logo

иҷтимоиёт

ХУРОСОН. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ИФТИХОРИ МИЛЛИРО РАВНАҚ МЕБАХШАД

Бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои ободонию созандагӣ идома доранд. Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон низ мақомот ва сокинон талош доранд, ки ин ҷашни ҳумоюнро бо дастовардҳои азими бунёдкорӣ истиқбол намоянд. Аз ин рӯ, дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои созандагиро вусъат бахшида, ба муваффақиятҳои чашмрас ноил гардиданд.
Дар ноҳия бунёду навсозӣ ва таъмири 364 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то кунун аз ин теъдод 314 иншоот сохта, мавриди истифода қарор гирифтааст. 48 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ, 2 кӯдакистон, 12 майдонча ва 3 толори варзиш, 4 беморхона, 17 бунгоҳи тиббӣ, 7 маркази тиббӣ, 7 дорухона, 9 нуқтаи хатнакунии кӯдакон, 2 меҳмонхона, 2 корхонаи коркарди шир, 3 коргоҳи дӯзандагӣ, коргоҳи адрасбофӣ, 2 корхонаи дӯхти либоси мактабӣ, 4 коргоҳи истеҳсолӣ, 12 маркази савдо аз ҷумлаи муҳимтарин иншооти ҷашнӣ ба ҳисоб мераванд.
Айни ҳол дар ноҳия 6 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 38,7 миллион доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодааст. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба беш аз 162 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба соли қаблӣ 6 миллиону 762 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли нахи пахта 107,2 дарсад, равғани рустанӣ 102,2, гӯшт 109,6, маҳсулоти ширӣ 116,6, сангу шағал 179,1, оҳак 108,1 ва чигит 109,2 дарсад иҷро гардид. Истеҳсоли хишти сементӣ ба 522,4 ҳазор дона баробар гардид. 
Мутаассифона, феълан аз 15 корхонаи саноатӣ 5-тояш фаъолият намекунад. Вале 2 корхонаю коргоҳи нав мавриди истифода қарор дода шудааст.  
Ҳаҷми сармояи асосӣ дар бахши сохтмон ва меъморӣ 215 миллиону 205 ҳазор сомониро ташкил дод. Аз ин ҳисоб, ҳаҷми маблағгузориҳои давлатӣ 46 миллион, сармояи хориҷӣ 162,7 миллион ва хусусӣ қариб 6,5 миллион сомониро ташкил дод. Корҳои сохтмону васлкунӣ 20,6 миллион сомонӣ иҷро гардид. Ҳамчунин, дар масоҳати 5986 метри мураббаъ манзилҳои шахсии истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Аз 265 километр масофаи умумии роҳҳои ноҳия 73 километраш роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва 192 километри дигар дорои аҳамияти маҳаллӣ мебошанд. Барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ 358 ҳазор сомонӣ ҷудо ва корҳои таъмиру барқарорсозӣ анҷом ёфтанд. Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 3 километр роҳ аз таъмири ҷорӣ бароварда, аз ҳисоби соҳибкорон 58,3 километр сангфарш ва 4 пул таъмир гардид.
Бояд гуфт, ки Хуросон ноҳияи кишоварзӣ буда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 570,7 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ 50,9 миллион сомонӣ зиёд аст. Кишти зироати асосӣ - пахта дар майдони 4374 гектар гузаронда, иҷрои дурнамо 101,4 дарсад таъмин шуд. Истеҳсоли ғалладонагӣ бошад, ба 47,7 ҳазор тонна, сабзавот 43,3 ҳазор тонна, гӯшт 5551 тонна, шир 16821 тонна, тухм 6,3 миллион дона, меваҷот ба 4504 тонна, ангур 5711 тонна ва полизӣ 12665 тонна расид.
Дар 61 муассисаи таълимии ноҳия 30 ҳазору 371 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки ба онҳо 1770 омӯзгор таълим медиҳад. Дар 4 муассисаи томактабӣ 492 кӯдак дар 18 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта, дар назди 43 муассисаи таълимӣ 917 кӯдаки синни 5 - 6 - сола ба маркази инкишофи кӯдак ҷалб гардидааст. Барномаи компютеркунонӣ 100 дарсад иҷро шудааст. 
Дар ноҳия 29 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 5 хонаи фарҳангӣ, 4 клуб, китобхонаи марказӣ, китобхонаи бачагона, 17 китобхонаи маҳаллӣ, боғи фарҳангӣ - истироҳатӣ, осорхона ва мактаби санъати бачагона ба аҳолӣ хизмати фарҳангӣ расонда истодаанд. Дар 19 китобхона 91 ҳазору 296 нусха китоб маҳфуз мебошад.
Ноҳия 184 майдонча ва 16 толори варзиш дорад. Давоми солҳои 2016 - 2019 дар ноҳия 10 майдонча ва 6 толори варзиш сохта шудааст. Муассисаи мактаби варзишии кӯдакону наврасон фаъолияти худро аз рӯи 6 намуди варзиш ба роҳ мондааст, ки дар ин маҳфилҳо зиёда аз 240 кӯдаку наврас ба тамрин фаро гирифта шудаанд. 
Ҳоло бо наздик шудани Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ кор дар иншооти ҷашнӣ суръати нав пайдо карда, итминон дорем, ки сокинони меҳнатқарини ноҳияи Хуросон, чун дигар мардуми сарбаланди ҷумҳурӣ сохтмону бунёди иншооти ҷашнии нақшавиро муваффақона анҷом медиҳанд.    
 
Илҳом АҲМАДЗОДА,
раиси ноҳияи Хуросон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2021    №: 56    Мутолиа карданд: 796
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед