logo

фарҳанг

ҲУНАР ВА РИСОЛАТИ ҲУНАРМАНД. СУҲБАТ БО ДОРАНДАИ ОРДЕНИ СИТОРАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН, ҲУНАРПЕШАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН УБАЙДУЛЛО РАҶАБОВ

Ҳунар ва рисолати ҳунарманд аз масъалаву мавзӯъҳоест, ки бештару беҳтар ва ҳамеша дар маркази диққат бояд қарор дошта бошад. Чаро? Чунки ҳунар ва, албатта, мурод ҳунари асил аст, инчунин, ҳунарманд манбаи зебоиянду зебоиро меофаранду барои густаришу пойдорияш саъй ба харҷ медиҳанд. Зебоӣ, ба қавли Достоевский, адиби оламшумули рус, наҷотбахши ҷаҳон мебошад. Ҳунар ва ҳунарманд муаррифгари миллат низ маҳсуб мешаванд. То ба куҷо имрӯз ин рисолат аз ҷониби ҳунарманд ва аҳли ҷомеа шинохта шудааст? Барои посух гирифтан ба ин пурсиш ва дигар пурсишҳои баъдӣ дар атрофи ин мавзӯъ хабарнигори «Ҷумҳурият» бо Убайдулло Раҷабов, дорандаи ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, устоди ҳунар, шахсияти бисёр маҳбубу маъруфи кишвар, ҳамсуҳбат гардид.
- Устоди азизу гиромӣ, нахуст барои ташрифатон ба рӯзнома изҳори сипос менамоям. Баъдан, мехоҳам суҳбат дар атрофи ҳунару рисолати ҳунарманд, хосса корҳои мондагори Шумо, бошад. Ҳамин тавр, то ба куҷо ин масъулият шинохтаву рисолат иҷро гардидааст?
- Ҳунари театрӣ омехтаи бисёр ҳунарҳои дигар аст. Дар ин соҳа ҳунарманд, пеш аз ҳама, аз адабиёт бояд бохабар бошад ва баъд аз дигар илмҳо ва ҳунарҳову расму оинҳо.
Ҳама гуна ҳунар бояд зебо бошад ва зебоӣ биофарад. Ҳамзамон, дар шинохти дурусти он ёрӣ бирасонад, завқҳоро парвариш бидиҳад, мардумро тарбия бикунад, ҳақиқатро бишиносонад, ба некуиву накукорӣ даъват бинамояд. Ҳунари театрӣ бо жанрҳои гуногун ташаккул ёфт, режиссура такмил гардид, драматургия ба вуҷуд омад.
- Ба назар менамояд, ки мо Шуморо аз оғоз ҳамчу ҳунарманд, он гуна ки бояд, шинохтаем. Аммо чунин нест. Ман ин ҳақиқатро замоне бештару  дурусттар дарк кардам, ки дар ягона Телевизиони Тоҷикистон фаъолият доштам. Ин соли 1985 буд. Дар бораи Шумо ва фаъолияти ҳунариатон намоиш бояд омода менамуданд. Навиштани сенарияро ҳеҷ кас ба уҳда нагирифт. Аз он рӯ, ки аҷзи худро дар ин маврид дар баробари шахсияти Шумо, ҳунаратон, талаботатон, дақиқтараш масъулиятатон, эҳсос карданд. Зарур шумориданд, ки иҷрои ин корро ба нависандаи шодравон Сайф Раҳимзоди Афардӣ вогузор бикунанд. Ӯ низ танҳо ба хотири дӯстие, ки бо Шумо дошт, сенарияи намоишро навишт... Аслан, ҳунарманди асил, дар навиштаҳо, барномаҳо, намоишҳо намегунҷад. Ин амри табиист. Номи намоишро «Оинаҳо. Оинаҳо. Оинаҳо» гузошт. Баъдҳо Театри намунавии минётурии «Оина»-ро, ки назираш дар Осиёи Марказӣ набуд ва алҳол низ нест, таъсис додед. Манбаи илҳому интихоби «Оина» аз ин намоишу намоишнома буд ё чизе дигар?
- Не. «Оина» ҳамчу ном баъд пайдо шуд. Пеш аз ин номҳои зиёд пешниҳод гардид, аммо мақсаду  мароми  моро ифода карда наметавонистанд. Ба ҷуз ин, дар талаффуз хуб садо намедоданд. «Оина»-ро ба он хотир пазируфтем, ки таҷассумгари ҳама чиз дар асли худ мебошад, зебоиро инъикос мекунад. Ва ҳам айбу нуқсеро, ки ислоҳаш даст медиҳад, мегӯяд. Чун худи оина покиза ва сайқалёфта аст. Воқеан, мо аз «Зеркало» - и Петросян соле пештар ин номро барои театрамон интихоб карда будем.
- Дар хотир дорам, ки Шумо нимаи дувуми солҳои 80-уми асри гузашта, саҳнаҳои навиштаи муаллифонро ба куллӣ дигар мекардед, аммо номи худро ҳамчун муаллиф зикр наменамудеду наменавиштед. Ба ин васила ба чандин муаллиф шуҳрат мебахшидед, ба қаҳрамонҳои он саҳнаҳо низ. Яке аз ин саҳнаҳо дар бораи сарвари муассисаи фарҳангие, ки фарқи шоираи классик Зебунисоро аз Зебунисои камонвари тоҷик, чемпионкаи ҷаҳон, намерафт ва, аз ҷумла изҳор медошт: «Боз ин Зебунисои худамон Махфӣ, Махфиевна шудааст?». Ва бо ҳаракатҳои саҳнавӣ ҳолати ин камонварро гӯё нишон медодед. Тавре дарёфтам, Зебунисо Рустамова аз ин наранҷидаанд, баръакс шод гардиданд. Мехостам дар ин хусус суҳбатро идома бидиҳед.
- Воқеан, ҳамин тавр буд. Пас аз тамошои ин асари саҳнавӣ Зебунисо Рустамова изҳори сипос карданд. Гуфтанд: «Ба ман шуҳрат бахшидед. Бисёриҳо аз ин дастовардам, ки дар ҷавонӣ чемпионкаи ҷаҳон шудаам, хабар надоштанд. Ин намоиш шуҳратамро афзуд». Як матлабе ҳам навишт, ки ба наздикӣ дар китоб чоп мешавад. Ихлосмандон имкон пайдо карда метавонанд, ки ба тафсилоти он ошно бигарданд. 
Дар ҳақиқат, дар мо ҳастанд роҳбароне, ки соҳаро, хосса соҳаи фарҳангро намедонанд. Андешарониву пешниҳодҳову фаъолияташон ҷавобгӯи талабот нестанд. Аксар вақт «изои муъмин ҳаром аст» гуфта, хомӯш менишинем, агарчи оқибату натиҷаи он хуб нест, ба манфиати рушди фарҳанги асил ва миллат намебошад.
Ҳарчанд коргардон ба ҳунарманд роҳу равишро дар нақшофарӣ муайян мекунад, аммо бояд худи ҳунарманд дарк бинамояд, бифаҳмад, то куҷо ба ин гуна тарз характери қаҳрамонро мувофиқу дурусту боварибахшу табиӣ офарида метавонад. Ба ин хотир, ҳунарманд донишу таҷриба ва истеъдоди фитрӣ бояд дошта бошад. Ҳар суханаш, ҳар ҳаракаташ, ҳатто ишораҳояш таъсир гузошта битавонад, характерро мукаммал бинамояд.
Аслан, театр инъикоскунандаи зиндагӣ аст. Драматург, актёр, режиссёр бо чӣ роҳе онро метавонанд пешкаши тамошобин бинамоянд, ин масъалаи дигар аст. Мутаассифона, аксар ҳамкасбони ман, актёрон, дар тамоми зиндагияшон як ё ду нақш меофаранд, ҳол он ки дар даҳҳо намоиш бояд нақш биофаранд, қолибӣ набошанд. Бо офаридани характер ва нишон додани он ҳунарманд тамошобинро ба тааҷҷуб бояд биёрад. Шинохти ҳунару иҷрои дурусти рисолат аз ин ҳама зоҳир мешавад. Устоди шодравон Аслӣ Бурҳонов агар дар се намоиш нақш меофариданд, на худро, балки қаҳрамонро нишон медоданд. Ҳеҷ кадоме ба якдигар монанд набуданд. Қаҳрамонҳои офаридаи ӯ аз як лаҳза ба лаҳзаи дигар, аз як саҳна ба саҳнаи дигар, ташаккул меёфтанд ва дар натиҷа характерҳои мукаммалро бозгӯ мекарданд. Ман, албатта, бо ин устодам ифтихор менамоям. Инчунин, бо устодам Ефим Исаевич Мителман ифтихор дорам, ки дар мактаби эҷодиашон тарбия ёфтаам, ба воя расидаам.
- Пеш аз он, ки дар бораи устод Ефим Исаевич Мителман суҳбатро идома бидиҳем, мехостам дар хусуси офаридани характер, образ бигӯед. Албатта, аз як намоиш то намоиши дигар ҳунарманд фурсати кофӣ дорад, ки характер, образ биофарад ва ҳолати рӯҳиву ҷисмонии худро тағйир бидиҳад. Ҳарчанд ин ҳам ба осонӣ даст намедиҳад, ҷойи он қадар тааҷҷуб нест. Тааҷҷуби бештари мо ва дигар ихлосмандонатон дар он мебошад, ки Шумо дар як намоиш чанд образу характер меофаред ва ҳолат, ҳатто ҳолати синнусолӣ, овози ҷинсҳоро тағйир медиҳед. Гоҳе мӯйсафед мешавед, гоҳе кӯдак, гоҳе модари кӯдак ва гоҳе марде, ки суруд мехонад. Инчунин, хастагӣ, ҳузн, шодӣ, муҳаббат, пушаймонӣ, саркашиҳоро бисёр зинда, боварибахш нишон медиҳеду мерасонед. Туршӣ ва ширинии ангурро бо ҳолату сухан ифода мекунед, то он ҷо, ки таъми онҳоро тамошогар дар коми худ эҳсос менамояд. Ин ҳама Шуморо чӣ гуна даст доду медиҳад?
- Ин қаҳрамонҳо ҳақиқӣ буданду ҳастанд. Баъзе аз онҳо дунёро падруд гуфтаанд, бархе ҳанӯз ҳам дар деҳаи ман - Давлатшоҳиёни Кангурт зиндаанд. Мӯйсафедон, сокинони деҳа, онҳоро бо дидани ин саҳна пеши рӯ меоварданд. Як мӯйсафед дар маъракае гуфтааст: «Кофта нагардед, ки ин киву он дигар кӣ аст. Кампир Холмо аст, дар ҳамин деҳа бо ягона писараш зиндагӣ мекард. Падари кӯдак онҳоро партофта рафт». Фикр мекунам, ки барои ҳунарманд, агар хотираи қавӣ, диду мушоҳида дошта бошад ва истеъдод низ, ин саҳнаҳои гуногуни зиндагиро рӯи як саҳнаи театрӣ овардан мушкил нест. Албатта, онҳоро бояд тавонад, ки ба образ ва характер табдил бидиҳад.
Ман дар деҳа зода шудаам. Ба зиндагии он, корҳои он, хуб ошноӣ дорам. Аз кӯдакӣ дар хотирам ин саҳнаҳо ва дигар саҳнаҳо, ҳолатҳо, гапзаниҳо нақш бастааст. Инчунин, ҳамеша меомӯзам. Ҳунарманд пайваста бояд биомӯзад ва ба он чӣ омӯхтаасту меомӯзад, қонеъ набошад. Наомӯхтан ва қаноатпешагӣ марги ҳунари ҳунарманд маҳсуб мешавад.
- Бармегардем ба устод Ефим Исаевич Мителман. Бо таъсиси студияи актёрӣ дар назди Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ӯ ба тарбияи як зумра ҳунармандони оянда камари ҳиммат баст ва ҳам хуб муваффақ шуд. Аз ин зумра ҳатто кофист, ки як номи Шуморо зикр бикунем. Мегӯянд, ки ҳамчун ҳаҷвнигор ӯ Шуморо эҳсос кардаву кашф намудааст. Ин гуфта ҳақиқат дорад? Оё пештар аз ин худатон намедонистед, ки ҳаҷв ва офаридани образу характери ҳаҷвӣ хоси Шумо аст?
- Не, намедонистам ва эҳсос низ намекардам. Вақте ки ман ба пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе омадам, хеле лоғар будам. Дидам, ки одамон дар ин ҷо мӯйи   сар доранд. Ман ҳам мӯйи сар мондам. Бовар нокарданист, вале танҳо ҳамон вақт фаҳмидам, ки мӯйи сарам ҷингила будааст. (Механдад).
- Мабодо Пушкинатон намегуфтанд?
- Не, баъд гуфтанд. Бояд ёдовар шавам, ки ба воситаи телевизион дар замони донишҷӯӣ «Кохи ёдгор»-и Александр Сергеевич Пушкинро хондам. Ин дуюмин баромади ман, баъди «Қутии почта», дар телевизион буд.
- Режиссёри намоиш...
- Наим Латифов буд.
- Оре.
- Дар ин хусус ҳамсабақатон режиссёр Абдуллоҷон Ғаффоров аз хотираҳояш гуфт.
- Рӯзи дигар, он вақт намоиш зинда мерафт, мани донишҷӯи соли аввали ин студия намоён шудам, яъне шуҳрат пайдо кардам. Пас аз ин дигар ҳақ надоштам, ки ба либос, гуфтору кирдорам, ба маънии мусбаташ, албатта, аҳамияти махсус надиҳам.
Ефим Исаевич ҳамаи моро падарвор, на танҳо ҳамчун муаллим, дӯст медошт. Дар актёрӣ муносибат ҳамин гуна бояд бошад. Ба вуҷуди мо, андешаи мо бо самимият, муҳаббат ва сахтгириҳо роҳ меёфт. Аз ин миён, фикр мекунам, маро бештар дӯст медошт ва эҳтиром мегузошт. Дар намоиши «Макр ва муҳаббат»-и Ф. Шиллер ба ман нақши Гофмаршал Фон Калбро вогузор карданд. Ман ҳеҷ намехостам ин нақшро биофарам, ба дилам наздик набуд, аммо устод дар сухану тасмими худ истодагарӣ карданд ва амр намуданд, ки онро биофарам. Ба ман гуфтанд: «Дигар нақшҳоро бозидан осон аст, он ҳамаро даст медиҳад, вале ин нақшро бозида намешавад, бисёр мураккаб аст. Онро бояд биофарӣ. Бисанҷ, аз уҳдааш баромада метавонӣ. Ман ба ин хотир, бовар карда, ин нақшро барои ту гузоштам».
- Ва, албатта, муваффақ ва боварии устодро сазовор шудед.
- Оре. Нақшро ду донишҷӯ, ки яке аз онҳо ман будам, бояд меофаридем. Устод гуфтанд: «Ҳар касе ин нақшро беҳтар меофарад, дар супурдани кори дипломӣ, ки ҳайати бонуфуз онро қабул мекард, ӯ ба саҳна мебарояд». Ва барои баромадан ба ин саҳна маро интихоб кард.
- Яъне, Шуморо ҳамчун ҳаҷвнигор Ефим Исаевич кашф накардааст ва худатон ҳам эҳсос намекардед, ки дар ҳаҷв бештар муваффақ мешавед.
- Не, устод махсус нагуфтанд, ки роҳи минбаъдаи Шумо бояд ҳаҷвнигорӣ бошад. Аммо бо супурдани ин нақш он тавоноиро, ки дар вуҷуди ман ноаён, балки аз худам ҳам ниҳон буд, ошкор сохт. Ин сабаб шуд, ки ман барои худ роҳи навро биёбам. Аслан, ҳидоят ҳамингуна мешавад.
- Устод, биёед, ба пиёлаатон алҳол, ки чой хунук нашудааст, бирезам ва дар ин зимн хоҳиш бикунам қиссаеро ёдовар бишавед, ки аз чойники саҳна...
- Қиссаи чойрезиамро?
- Бале. 
Ин соли 1985 буд. Дар колхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара барои сокинони он намоишеро бояд нишон медодем. Моҳи май, аммо ҳаво гарм буд. Толор тахминан панҷсад- шашсад нафар ҷойи нишаст дошт. Се- чор маротиба зиёдтар тамошогарон омада буданд. Нафас гирифтан дар ин ҳол мушкил мешуд.
Як зан дар панҷум ё шашум қатор  кӯдаки хурдсолаш дар бағал нишаста буд. Намоишро нишон медодем. Дар ҳамин ҳол ин кӯдак ба гиря даромад. Атрофиёнаш ба ӯ гуфтанд, ки аз толор бо кӯдакаш бибарояд. Ӯ мегуфт: «Чаро мебароям? Хайр, кӯдак аст, мегиряд, оромаш карда намешавад.  Ман ба дидани намоиш омадаам. Шумо чӣ ҳуқуқ доред, ки мегӯед ман толорро бояд тарк намоям? Чаро ҳуқуқҳои маро поймол мекунед?». Дар нишон додани намоиш чанд лаҳза таваққуф менамудем. Ҳамин ки сар мекардем, ба нишон додани идомаи намоиш, кӯдак боз гиряро аз нав оғоз мебахшид. Дарёфтам, ки кӯдак ташна аст. Калонсолон ҳам ташна мешуданд, аммо ба ин тоб оварда метавонистанд. Аз чойники саҳна ба пиёла чой рехтам ва даст ба даст равон кардам, ки ба он кӯдаки гирён бидиҳанд. Кӯдакро модараш нӯшонд ва ӯ хомӯш шуд. Аз толор садои кафкӯбии пурмавҷ баланд гардид. Пиёла боз ба саҳна баргашт. Ин бор ҳам ба он чой рехтам ва ҳамон гуна дароз кардам, ки модараш низ бинӯшад. Ҳарчанд гуфт, ки ташна нест, зарурат надорад, хоҳиш намудам, бинӯшад. Нӯшид. Пиёла боз ба саҳна баргашт. Дар ин ҳол гуфтам:  «Модарони азиз, хоҳарони меҳрубон, ба дидани намоиш, ки омадед, барои кӯдаконатон дар шиша об биёред, чой биёред. Интизор нашавед, ки Убайдулло Раҷабов кай аз Душанбе меояду кӯдакони ташнаи шуморо чой медиҳад».  Кафкӯбӣ ин бор баландтару пурмавҷтару самимитар ва дарозтар шуд. Ҳамин хел мо намоишро ба поён расондем.
- Нахустин бор Шумо овозхони маъруф, шодравон Нигина Рауфоваро тақлид (пародия) кардед. Даҳ сол пеш ман бо ӯ суҳбат доштам, дар ин бора ёдовар шуданд. Гуфт, ки «нахуст ранҷидам, сахт ошуфтам, чун моҳияти ин тақлидкориро намедонистам. Баъд дарёфтам, ин тақлид аз рӯи муҳаббат ба шахсиятам, эътироф ба ҳунарам будааст.»
- Ин барои намоиши солинавӣ буд. Тамрин кардем ва баъд сабт намудем. Сабт ба мушкилӣ даст дод. Дасти наворбардорон аз ханда меларзид. Коргардон аз ин дар ғазаб мешуд. Ба нишони эътироз фарёд баланд мекард, таъкид менамуд, ки дастҳоятонро наҷунбонед. Онҳо баён медоштанд, ки наметавонем, худро нигоҳ дошта наметавонем. Ба Нигина Рауфова расонданд, ки «Шуморо чунон шарманда кардааст, ки... Агар ин намоиш биравад, тамоман беобрӯ мешавед.» Нигина барои эътирозу шикоят ба қабули раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ медарояд. Шодравон Ғоиб Қаландаров, ки намоишро дида буданд ва медонистанд, ки он ҳеҷ гуна таҳқир нест, ӯро ором мекунанд, моҳияти пародияро барояш мефаҳмонанд. Инчунин, амр менамоянд, ки 100 сӯм мукофоташ бидиҳанд. Пас аз он моро даъват карда гуфтанд, ки ба ин маҳдуд нашавем, қаноат наварзем ва тақлидкориро идома бидиҳем. Ва идома додем. Ба аксар мардум ин гуна пародияҳои адресдор ё худ мушаххас, писанд буд. Аммо бархе аз рӯи рашк, ҳасад, бадбинӣ ва эҷод кардани монеаҳо дар роҳи фаъолияти ҳунарӣ санги маломатамон мезаданд. Мо инро медонистем ва ба он, яъне таҳаммулаш, тайёр ҳам будем.
Ҳунар баъзан вақт чунин талаботу тақозоҳоро пеши ҳунарманд мегузорад.
- Дар як намоиши телевизионӣ Шумо нақши муллои чаласаводро офаридаед, ки дуоро ғалат мегӯяд. Ба ҷавони эродгиранда, донишҷӯи арабидон, дар охир ба нишони эътироз, дар ҳоли ғазаб мегӯяд: «Иди к черту, молокосос». Муллоҳо пас аз нишон додани он наранҷиданд?
- Бешак, хоҳ-нохоҳ, онҳое, ки мақсадро дарнамеёбанд, ҳақиқатро намешиносанд, меранҷанд. Муаллифи намоишнома устоди равоншод Ҷалол Икромӣ буданд. Офаридан ва ё бозӣ кардани ин нақшро ҳунармандони маъруф, аз ҷумла Бурҳон Раҷабов, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Носир Ҳасанов, ба уҳда нагирифтанд. Баъд ман ин нақшро офаридам. Онҳое, ки муллои асил буданду ҳақиқатро, ҳақиқати зиндагиро мешинохтанд, намоиш ва ин нақшро хуш пазируфтанд. Аз ҷумла, муфтии давр Калонзода бо  муҳаббат гуфтанд: «Мо – аҳли хонавода ҳар намоиши  Шуморо тамошо мекунем. Шумо дар ин маврид меҳмони иззатманди хонаи моед. Бо ин намоиш дар тарбияи динии муллоҳои бесаводи мо саҳм гирифтед. Онҳо камбудии худро фаҳмиданд ва дарёфтанд, ки ин ҳама аз фаҳму назари мардум дур намемонад.»
- Бархе аз ҳаводоронатон мепиндоштанд, ки Шумо дар саҳнаи зиндагӣ ҳам, мисле, ки дар саҳнаи театр ҳастед, шӯхеду маҳфилоро. Вале чун аз наздик ошноӣ пайдо карданд, дарёфтанд, ки Шумо як нафар шахси бисёр ҷиддӣ ҳастед ва бо гила ҳам изҳор доштанд: «Ин Убайдуллоро дар саҳна бинӣ, беҳтар аст. Аз ӯ бештару беҳтар мо – худ маъракаороем». Оё бароятон ду Убайдулло, бешак, барои мо як Убайдуллоед, будан мушкил набуду нест?
- Албатта, душвор аст. Вале ман дар саҳнаи зиндагӣ Убайдуллоям. Дар саҳнаи театр Убайдулло нестам, номҳоям дигаранд ва ман  ҳамонҳоям, бо характер, муносибат, каму костиҳо ва бешу афзунии рӯзгор. Яъне, ман як Убайдуллоям, ки метавонам нақшҳои гуногунро табиӣ, боварибахш биофараму  писанди мардум бошам. Тавре мегӯянд, ҳақ доранд, ки эрод бигиранд. Ин аз рӯи муҳаббаташон, садоқаташон аст. Ман наметавонам саҳнаи театрро ба он нишастгоҳҳо интиқол бидиҳам.
Шодравон устоди саҳнаи театрӣ Туҳфа Фозилова мегуфтанд: «Бачам, Убайдуллоҷон, дар зиндагӣ ин қадар одами хубӣ, меҳрубонӣ, аммо чун дар саҳна мебароӣ, нақш меофарӣ, тамоман каси дигар мешавӣ, аз он Убайдулло ҳеҷ нишоне намемонад». Ман ҳамроҳи ӯ дар «Шаби гирифтани моҳ»-и Мустай Карим нақш офаридаам. Ман «Девона» будам ва ӯ Танҳобегим, модари Девона.
- Офаридани ин нақш, яъне Девона, мушкил аст. Кас аз асли худ муддате хориҷ мешавад ва ба нафаре табдил мегардад, ки моҳияти ҳама чизро, он гуна, ки ҳаст, дарк намекунад, намефаҳмад. Шумо дар офаридани ин нақш муваффақ шудед. Инро шодравон Туҳфа Фозилова ҳам эътироф намудаанд ва баъдҳо дигар ҳаводорони соҳаву мутахассисон. Муаллиф, яъне Мустай Карим, намоишро дар Москва дида, ягона гули дар даст будаашро ба нишони эътирофу эҳтиром ба ҳунаратон, офаридани нақши Девона дар сатҳи баланд, ба Шумо дар рӯи саҳна, пас аз анҷоми намоиш додааст.
- Ин соли 1976 буд. Театрҳои давлатии академӣ пас аз ҳар ду сол дар Москва, дар Театри калони он, бо нишон додани намоишҳо, як навъ ҳисобот медоданд. Ҳамон сол дар баробари дигар намоишҳо, аз ҷумла «Антигона», «Ҳуррият», театри мо, яъне Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, намоиши «Шаби гирифтани моҳ»-ро низ бурд. Пеш аз оғози намоиш гуфтанд, ки муаллифи асар, намоишнома, шоири машҳури бошқирд Мустай Карим барои дидани намоиш омадаву дар толор нишастааст.
Намоиш ба анҷом расид. Онро бисёр хуш пазируфтанд. Қариб 15-20 дақиқа кафкӯбӣ карданд. Мустай Карим гул дар даст болои саҳна баромаданд. Намедонистем, ки нақши офаридаи кӣ писандашон афтода, ки гулро ба ӯ медиҳад. Маро аз миёни ҳайат ҷустанду ёфтанд ва гулро тақдим карданд. Шубҳа намудам: шояд касе дигарро меҷустанду наёфтанд. Не, маро меҷустаанд. Ман дар ин намоиш Девонаро наофаридам, муаллифро, ҷавонии ӯро офаридаму нишон додам.
- Шумо як ифода доред, ки дар миёни мардум роиҷ гардидааст: «Худо бутата, метата, натата, наметата». Хушбахтона, Шумо нафаре, ҳунарманде ҳастед, ки Худо додааст. Дар саҳнаи театр, телевизион, синамо нақш меофаред. Коргардонӣ мекунед. Коргардони намоишҳои оммавӣ низ ҳастед. Адабиётро, мусиқиро, рассомиро, этнографияро дар сатҳи баланд, яъне касбӣ, медонед. Ҳикоя, саҳна, сенария менависед. Бароятон фаро гирифтани ин ҳама мушкил набуд? Ба ҷуз ин ҳама, дар ҳаҷвнигорӣ, баргузор кардани намоишҳои оммавӣ соҳибмактаб шудед.
- Ҳама гуна кори эҷодӣ мушкил мебошад. Албатта, ба яке ба осонӣ даст медиҳад, ба дигаре ба мушкилӣ. Ман ҳама вақт худро аз канор медидам, назора менамудам. Масъулият эҳсос мекардам, ки оё фикрамро, мақсадамро, суханамро дурусту фаҳмо ба тамошобин расонда ва таъсири нек гузошта метавонам. Ҳунарманд бояд масъулиятшинос бошад, бидонад, ки ӯ чӣ рисолат дорад ва оё дар шинохту иҷрояшон муваффақ шудааст. Тавре пештар зикр кардам, ин ҳама тақозову талаботи ҳунар, ҳунари асил мебошад. Сафу шумораи дӯстони ман аз соҳаҳои гуногун хеле зиёд аст. Дар баробари он, ки ман аз онҳо низ меомӯзам, дар наздашон зимни намоишҳо, баромадҳо, масъулият эҳсос мекунам. Онҳо бо таҳлилҳо, баёни андешаҳо, роҳнамоиҳо, барои пешрафтам саҳм гузоштаанд.
- Бисёре аз аҳли эҷод, мурод эҷодкори асил аст, чун эҳсос мекунанд, ки тайи роҳ бас мушкил мебошад ва дар он худфидоӣ бояд кард, намегузоранд, розӣ намешаванд, фарзандонашон ин гуна роҳро интихоб бинамоянд. Ба ҷуз ин, расидан ба манзили мурод, медонанд, ки на ҳар эҷодкорро даст медиҳад. Оё фарзандони Шумо роҳи ҳунар, эҷодро интихоб кардаанд?
- Шояд интихоб менамуданд, аммо ман худам нагузоштам, монеъ шудам. Танҳо фарзанди сеюмам Шаҳзод роҳи эҷодро интихоб кард, ҳарчанд ки дар аввал ман ба ин розӣ набудам. 
Ҳар ҳунарманд бояд аз худ бипурсад, ки барои чӣ болои саҳна мебарояд. Чиро гуфтан, расондан мехоҳад? Оё аз уҳдаи он баромада метавонад ё не? Ва ҳам аз он ҷо чӣ гуна мефарояд? Як хато кофист, ки шахс барои тамоми умр беобрӯ шавад.
- Аксар аз умри 80-солаатон дар омӯзишу талоши ҳунару ҳунарофариву ҳунарварӣ харҷ шудааст. Бо вуҷуди ин, ҳолиё низ хастагинопазирона фатҳи қуллаҳои нав ба нав дастатон медиҳад. Дар ин чӣ сир аст?
-  Дар ин ҳеҷ гуна сирре вуҷуд надорад. Ман Ватанамон – Тоҷикистонро дӯст медорам. Бароям ҳар зарраи хокаш, қатраи обаш, ҳавои софу беғубораш бисёр азиз аст. Ҳар сангу хори онро дӯст медорам. Чунин Ватани зебову ободу ором ва биҳиштосо, фикр мекунам, ки дар ҳеҷ гӯшаи дунё вуҷуд надорад. Онро дӯст надоштан мумкин нест. Барои ин Ватан, ин сарзамини аҷдодӣ бояд хидмат кард, то чунин зебову ободу пойдор бошад. 
 
Суҳбаторо Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият», 
Суратгир Комрон САФАРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2021    №: 56    Мутолиа карданд: 1336
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед