз доираи асарҳои монографӣ берун рафта, тамоми паҳлуҳои ҳаёти маънавӣ ва фарҳангии мардумро фаро гирифтанд. 
Дигар он, ки А. Сайфуллоев худ ҳам муҳаққиқ ва ҳам мунаққиди адабиёти муосир буд ва дар тадқиқ, таҳлил ва тасвири ҳодисоту воқеоти таърихию бадеӣ таҷрибаи ғанӣ дошт. Мавзӯоти таърихӣ ва ҳаёти шахсиятҳои шинохта, аз қабили рӯзгори Мирзо Турсунзода, диққати муаллифро на аз рӯи драматизм ё дилангезиву шадидияти воқеаҳо, балки, пеш аз ҳама, бо моҳияти муҳими маънавӣ ва ғоявиаш ҷалб намудааст. Тавъам омадани усулҳои тадқиқоти адабӣ ва публитсистӣ дар асари «Хуршедсавор» ба таври возеҳ рӯнамо мегарданд. 
Ба асарҳои театри сиёсии даврони шӯравӣ монанд будани асар низ аз чашм ниҳон намемонад. Ба услуби театри сиёсӣ рӯ овардани драматург сабаби дигар низ дорад. Чуноне аз воқеоти нимаи дуюми садаи бист бармеояд, фазои сиёсии тамоми кишварҳои узви Иттиҳоди Шӯравиро насими озодихоҳӣ фаро гирифт. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон, ки бар асари бо кундӣ инкишоф ёфтани иқтисод, ҷамъ гаштани масоили зиёди ҳалталаб, ақибмонии иҷтимоӣ гурӯҳи равшанфикроне рӯи кор омаданд, ки дар рушди минбаъдаи кишвар таъсири амиқ гузоштанд. Дар ин раванд нақши Мирзо Турсунзода ҳамчун шахсияти бузурги сиёсӣ, давлатӣ ва адабӣ хеле бузург аст. 
Дар театр, чун тамоми дигар намудҳои ҳунар, офаридани симои эҷодкоре, ки дар хотири мардум абадӣ ва хеле дақиқ нақш бастааст, сангин аст. Аз замони зиндагии устод Мирзо Турсунзода вақти зиёде нагузаштааст. То ҳол ҳамзамонон, дӯстон, ихлосмандон, умуман, касоне, ки алоқаманди ашъори устод буда, шарафи вохӯрӣ бо он кас барояшон насиб гаштааст, барҳаётанд. Дар хотираи онҳо ҳар лаҳзаи вохӯрӣ бо ин шахсияти таърихӣ ба таври абадӣ нақш баста, бо одитарин ангеза ин лаҳзаҳои ширин пеши назарашон рӯнамо мегарданд.
Барои касоне, ки баҳрашон дидорбинӣ бо Мирзо Турсунзода насиб нагардидааст, симояшро тариқи аксҳои дар маҷаллаву рӯзномаҳо нашргардида ва сабтҳои телевизионӣ дидаанд. Лаҳни марғуладор ва ширадори устод, ки тариқи радио доим шунавонда мешавад, дар зеҳни ихлосмандонаш нақш бастааст. Роҷеъ ба ҳаёти шоир ва ходими давлатӣ асарҳои зиёди тадқиқотӣ ва тарҷумаиҳолӣ офарида шудаанд. Ҳамаи онҳо имкон медиҳанд, ки дар бораи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Турсунзода маълумоти мукаммал дошта бошем. Аз ин лиҳоз, рӯи саҳна овардани симои устод аз ходимони театр масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд. 
Сарфи назар аз ин, олим дар асари «Хуршедсавор» кӯшиш ба харҷ дод, ки раванди ташаккули ҷаҳонбинӣ ва эҷодии шоирро мавриди таҳқиқи амиқ қарор бидиҳад. Мақсади асосии театр низ таҳқиқи рӯҳи инсон аст. Бинобар ин, тавассути саҳнаи театр бо тамошогар – муосирони мо рӯ ба рӯ намудани Турсунзода ҳам осон ва ҳам мушкил аст. Осон барои он, ки шахсиятҳои наҷибе мисли устод аз лиҳози омӯзиш ва таҳқиқи ҳунарӣ худ аз худ хеле ҷолиб аст. Мушкил аз он ҷиҳат, ки дар мавриди татбиқи саҳнавии табиати хислати ин гуна шахсиятҳо метавон ба иштибоҳ роҳ дод. Дигар ин, ки чун ҳар навъи ҳунар ба муаррифии ин ё он шахсият тавассути василаҳои хеш даст мезанад, бояд ҳатман чизи наве мавриди ӯ гуфта тавониста бошад.  
Муаллифи асари «Хуршедсавор» ва ҳайати эҷодии Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмуд Воҳидов дар рафти таҳияи асар бо ана ҳамин гуна мушкилот рӯ ба рӯ гардиданд. Пеш аз рӯи саҳна овардани асар он мавриди омӯзиш қарор гирифта, муҳокима шуд. Асар дар семинари драматургон соли 2001 мавриди баҳс қарор гирифт. Мунаққидон ва таҳиягарону ҳунармандоне, ки дар рафти он ширкат доштанд, аз камбудиҳои асар ёдрас шуда, дар рафти таҳия бо мушкилот рӯ ба рӯ шудани театрро пешбинӣ намуданд. «Драматург ҳангоми тасвири ҳолатҳои равонии қаҳрамони хеш бештар ба монологҳо такя намуда, ба бозгӯи воқеаҳо машғул аст. Монолог дар асари драмавӣ барои бозгӯи ҳолати равонии қаҳрамон бештар истифода мешавад, на барои тавзеҳи рафти воқеаҳо», - мегуфтанд мунаққидони соҳаи театр. 
Театри ҷавонон ҳангоми таҳияи намоиш маҳз ҳамин ҷиҳатҳои асарро ба инобат гирифта, намоиши аз лиҳози ҳунарӣ ба воқеияти таърихӣ мутобиқро рӯи саҳна овард. Таҳиягари намоиш Абдулҳафиз Қодиров кӯшиш ба харҷ дод, ки образи муборизи озодии халқҳои ҷаҳонро офарад. Дар натиҷа, образи қаҳрамон ба таври монументалӣ офарида шуда, воқеияти таърихӣ ва мантиқи равиши воқеоту инкишофи характерҳо рӯшан гардид... 
Дар иҷрои нақши устод ҷиҳатҳои ҷолиби ҳунари Бобосаид Ятимов бозгӯ шуданд. Махсусан, шабоҳати симои ҳунарманд бо Мирзо Турсунзода тамошогаронро ба ваҷд оварда, эътиқодашонро ба ӯ бедор менамуд. Дар натиҷа, пас аз тамошои асар, ба таассуроти пешинаи мо роҷеъ ба рӯзгор ва осори Мирзо Турсунзода ҳисси ҳамзистӣ ва ҳамгироӣ бо ин нобиға зам мегардид. Табиист, ки чунин эҳсос то дер гоҳ ҳар бинандаро зери таъсири худ нигоҳ дошта, мояи ифтихораш низ мегардад. Инро метавон далели навгоние, ки асар бо худ ба тасаввури мо дар бораи шоири бузург ворид намуд, бишмарем. Шоирро дар ҳолатҳои воқеӣ мебинем. Ҳар ҳаракат ва сухану луқмаҳои обдор ва пурмаънои шоирро тамошогар бо тамоми ҳастӣ қабул намуда, дар рафти воқеаҳо шарик буданаш ӯро ба ваҷд меорад. Дар ҳолатҳои воқеӣ амал намудани шоир эътиқод ва боварии бинандаро афзун менамояд. Ӯ худро шарик ва ғамгусори шоири маҳбубаш меҳисобад. 
Дар ҳар намоиш суханронии Мирзо Турсунзода дар Конфронси байналмилалии тарафдорони сулҳ бо кафкӯбиҳои пурмавҷ ва бардавом ба итмом мерасид. Дар ин ҳолат тамошогар тапиши набз ва рафти андешаҳои шоири маҳбубашро ба хубӣ эҳсос намуда, бо боварӣ ва ҳисси ифтихормандӣ аз ин фарзанди фарзонааш назар меафканад. 
Ин дастоварди Бобосаид Ятимовро дигар ҳунармандон дастгирӣ ва инкишоф ҳам доданд. Таҳиягар ва иҷрокунандагони нақшҳои шоирони бузурги русу ӯзбек Николай Тихонов ва Зулфия, Ғолиб Исломову Розия Ҳайдарова ба инъикоси воқеии табиати хислати онҳо ноил гардиданд. 
Сарфи назар аз ин, таҷрибаи нахустини рӯи саҳна овардани симои Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода нишон дод, ки таҳиягар ва ҳунармандон ба таҳияи асарҳои таърихию тарҷумаиҳолӣ бо масъулияти том муносибат менамоянд. 
Кӯшиши наҷиби театр баҳри абадӣ гардондани хотираи шоир ва ба тамошогари хеш аз наздик шинос намудани олами ботинии Мирзо Турсунзода ба ҳадаф расид. Интихоб ва ҷобаҷогузории ҳодиса ва воқеаҳои таърихӣ дар намоиши «Хуршедсавор» ҷанбаи муҳими эстетикиро касб намуд, ки ягонагии онҳо ба як мақсади муайян равона гардида буд. Ин гуна ягонагӣ дар натиҷаи риояи ҳақиқати таърихӣ, хулосаҳои амиқи фалсафӣ ва бадеӣ, дарки воқеии муносибати мутақобилаи инсон ва ҷамъият ба даст омадааст. 
 
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.03.2021    №: 55    Мутолиа карданд: 4344
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед