logo

иҷтимоиёт

ЗАН-МОДАРИ ТОҶИК. ХУҶАСТАГИҲОИ ЗОТИИ ОЛИҲАИ ҲУСН

 Барои миллати хирадпеша ва куҳанбунёди тоҷик, ки “ҷаннатро дар хоки қудуми модарон” дидааст,  парастиш ва эҳтироми модар, арҷгузорӣ бар ӯ ҳамеша волотар аз ҳама чизи дигар буду ҳаст. Метавон муҷассамаи  хираду фазилат, некиву футувват,  меҳру муҳаббатро дар симои модари тоҷик бунёд гузошт. Марому мақоми баланду эҳтироми зан ва модари тоҷикро худи таърих, имтиҳони гарони рӯзгори модар дар тӯли асрҳо муайян намудааст. Бузургии ӯ ҳақиқатест, ки дар саҳифаҳои таърих бо муҳри вақту замон тасдиқ гардида, ҳукми абадият гирифтааст.

Далели нахуст ин аст, ки модари тоҷик модари нобиғагону бузургони оламшумул аст. Ӯ бузургон ва абармардонеро ба дунё овардаву парвариш додааст, ки агар  саф ба саф номбар кунем, саҳифаҳои зиёдеро бояд пур созем. Ба монанди  Одамушшуаро Рӯдакӣ,  Шайхурраис  Буалӣ Сино, Ҳаким Умари Хайём, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Ал Форобиву Ал Хоразмӣ, Шайх Саъдиву Абдураҳмони Ҷомӣ ва даҳҳову  садҳои дигар, ки ҷаҳонро бо  илму фарҳангу маърифати худ тасхир намудаанд.  Чӣ ҷойи шубҳа, ки устоди  нахустини ин  бузургворон пеш аз ҳама зан - модари тоҷик будааст.
Мо аз таърих медонем, ки зан - модари тоҷик ҳам шоҳ будаасту ҳам сарвари шуҷоъ ва хирадпешаи  сарзамини худ. Шуҷоату корномаи таърихии Томарис - шоҳи ин сарзамини далерон, ки тавониста барои дифои кишвари худ ва интиқоми шавҳару фарзанди шаҳидаш бо тавонотарин шоҳи таъриху замон Куруши Кабир ба майдони набард барояд ва ӯро мағлуб кунад.
Далели ин, ки бонувони тоҷик дар замонҳои ҳассос ватандӯстона ҷавшан ба тан кардаву  силоҳ ба даст гирифта, далерона ба ҳимояи Ватани худ бархоста, дар майдонҳои набард на кам аз мардон қаҳрамониву шуҷоат ва ҷоннисорӣ нишон дода, ватанро аз истилои таҷовузгарон эмин доштаанд, дар саҳифаҳои таърих кам нестанд. Далел чунин аст, ки дар гӯшаҳои гуногуни  Тоҷикистон  то имрӯз мавзеъҳое бо номи “Чилдухтарон” маҳфузанд. Қиссаи чилдухтаронро ҳама медонад, чил духтаре, ки ҳангоми  тиҳӣ мондани деҳа аз мардон, вақте душмани истилогар  ҳуҷум мекунад, мардонавор силоҳ ба каф мегиранду ҷоннисорона бар ҳимояи шарафи ватанашон бармехезанд ва то охирин неру меҷанганду дар майдони муҳориба қурбон мегарданд, аммо тан ба душман намедиҳанд. Чунон ки гуфтаанд: “Ҳама сар ба сар тан ба куштан деҳем, аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем!” Чунин мавзеъ - мазорҳо дар тамоми гӯшаҳои кишвар вуҷуд доранд, ки то имрӯз мардум онҳоро пос медоранд. Дар Муъминобод, дар Панҷакент, дар Суғду Хатлону Раштон.., дар ҳама гӯшаҳои Тоҷикистон. Ва онҳо далели шуҷоати занони ватандӯсти тоҷиканд.
Агар имрӯз миллати сарбаланди мо баъд аз он қадар ҷабрҳои таърих, он қадар тохтутозу тороҷгариву хунрезиҳои душманон боз ҳам зиндаву поянда аст, бе ширкат, бе фазилат, бе шарофату ҷоннисорӣ ва ақлу заковати баланди зан-модари тоҷик наметавонист ба вуқӯъ пайвандад.
Зани тоҷик ҳамеша ва имрӯз ҳам сазовори он аст, ки дар пеши азамату ҷоннисориҳои модаронаи ӯ сари саҷда фуруд оранд, зеро зани тоҷик бештар аз як зан, бештар аз як модар аст. Боре, ки ӯ бар дӯши худ гирифтааст, хеле фузунтару фарогиртар аз рисолати ӯст. Ба ҷуз ин, ки ӯ моро ба дунё овардааст, шабҳо нахобидаву ҳама гарониҳои рӯзгорро таҳаммул намудаву моро парварида, ба роҳи бузурги зиндагӣ баровардааст, боз ӯ тамоми бори гарони рӯзгори хонаводаро бар дӯш дорад. Хусусан дар деҳот, дар кӯҳистон, ки Тоҷикистони мо саросар кӯҳистон аст. Дар куҷо дидаед, ки як зан соҳиби ин қадар касбу кору ҳунар бошад? Зан дар хонавода, зан дар коргоҳ, зан дар гирумони рӯзгор, зан дар ҷомеа, зан ҳамчун ҳамсар, зан ҳачун модар ва ғайраву ғайраҳо.
Мегӯянд, ки миллати тоҷикро, пеш аз ҳама, забони модарӣ ва суннатҳои неки миллӣ, аз ҷумла Наврӯзаш зинда доштаанд. Аммо забон ва суннатҳоро, Наврӯзу Садаву Меҳргонро кӣ ҳифз кард, кӣ зинда дошт? Албатта, пеш аз ҳама, занону модарони шарафманди мо. Агар имрӯз мо ифтихор дорем, ки дар Тоҷикистони азизи мо тамоми суннатҳо, расму русуми нек, анъанаҳову ҳунарҳои наҷиби миллӣ зиндаву пояндаанд, инҳо, пеш аз ҳама, ба шарофати занону модарони тоҷик аст. Ин магар гувоҳи донишмандӣ ва ҳунарманд будани зани тоҷик нест?
Дар баъзе мавридҳо, хусусан баъд аз ҷангҳои нангини шаҳрвандӣ, ки мардони зиёдеро аз байн бурд, зани тоҷик дар бисёр хонаводаҳо ҳам падар буду ҳам модар. Имрӯзҳо ҳам, ки қисми зиёди мардони кишвари мо дар муҳоҷирати  меҳнатӣ ҳастанд, ҳамин тавр аст, дар ин хонаводаҳо зан аст, ки ҳам мард асту ҳам зан, нигаҳдорандаи гулхани фурӯзони рӯзгор. Пас кист зани тоҷик, агар қаҳрамон нест?!
Дар замони шӯравӣ, вақте ки зани тоҷик ба озодӣ расид, устод Турсунзода суруда буд:
Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.
Агар устоди шодравон имрӯз зинда мебуд, яқин аз ин шароит, имконият ва дастгириҳои боз ҳам шоистатар, ки барои занони тоҷик Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои миллат фароҳам овардаанд, бештар ба ваҷд меомад ва шояд ин ситоишро ба оҳанги нав идома медод. 
Ба шарофати ҳамин сиёсати арҷгузорӣ ба зан - модар аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон, рӯзи иди бонувонро Рӯзи модар номгузорӣ кардаанд. Дар ин мафҳум маъное ироа мешавад, ки ин ид, ин рӯзро шоиставу муқаддас мегардонад, зеро марбут ба номи муқаддаси  модар аст.
Гумон мекунам, Сарвари кишвари мо, вақте ки дар таҳия ва қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", дар роҳандозии озмунҳои наву фарогире, мисли “Тоҷикистон - Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, ки ҳадафҳои баланди миллиро пайгирӣ мекунанд,  раҳнамо буданд, яқин аст, ки, пеш аз ҳама, ба саҳми модари тоҷик, ба хираду фазилати ӯ такя ва эътимод доштанд.      
Метавон садҳо далел аз дастгириву фароҳам овардани шароит барои занони ҳунарманди тоҷик дар чанд соли охир овард. Масалан, аз соли 2006 бо ташаббуси  Пешвои миллат барои дастгирии занони соҳибкор  грантҳои президентӣ ҷудо карда мешаванд. Аз соли 2014 дар маҷмӯъ, 80 лоиҳаи соҳибкорзанони инфиродӣ аз ҷониби  Комиссияи  озмунҳои грантҳои президентӣ ба маблағи 2 миллион сомонӣ дастгирӣ ёфт. Чунин далелҳоро метавон беохир идома дод.
Баъд аз эълон шудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нақш ва фаъолияти занони деҳоти тоҷик боз ҳам баландтар бардошта шуд. Зеро амалӣ гардидани ин барномаи Ҳукумат бе иштироки фаъоли занони деҳот ва саҳмгузории онҳо номумкин менамояд.
Оё метавон имрӯз рушди деҳотро бе заҳмату ҳунару заковати занони тоҷик тасаввур кард? Оё метавон рушди ҳунарҳои миллии моро, ки маҳз зан ва модари тоҷик бунёдгузору нигаҳдорандаи онҳо дар тӯли асрҳо будааст, имрӯз бе файзу баракати дастони модари тоҷик пеши назар овард? Оре, имрӯз маҳз занони тоҷик бо маърифати зотии баланди хонаводагии худ, ки аз имтиҳони асрҳову таърих гузаштаву пирӯз мондааст, сарчашмаи асосии рушди деҳот ва дар маҷмӯъ, рушди кишваранд.
Бале, зан – модари тоҷик дар тӯли зиндагии ҳунармандона ва ҳалолу покизаи худ дар ҷомеа обрӯю эҳтироми хосса пайдо кардааст. Зан – модари  тоҷик, ки бисёр бузургону нобиғагони сатҳи ҷаҳониро ба олам овардаву парваридааст; зан — модари тоҷик, ки маҳз бо шарофати ӯ бузургтарин ойину суннатҳои миллии мо, мисли Наврӯзу Меҳргону Сада, ки нигаҳдорандаи воқеии симои миллии халқи моянду  шомили садҳо ҳунару пешаҳои халқиянд, зинда мондаву ҷаҳонӣ шудаанд; зан – модари тоҷик, ки имрӯз ба шарофати фарҳанг ва хиради зотии ӯ мо бо забони ноби тоҷикӣ, яъне забони оламшумули шеъру илму адабу фарҳанг ва меҳру муҳаббат сухан мекунем. Имрӯз боз ҳам ба шарофати ҳамин зан – модари заҳматкаши деҳотии тоҷик дастурхони мо аз  сабзавоту мева, зироати мухталиф, ширу қаймоқи лазиз ва даҳҳо номгӯи дигари маҳсули дастони пурзаҳмати ӯ файзу баракат дорад.
Нависандаи машҳури дунё Халил Ҷуброн мегӯяд: Модар зеботарин вожаест, ки инсон ба забон овардааст. Дар ин радиф нависандаи маъруфи ҷаҳонӣ Оноре де Балзак навиштааст: Ояндаи миллат дар дасти модарон аст.
Нависандаи номдори рус Максим Горкий низ ба ин гуфтаҳо ҳамроҳ гардида  гуфтааст: Бе офтоб гулҳо, бе муҳаббат хушбахтӣ, бе зан ишқ, бе модар инсон вуҷуд надоранд!
Бузурги дигаре нигошта: Дасте, ки гаҳвораро меҷунбонад, дунёро сарварӣ мекунад ва ин даст бешубҳа дасти модар аст.
Хушбахтона, имрӯз арҷгузорӣ ба зан, ба модар, ғамхориву дастгирӣ аз ӯ дар мадди аввали сиёсати давлатдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истодааст ва масъулияту муҳаббати ҳамешагии моро нисбат ба занону модарону хоҳарони азизамон шукӯҳмандтар мегардонад. 
 
КАМОЛ НАСРУЛЛО


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.03.2021    №: 55    Мутолиа карданд: 664
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед