logo

фарҳанг

НАВРӮЗ. ЭҲЁИ ҶАШНИ МИЛЛӢ БАЪД АЗ 7 ҲАЗОР СОЛ

Расму оини Наврӯз аз даврони дур маншаъ мегирад. Дар ҳар давру замон бар достони таҷлили Наврӯз гуфтори навин илова гардид, такмилу интишору шуҳрат ёфт ва аҳамияту тавсифи ин ёдгории муҳташами  ниёгон густурдатар ва домони ҷуғрофии таҷлили он фарохтар гашт. Ин буд, ки Наврӯзи аҷамиён беш аз пеш марзҳоро убур кард ва ҷаҳонӣ гардид. 
Ҳамагон огаҳанд, ки султон Маҳмуди Ғазнавӣ дар таърих чун чеҳраи ҷоҳил ва истилогар муаррифӣ шудааст, вале иқрор мебояд, ки бо талошҳои ӯ дар дарбораш 400 нафар шоиру фозил гирд омада буданд. Навиштаанд, ки ин ҳокими давр Наврӯзро гиромӣ медошт ва он барояш манзалати баланд доштааст ва муҳташаму густурда таҷлилаш мекардааст. Дарвоқеъ, бамаврид аст бигӯем, ки исломро дар мулки Ҳиндустон маҳз ӯ паҳну густариш дода буд. Манучеҳрии Домғонӣ, ки аз шуарои дарбораш буд андар ситоиши Наврӯз гуфтааст:
Омада Наврӯз ҳам аз бомдод,
Омаданаш фарруху фархунда бод. 
Наврӯз гиромитарин ҷашни мардуми ориётабор аст, ки онро чун оғози соли нав, рӯзи аввали фарвардинмоҳ мутобиқ ба 21 моҳи марти мелодӣ истиқбол мекарданд. То оғозшавии иди Наврӯз бонувон дар зарфҳои махсус сабзаи наврустаи гандумро омода сохта, зимнан, манзилҳоро сафед карда, лавозимоти хонаҳоро офтоб медоданд. Рӯбучини ҳавлиҳо ва кӯчаю хиёбонҳо идомабахши тақозои Наврӯз буд.
Баробари наздик расидани Наврӯз ниёгони мо таомули хубе доштанд, ки оромгоҳи гузаштагони хешро тозаю озода намуда, сари қабрашон дуою фотиҳа мекарданд. Аёдати беморон, сила кардани сари ятимон, кумаки беғаразона ба дардмандону дармондагон, нодорону камбизоатон, туҳфаю  армуғонҳои идона ба пайвандону ҳамсоягон, ҳамзамон, авфи гуноҳи ҳамдигар, кушодани бағали оштӣ сӯйи якдигар, дур кардани кинаҳо аз синаҳо, меҳрубонию илтифот аз фазилатҳои накуи Наврӯзи хуҷастапай буд.
Баъди ин ҳама омодагиҳо ва анҷоми амалҳои нек хурду бузург либосҳои тозаю озода ва хушрангу хушдӯхт ба бар карда, сӯйи идгоҳон, ки аксаран дар дашту даманҳои сабзпӯши талу теппаҳо доир мегардиданд, мешитобиданд. Чун анъана баъди интихоби наврӯзгоҳ ба оростани хони наврӯзӣ мепардохтанд, ки ба оро додани он беҳтарин кадбонуҳо, донандагони расму оинҳои ҷамшедӣ сафарбар мешуданд. 
Боиси таассуф аст, ки бо гузашти айём дар давраҳои мухталифи таърих ба таҷлили доманадори ин ҷашн монеа эҷод карданд. Чунончи, як муддат наврӯзро таассуби дини оташпарастӣ пиндошта, баргузории онро мамнӯъ эълон карданд. Дар замони ҳокимияти шӯроҳо бошад, ба ин ҷашни мардумӣ оҳанги исломиро тамға задаю тантанаҳои зебои онро манъ   карданд. Танҳо бо талошҳои як идда пешоҳангони илму адаби садаи гузашта тантанаҳои нисбатан маҳдуди аҷдодӣ дар солҳои 70-80-уми қарни бист бо номи пардапӯшонаи иди баҳор таҷлил гардиданд. Наврӯзи бостон соли 1980 дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) ва соли 1982 дар пояи муҷассамаи устод Рӯдакӣ дар шаҳри Душанбе хеле хоксорона ва бо эҳтиёти том гузаронда шуд.
Мояи ифтихору сарбаландист, ки Наврӯзи аҷамиён танҳо бо шарофати соҳибихтиёрии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид ва ба ҷашни мардумии тоҷикон табдил ёфт. Ин ҷо месазад талошҳои пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, билхоса саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро махсус қайд кард. Имрӯз Наврӯз дар сархати аввали иду ҷашнҳои миллӣ ҷой дорад.
Наврӯзи хуҷастапай имрӯз дар сатҳи давлатӣ ва хеле бошукӯҳ пас аз омодагиҳои зиёд ва бо риояи тамоми анъанаю расму оинҳои аҷдодӣ бо иштироки фаъолонаи намояндагони илму ирфон ва роҳбарияти сиёсии як қатор мамолики хориҷи дуру наздик доир мегардад.
Бо талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти сиёсии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз иду ҷашнҳои ориётаборон, хоса Наврӯзи оламафрӯз 2 декабри соли 2009 дар ташкилоти байналмилалии ЮНЕСКО сабти ном гардид ва 23 феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64 -уми Созмони Милали Муттаҳид мақоми ҷаҳонӣ касб кард. Ифтихор аз он дорем, ки дар кулли мамолики олам ин ҷашнро бо номи тоҷиконаи Наврӯз зиёда аз 300 миллион одам ҷашн мегиранд.
Наврӯз - ҳалқаи заррини пайванди гузаштаву ҳозира ва ояндаи дурахшони  мост. Марҳабо, эй Наврӯзи дилафрӯз, Наврӯзи қалбҳои пурҷӯш, Наврӯзи умеду умедвориҳо, Наврӯзи эҳёи тамоми мавҷудоти рӯйи олам! Умед бар он мебандем, ки қадамҳои муборакаш ба табиат гулгулшукуфӣ, ба деҳқон ҳосили пурбаракат ва ба мардум шодию сурур меорад. 
 
Усмон МАҲМАДЁРЗОДА, 
ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон 
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, 
Муҳаммадазим БОБОХОНОВ, 
профессори кафедраи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи 
аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.03.2021    №: 55    Мутолиа карданд: 975
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед