logo

фарҳанг

НАВРӮЗИ БАДАХШОН. ВАҚТЕ КИ НУРҲОИ ОФТОБ САРИ САНГ МЕРАСАНД...

Наврӯзи Бадахшон ҷанбаи нуҷумӣ, яъне тақвимӣ, дорад. Ба гуфтаи Аловиддин Шоҳинбеков, устоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, тибқи тақвими мардумӣ ҳар як фасли сол чил рӯзи баавҷрасӣ дорад, ки онро чилла меноманд. Чиллаи зимистон аз 20 декабр то 30 январ давом мекунад. Баъд аз чилла гармшавӣ сар мешавад. Аз ҳамин давра ҳисоби мардумии фарорасии Наврӯз оғоз мешавад, ки онро дар Бадахшон аз рӯи ҳаракати Офтоб муайян менамуданд. Ба ин мақсад, одамон аз давраҳои қадим дар муҳити атроф барои худ дар шаклҳои гуногун нишона мекарданд, ки аз рӯи он вақти ба мизон расидани Офтоб мушаххас мешуд. 
 
Имрӯз ҳам қисме аз ин нишонаҳо дар бархе минтақаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боқӣ мондаанд. Аз рӯи тулӯъ ва ғуруби Офтоб, равиши сояи қуллаҳои кӯҳ муайян кардани фарорасии Наврӯз то пайдо гардидани тақвимҳои хаттӣ дар ҳар деҳаю маҳаллаи Бадахшон роиҷ буд. Масалан, дар мавзеи Саворбанди деҳаи Гишхуни ноҳияи Ванҷ сангест, ки онро санги кару гунг ном мебаранд. Дар тамоми зимистон ба тори ин санг нури офтоб намерасад. Фақат, вақте ки ҷашнҳои наврӯзӣ оғоз меёбанд, бори аввал шуои офтоб ба сари санги кару гунг ҳам мерасад. Дар деҳаи Танги ноҳияи Шуғнон ҳам сокинон сарокӯҳи Варбомвидорро нишонаи омад - омади баҳор медонанд. Аз охири чиллаи зимистон сар карда, офтоб вақти тулӯъ сар - сари кӯҳ аз тарафи ҷануб ба тарафи шимол ҳаракат карда, ба қуллаи баландтарини он мерасад ва сипас ба поён ҳаракат мекунад. Тулӯи офтоби саҳарӣ аз қуллаи баландтарини кӯҳи Варбомвидор ба сокинон башорат аз рӯзи Наврӯз медиҳад. Аз ҳамин рӯз сар карда, рӯз ба рӯз офтоб дар деҳа барвақттар тулӯъ мекунад.
Агар дар баъзе деҳаҳо одамон омад - омади баҳорро аз рӯи нишонаҳои табиӣ, мисли теғаҳои кӯҳӣ, сангҳои хоро ва теппаҳо муайян мекарданд, дар баъзе ҷойҳо худи одамон нишонаҳо мегузоштанд ва тибқи онҳо замони фарорасии Офтоб ба мизонро муайян мекарданд. Масалан, донишманди маъруфи тоҷики асри ХIХ Сӯфӣ Муборакқадами Вахонӣ дар назди хонаи худ тақвими сангӣ бунёд кардааст, ки то ҳол побарҷост. Ин тақвими сангӣ дар деҳаи Ямги ноҳияи Ишкошим ҷой гирифтааст. Он аз чор нишонасанги пайи ҳам ҷойдодашуда иборат мебошад, ки онҳо ба тарафи офтобнишин менигаранд. Санги аввали ин қаторсангҳо дар мобайни худ сӯрох дорад, ки аз ин сӯрохӣ мӯйсафеди ботаҷриба ба воситаи сӯрохии сангҳои нишона, ки охиринаш дар 200 метр дуртар ҷой гирифтааст, ба ғуруби офтоб менигарад. Вақте ки нури офтоб аз хати рости шикофиҳои сангҳо гузашта, рост ба чашми мушоҳидакунанда мерасад, мефаҳманд, ки айни Наврӯз аст. Дар деҳаи Бароҷи ноҳияи Роштқалъа бошад, барои муайян кардани вақту соати фарорасии Наврӯз аз чунин восита истифода мекарданд. Одамони бо ин кор шинос милтиқро пешакӣ дар ҷое устувор мекарданд, ки милаш ба самти ҷӯйи Шоҳбурҳон менигарист. Онҳо ҳар рӯз месанҷиданд, ки кай нури офтоб пурра ба даруни мили милтиқ медарояд. Замоне ки нури офтоб ба даруни милтиқ рост медаромад, инро ҳамчун ба нуқтаи мизон расидани офтоб маънидод мекарданд. Ё ки дар деҳаи Тусиёни ҳамин ноҳия нишони дигаре бо номи ридетс то ба ҳол побарҷост. Дар ин деҳа мазори Шоҳбурҳони Валӣ воқеъ аст ва сокинони деҳа ҳисоби наврӯзиро ҳам аз назди ҳамин мазор оғоз мекарданд. Саҳар вақте аввалин шуълаҳои офтоб дар қисмати болоии деҳа дар теғаи кӯҳ намоён мешаванд, як нури он мисли риштаи борике аз он баландӣ то поёни деҳа мерасад. Ин нури риштамонанд ҳар рӯз ба пеш ҳаракат мекунад. Одамон ҳаракати онро аз назди мазори Шоҳбурҳон ба мушоҳида мегиранд, ки вай рӯз ба рӯз аз назди мазор ба самти чапи он ҳаракат мекунад. Мардум сангеро нишон карда, мушоҳида намудаанд, ки вақте шуои борики офтоб ба санг наздиктар меояд, ҳаракати вай тезтар мешавад. Ҳангоме ки риштаи нур ба санги нишона мерасад, мегӯянд, ки офтоб ба нуқтаи мизони худ расид ва ин рӯзи фарорасии Иди Наврӯз мебошад. Ин ҳисоб байни мардуми деҳаи Тусиён бо номи «Нишони Шоҳбурҳон» ёд мешавад. 
Таҳқиқгарони таъриху этнография, махсусан олимоне, ки ба омӯзиши Наврӯз ва вижагиҳои он дар Бадахшон машғуланд, дар деҳоти вилоят, ҳамчунин, дигар нишонаҳои фарорасии Наврӯзро зикр кардаанд, ки то замони пайдошавии хату ҳисобҳои астрономӣ - тақвимӣ байни мардум роиҷ будаанд. Имрӯз бештари ин нишонаҳо моҳияти худро гум карда  бошанд ҳам, чун ёдгоре  аз рӯзгори ниёгонамон боқӣ мондаанд ва то чи андоза закиву кордон будани онҳоро нишон медиҳанд.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2021    №: 56    Мутолиа карданд: 925
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед