logo

иҷтимоиёт

НАХУСТИН ДОКТОР. БАРДОШТ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ ҒУЛОМ АЛИЕВ

Алиев Ғулом Алиевич дар понздаҳсолагӣ донишҷӯи факултети зоотехникии  Донишкадаи навбунёди кишоварзии Самарқанд мегардад. Он вақт синфи ҳафтумро хатм карда буд. Азбаски дар он солҳо мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ ба донишҷӯён эҳтиёҷ доштанд, аълохону болаёқат буданашро ба назар гирифта, вайро ба сафи донишҷӯён қабул карданд.
 
Соли 1934 дар 19 - солагӣ донишкадаро бомуваффақият хатм  намуда, дар совхози қароқулпарварии ноҳияи Ғузори Ӯзбекистон ба фаъолияти меҳнатӣ шурӯъ менамояд. Ҳамзамон, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дониши худро такмил диҳад. Соли 1937 дар  аспирантураи Институти  умумииттифоқии  тадқиқотӣ - илмии чорводории шаҳри Москва ба таҳсил шурӯъ менамояд. 
Аз устодаш олими генетики машҳур Яков Лазаревич Глемботский асрори илм меомӯхту дар озмоишгоҳ то нисфи шаб тадқиқот мегузаронд. 
Соли 1940 аспирантураро бомуваффақият хатм менамояду ба ӯ сарварии стансияи таҷрибавии муҷтамеи чорводории Тоҷикистонро пешниҳод менамоянд. Розӣ мешавад. Зеро олими ҷавон дарк мекард, ки маҳз дар чунин муассиса тадқиқотҳои минбаъдаи худро ба амал бароварда метавонад. Дар ин вақт бо мақсади таъмин кардани саноати сабук бо пашм қарори Ҳукумати Шӯравӣ қабул карда шуда буд, ки ҳамаи гӯсфандҳои зотҳои дағалпашм бо гӯсфандҳои зотҳои маҳинпашм дурага кунонда шаванд. Вай барои амалӣ гардидани  ин  мақсади  наҷиб гӯсфанди номдори Тоҷикистон – зоти ҳисориро интихоб намуда, қарор медиҳад, ки ҳам сергӯшту серравғании онро нигоҳ дораду ҳам бо он пашми ғафс «пӯшонад». Барои иҷрои нақшаҳояш Ҷанги дуюми ҷаҳон халал мерасонаду тадқиқотҳои илмиаш қатъ мегардад.
 Ӯ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда мешавад. Чун фарзанди содиқи Ватан дар сангарҳо диловариҳо нишон медод. Ӯро аз хизмати аскарӣ бармегардонанду аз Маскав ба ихтиёри КМ ҲК (б) Тоҷикистон ба Сталинобод равон мекунанд. То моҳи феврали соли 1942 дар вазифаи мудири шуъбаи хоҷагии қишлоқ фаъолият мекунад ва маҳз аз ҳамон давра ба фаъолияти маъмурии ҳизбию давлатӣ ҷалб мешавад. 
Баробари фаъолияти ҳизбию давлатӣ бедорхобиҳо кашида, кори илмиашро пеш мебурд ва он самараашро дод. Соли 1945 барои Ғулом Алиевич соли фаромӯшнашаванда гардид, зеро орзуи деринааш  ҷомаи амал пӯшид. Ӯ дар ин сол рисолаи илмиашро барои гирифтани унвони номзади илми биологӣ бомуваффақият ҳимоя карду вайро сарвари Институти тадқиқотӣ-илмии чорводории филиали тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ таъйин намуданд. Аз ҳамин вақт сар карда Ғулом Алиевич тақдири хешро пурра ба илми чорводорӣ ва амалӣ гардидани орзуҳояш мебахшад. Генофонди зотҳои ҷаҳонӣ ва ватаниро омӯхта, ба хулосае меояд, ки зоти гӯсфанди ҳисориро метавон бо пашми хуб «пӯшонид». 
Пас аз 18 соли ранҷу заҳмат, ҷустуҷӯю эҷодкориҳо зоти нави гӯсфанди калонҷуссаи сергӯшту серравған ва серпашм сентябри соли 1962 офарида шуд. Зоти нав комёбии барҷастаи илми генетикаи  мамлакат буд ва дар илми генетикаи ҷаҳонӣ кашфиёти нодир ба ҳисоб мерафт. Бо роҳи дурагакунии гӯсфанди ҳисорӣ, линколнӣ ва сароҷинии зоти туркмании ин зот офарида шуд. Пас аз 8 моҳи офаридани зоти нав - 27 майи соли 1963 бо фармони Вазорати  кишоварзии Иттиҳоди Шӯравӣ  зоти бавуҷудовардаи селексионерони тоҷик таҳти роҳбарии академик Ғулом Алиев эътироф гардид ва онро «Гӯсфанди тоҷикӣ» номиданд.
Зоти нав комёбии барҷастаи илмии генетикаи мамлакат буд. Он ба хоҷагии халқ нафъи зиёди иқтисодӣ расонд. Ин зот соҳиби пашми нимдағали аълосифати типи қолинбоб, пӯсти он барои тайёр кардани пӯсти даббоғикардашуда, манто, нимпӯстин, гиребони типи лама ва ғайра мувофиқ буд. Аз ҷиҳати самаранокии иқтисодӣ аз ҳамаи зотҳои дар ҷумҳурӣ парваришёфта бартарӣ дошт. Саноати хӯрокворӣ бо гӯшту равғани фаровону хушсифати гӯсфанд ва саноати сабук бо пашми фаровони пурқимат таъмин шуд. Акнун гӯшаеро дар Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи ИҶШС гӯсфанди офаридаи ӯ зеб медоду бинандагон онро бо ҳавас тамошо мекарданд. 
Бо ба вуҷуд омадани зоти нави гӯсфандҳои тоҷикӣ самти нави гӯсфандпарварӣ дар ИҶШС оғоз шуд. Монографияи (зоти гӯсфандҳои тоҷикӣ) Алиев Ғулом Алиевич, ки соли 1967 аз чоп баромад, китоби рӯимизии гӯсфандпарварони ҷумҳурӣ гардид.
 Раванди бавуҷудоварии зот барои Ғулом Алиевич осон набуд. Бо усули пешниҳодкардаи ӯ бомуваффақиятона зоти дегересӣ ва қарагалинӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон, олойӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон, зоти армании нимдағалпашм дар Ҷумҳурии Арманистон ва массиви калони рамаҳои гӯсфандҳои нимдағалпашм дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо истифодаи қӯчқорҳои зоти гӯсфандҳои тоҷикӣ дурагашуда,  парвариш шуда истодаанд. 
Барои баланд бардоштан ва густариш додани саршумори зоти гӯсфандҳои тоҷикӣ шогирдон ва пайравони академик Ғулом Алиевич доимо кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Онҳо аз пайи тадқиқ ва роҳҳои истифодабарии баланди имконияти ирсии зоти гӯсфандҳои тоҷикӣ буда, технологияи нави нигоҳубини онҳоро мукаммал мегардонанд. 
Ӯ бо ҳамкорони худ роҳҳои нави самаранокии морфофизиологӣ ва биохимиявии назоратии меланогенез, муқаррар кардани омилҳои муайянкунии пигментатсияи ранги пашми пӯсти бадани гӯсфандонро дар баррачаҳои гуногунзот муайян намуданд. Ин ба онҳо имкон дод, ки раванди меланогенез ва пешгӯии ҷараёни инкишоф ва дигаргунии рангҳои мӯйро дар ҳар гуна комбинатсияҳои ирсӣ пурра муайян кунанд. Хусусияти ранги пашми пӯсти бадани гӯсфандон таъсири ҳалкунандаро дар ҷараёни меланогенез иҷро мекунад. Чунин тадқиқот дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар ягон давлати ҷаҳон гузаронда шуда набуданд. Ин тадқиқот ҳиссаи калони омӯзиши раванди назорати ирсии масъалаҳои меланогенез дар ҳайвонҳои класи ширхӯрон мебошад. Дар ин ҷода Ғулом Алиевич, ки саҳми арзанда гузошта буданд, бинобар соли 1989 узви комилҳуқуқи Кумитаи умумиҷаҳонии генетикҳо интихоб шуд.
Зиёда аз сесад асари илмӣ ва ҳафт монография ба қалами ӯ тааллуқ доранд. «Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ва хусусиятҳои табиии он» (1959), «Сифатҳои физиологии зоти гӯсфанди тоҷикӣ» (1964), «Зоти гӯсфанди сергӯшту серравған ва серпашми тоҷикӣ» (1967), «Сохти пӯсти гӯсфанди серпашми тоҷикӣ» (1972), «Асосҳои ирсии пигментатсияи рангорангии пашми гӯсфандон» (1987) бо забони англисӣ тарҷума  ва нашр шудааст ва ғайра аз асарҳои калони илмии академик ба шумор мераванд.
Ғулом Алиев на танҳо олим, балки омӯзгор, мураббии сахтгир низ буд. Ӯ дар таълиму тарбияи ҳазорон нафар мутахассисони ҷавон ва ходимони илмии соҳаи кишоварзӣ саҳми калон гузоштааст. Ҳамчунин, сарвари рисолаҳои илмии номзадӣ ва доктории бисёр аспирантону ходимони илмӣ буд. Се доктор ва 16 номзади илмро тарбия намудааст. Аз соли 1943 то соли 2002 мудири доимии лабораторияи генетика ва селексияи чорвои хоҷагии қишлоқи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Соли 1951 узви вобаста ва соли 1953 узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ интихоб мешавад. Соли 1965 муваффақ шуд, ки рисолаи илмии докториро ҳимоя кунад ва соли 1973 соҳиби унвони профессорӣ гардад.
Соли 1972 Ғулом Алиевич узви ҳақиқӣ-академики Академияи миллии илмҳои кишоварзии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб гашт. 
Дар тамоми давраи фаъолияти хеш дар ҳама гуна вазифаҳои баланду масъулиятталаб ба халқу Ватан содиқона хизмат кардааст. Ду маротиба (солҳои 1950-1953 ва 1973-1982) вазифаи ректории Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Солҳои дар вазифаи ҷонишини аввал ва сипас, Вазири кишоварзии Тоҷикистон (1958-1962) ва котиби КМ ПК Тоҷикистон (1962-1973) буданаш қобилияти кордонӣ, ташкилотчигӣ, ҷӯяндагӣ ва зиракии устод имконият дод, ки хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, махсусан соҳаи кишоварзӣ, ба як қатор  пешравиҳо ноил гарданд. 
Аз тоҷикон нахустин олимест, ки ба унвони доктори илми кишоварзӣ ва академики ВАСХНИЛ (1972) мушарраф шудааст. 
Хизматҳои устод бо чор ордени Байрақи Сурхи меҳнат, ҳафт медал, ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ду Нишони сарисинагии калони тиллоӣ ва ду Дипломи Фахрии НКХХ-и Иттиҳоди Шӯравӣ, ВАСХНИЛ ва дигар мукофотҳо қадр карда шудааст. Инчунин, бо унвони фахрии Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардидааст.
Соли 2001 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастоварди бузурги илмӣ-офаридани зоти «Гӯсфанди тоҷикӣ» Ғ. Алиевро бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника сазовор гардонидааст. Ҳаёт ва фаъолияти илмию ҷамъиятии ӯ намунаи хизмати фидокоронааш ба халқу Ватан мебошад.
 
Маҳмадёрзода Усмон Маъмур, 
ректори ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур, 
Муҳаммадмурод САЙДАЛИЕВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.03.2021    №: 55    Мутолиа карданд: 588
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед