logo

фарҳанг

МУЪМИН ҚАНОАТ. АДИБЕ, КИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗРО ДАР ШЕЪРИ «ИДИ БАХТ» СИТОИШ НАМУДААСТ

Дар мадҳу ситоиши Наврӯз, ки аз қаъри асрҳо, аз даврони   салтанатдории шоҳони каёнӣ Каюмарсу Ҳушанг ва Фаридун ва дигар пешдодиён  ибтидо мегирад, классикони адабиёти форсу  тоҷик аз Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Хайём, Саъдиву Ҳофиз, Носири Хусрав, Абдураҳмони Ҷомиву Бадриддини Ҳилолӣ ва Мавлонои Балхӣ то ба Аҳмади Донишу устод Айнӣ шеъру  достонҳо ва наврӯзномаҳои зиёде  навиштаанд. Дар ашъори шифоҳии халқамон низ тараннуми  Наврӯз ҷойгоҳи шоиста дорад. Оре,  Наврӯзи дурахшону  дилситон, ки дар зеботарин ва некутарин фасли сол, ба қавли устод Рӯдакӣ  баҳори хуррам, нозанини гулбасар ва гулбадомон  ҷашн гирифта мешавад,  аз ҷониби сардафтари адабиёти навини тоҷик устод Айнӣ, шоирони забардаст Лоҳутӣ,  Турсунзода,  Миршакар, Деҳотӣ, Боқӣ Раҳимзода, Лоиқ, Бозор Собир, Гулрухсор басе ҳам дилкаш ва пурмазмун тараннум гаштааст.
Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат низ дар васфи Наврӯз бо номи «Иди бахт» шеъре дорад, ки дар он бисёр расму оин ва суннатҳое, ки занон ва, алалхусус духтарони тоҷик, дар тӯли асрҳо ба ҷо меоварданд, хуб инъикос гаштаанд. Адиби нуктасанҷ  аз нахуст ба гузаштаи пурмашаққати рӯзгори аҷдодони  мо ва дар ин қатор духтари тоҷик дахл карда, хотиррасон месозад, ки бо мушкилоти рӯзгорони нобасомони  он даврон  нигоҳ накарда, қарнҳои зиёде ниёгони мо поси ин иди баҳориро  ба ҷо меоварданд. Занону  духтарони зебо  ибтидои бахту саодатро аз Наврӯз медонистанд ва  аз ҳамин хотир тамоми муқаддасот ва  суннатҳои онро хуб ба ҷо меоварданд. Онҳо аз сароғози фасли  зимистон сар карда, то айёми гулшукуфт ба баҳор омодагӣ медиданд ва дороии худро бо чандин умеду орзу болои хони наврӯзӣ мегузоштанд.
 
Асрҳо аҷдодҳои мо, зимистони дароз,
Қиссаи сарбаста аз Наврӯз меангоштанд.
Бахти одамношинос,
Баскӣ бо бечорагон асло сару коре надошт,
Гӯй дар рӯи замин ҷуз ном осоре надошт.
Мардуми бахтозмо,
Ибтидои бахт аз Наврӯз мепиндоштанд,
Бар ҳамин рӯзи муқаддас эътиқоде доштанд.
Дар он замонҳо дар арафаи  иди аҷдодӣ духтарони  нодор ва ночори  тоҷик то субҳи содиқ омодагиҳояшонро ба Наврӯз медиданд. Аз сидқи дил бахту иқболи баландро талабгор мешуданд. 
Духтари тоҷик он шаб сурмаи тар мекашид,
Бофта мӯи қаторӣ, шона бар сар мекашид.
То ки ёбад бахтро,
Ҳеч чизаш ҳам набошад, аз либосу молу ҳол,
Ӯ ба рӯи ҷабҳаи пурнур меангошт хол,
Ё, ки марҷон мекашид.
Ё, ки якто тугма андар пеши бар медӯхт ӯ,
Оташи наврӯзро то субҳдам месӯхт ӯ.
Буд ин кори савоб.
 
Бо вуҷуди ҳамаи ин саъю талошҳо, бо  шабзиндадориҳо  кашидан, оташи наврӯзиро дар назди кулбаҳои  вайронаи фақирона  то субҳдам сӯхтанҳо ва хешро ба таври одӣ ва хоксорона  орову торо доданҳо духтари тоҷик ондавраҳо чизеро ба даст намеовард. Вай ҳамин гуна қашшоқу бенаво асрҳои аср зиндагонӣ мекард, вале заррае ҳам озурдахотир намешуд ва ба Наврӯз эътиқоди  мустаҳкам  ва дилбастагии басе хам қавии зиёде дошт.
Поси ин иди баҳорӣ аз барои бахт буд,
Бахти камдидори бепарво аҷаб дилсахт буд,
Ҳеҷ кас ӯро наёфт,
Бахт дар дунё набуд.
Устод Муъмин Қаноат дар охири шеъри «Иди бахт» ботантана   менигорад, ки бахти баланд, саодатмандӣ ва шукӯҳмандиву баландмақомиро духтари тоҷик танҳо дар даврони Истиқлолияти давлатии кишвар  тавассути  дастгириҳо,   ғамхориҳои пайваста ва  беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардааст. Ҳоло  чи хуш аст, ки  ин бахти баланд ва зиндагонии шоистаро дар Ватани  ободу зебо, Тоҷикистони биҳишти рӯи Замин,  занону духтарони тоҷик бархӯрдор мебошанд. Онҳо барои чунин рӯзгори   амну амонӣ, ободу зебо, осудагии рӯзгорашон пайваста  шукронаи  Пешвои муаззами миллатро   менамоянд. 
Духтари тоҷик акнун бахт дар оғӯши туст,
Хонадони бахти олам Меҳани зебои туст.
Рафтагонро ёд кун,
Наврӯзи  аҷдодони худ дар кишвари 
гулпӯш кун,
Рӯҳи пирони бузурги бахтҷӯят шод кун.
                                                   
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
 
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2021    №: 56    Мутолиа карданд: 872
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед