logo

иҷтимоиёт

ТАНӮРСОЗӢ ҶУЗЪЕ АЗ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Хонадоне нест, ки дар он  танӯр набошад ва нафаре нест, ки нони танӯриро дӯст надорад. Чун мардум маъракаҳои худро бидуни нони танӯрӣ тасаввур намекунанд, танӯр дар мо талаботи бештар дорад. 
Танӯр оташдони нонпазӣ буда, аз гил сохта мешавад ва онро дар зери замин ба таври амудӣ  ва ё  болои чаҳорпоя ба тарзи уфуқӣ устувор мекунанд. Танӯрсозӣ ҳунари суннатӣ буда, ба пешаи кулолӣ иртибот дорад. Барои лои танӯр хокҳои махсуси ширадор ва ё гили бутта истифода мешавад. Ҳангоми лой шӯридан барои мустаҳкам шудан ва накафидани девораи танӯр ба он каме пашми чорво илова менамоянд. Яке аз амалҳои муҳими танӯрсозӣ зери по сум задани лой мебошад. Онро такрор ба такрор гардонда сум мезананд, то ки ҳавои дохилаш берун шавад ва лой шакли яклухти часпакро гирад. Маъмулан, онро барои ин ки хоку хас омехта нашавад, дар болои шол ё ҷойҳои поку рӯфташуда тунук карда сум мезананд. Пас аз сум хӯрдан лойро ба шол (имрӯзҳо ба пардаи полиэтиленӣ) печонда ба муддати ду рӯз дам медиҳанд.
Танӯрро барои хушк намудан дар ҷои офтобӣ гузошта андаруни он замин  каме  ангиштро оташ медиҳанд, то ки бо алангаи  паст ангишт ду шабонарӯз  сӯхта танӯрро аз дарун хушк намояд. Баъд аз ду рӯз 3 - 4  хиштро барои ҳаво гузаштану пурра хушконданаш дар зери танӯр мениҳанд.
Акрам Саъдуллоев, сокини ноҳияи Шаҳринав, аз зумраи нафаронест, ки 20 сол боз ба сохтани танӯр машғул буда,  тавре худи ӯ нақл мекунад  ин ҳунар моҳият ва нозукиҳои худро дорад:
-    Танӯр аз се қисм иборат аст. Қисми аввалро тахтаи аввал меноманд, ки дарозиаш 3 метр  ва бараш 35 - 40 см мешавад. Тахтаи аввалро баъд аз тунук кардан ва дарозшакл намудан, нӯгҳояшро ба ҳам оварда мепайванданд. Пас аз 4 - 5 соат, чун каме сахт шуд, деворҳояшро бо асбоби ғундак ва аз берун ба даст мекӯбанд, то  мустаҳкаму ҳамвор гардад. Сипас, қисм ё тахтаи дуюмро ба ҳамин тарз тайёр карда, аз боло ба тахтаи якум пайванд месозанд. Тахтаи дуюм андаке конусшакл буда, аз қисми поёнии худ ба тахтаи якум ба воситаи дандона пайваст мешавад. Деворҳои тахтаро боз ба даста ё ғундак куфта пайвандии онҳоро қавӣ мегардонанд. Қисми сеюмро «даҳана» меноманд, ки деворҳояш бориктар аст. Шакли даҳана низ ба конус монанд мебошад. Пас аз ба ҳам овардани нӯгҳои даҳана ва ба болои тахтаи дуюм устувор намудан бо даставу ғундак аз даруну берун зада, пайвандҳоро маҳкам менамоянд. Гили даҳони танӯрро ба об андаке мулоим карда, ба шакли давра лаб мебароранд. Маъмулан, андозаи даҳони танӯри нонпазӣ 50 см ва танӯр барои санбӯсапазӣ ба 65-70 см баробар аст. Баъзан мувовиқи супориши мизоҷон андозаҳо тағйир меёбанд.
Тарзи шинондан ва ба истифода додани танӯр дар ҳавлиҳо нозукии худро дорад. Аз хишт ё лой дуто деворчаи баландиашон 80-90 см, дарозиашон 1 метр ва фосилаи байнашон 120 см сохта, ба болояш тахта мегузоранд. Сипас, ба болои тахтаҳо  хок рехта, танӯрро ба тарзи уфуқӣ рӯи он хок мениҳанд. Одатан  рӯйи танӯр бояд ба самти қибла набошад, баръакс пушти танӯрро ба тарафи қибла мегузоранд, ки нонпаз худ ҳангоми нончаспонӣ рӯй ба қибла оварда, нон пазад.
Баъд аз шинондани танӯр ба даруни он ҳезумреза андохта  оташ мезананд. Оташ бояд бо алангаи паст 15 - 18 соат сӯзад. Чун гилу андоваи болои танӯр хушк шуд, ба танӯр ҳезуми хушки чӯбро андохта 6 соат беист оташи баланд меафрӯзанд. Дар натиҷа деворҳои танӯр сурх шуда, ба сафол табдил меёбанд. Баъди як соати он ба танӯр нони аввалинро мепазанд.Танӯр вобаста ба сифат, маҳорати усто ва тарзи истифода то 10 - 15 сол хизмат мекунад.
Акрам Саъдуллоев, ҳунари танӯрсозиро аз падару бобоёни худ омӯхтааст ва ба писаронаш Акмалу Иброҳим меомӯзонад.
Воқеан ҳам, танӯру танӯрсозӣ дар кишвари мо аҳамияти хосса дорад ва нишонест аз он анъана ва ҳунарҳои мардумӣ. Чанде пеш аз ҷониби сайёҳзане дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук наворе пахш шуд, ки дар Тоҷикистон бо як меҳр ва шодии беандоза дар танӯри тоҷикӣ нонпазӣ мекард. Аз ин маълум мешавад, ки ҳунари  нонпазӣ барои сайёҳон хеле ҷолиб аст ва метавонад як роҳи  ҷалбсозии сайёҳон низ  бошад.
 
Нигина РАҲМОН,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.03.2021    №: 55    Мутолиа карданд: 590
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед