logo

фарҳанг

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА НАВРӮЗ

Дар давраи Истиқлоли давлатӣ маҳз ба туфайли ҳидояту дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин анъанаҳову суннатҳои наврӯзӣ на танҳо зинда гардидаву инкишоф ёфтанд, балки ҳамаҷониба тарғиб шуданд. Ҳатто дар замоне, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ пурра хомӯш нагардида буд, Сарвари тозаинтихоби давлат ба ҳама мушкилоти иқтисодиву фарҳангӣ Ҷашни Наврӯзро, махсусан дар пойтахти кишвар, дар сатҳи баланд таҷлил мекарданд. 
Солҳои баъдӣ таҷлили ин ҷашн бошукӯҳтар шуд. Мардум туфайли суханронӣ ва табрикоти Пешвои муаззам ба Наврӯз ва анъанаҳову суннатҳои қадимии он бештар ошноӣ пайдо кард.
Бо пешниҳоди Сарвари давлат 20 март Рӯзи зиёиён эълон гардид. Дар ин рӯз бо намояндагони зиёиёни кишвар мулоқот доир карданд ва он ба ҳукми анъана даромад. Инчунин, дар Наврӯз намоиши оммавӣ, ки дар он ҳазорҳо нафар ширкат меварзиданд, баргузор мешуд. Сол ба сол шумораи ширкаткунандагони намоишҳои оммавӣ меафзуд. Сатҳу сифати он беҳтару мукаммалтар мегардид. Дар навбати худ дигар шаҳру ноҳияҳо бо пайравӣ аз он Наврӯзи оламафрӯзро хотирмон таҷлил мекарданд. Ва ин ҳама, хушбахтона, идома дорад.
Пешниҳоди Пешвои миллат буд, ки Наврӯзи кишвар ҳамасола бо навбат дар яке аз шаҳру ноҳияҳо таҷлил бигардад. Албатта, иштироку суханронии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, худ як мактаби бузурги омӯзишӣ буданд ва мемонанд.
Дар ин, ки Наврӯзи мо ҷаҳонӣ шуд, саҳми Сарвари давлатамон бесобиқа мебошад. Ба ин васила имкон фароҳам овард, то моҳияти умумибашарии он бештар барои оламиён ошкор бишавад.
Панҷ сол пештар Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз дар Тоҷикистон баргузор гардид. Ин ҳамоиш бо сарпарастӣ ва иштироки Президенти кишвар бисёр хотирмон ва дар сатҳи баланд гузашт. Адибони ҳавзаи кишвари Наврӯз ба ҷумҳурии биҳиштосо, сарсабзу хуррам ва дастовардҳои навини мо ошно шуданд ва бо таассуроти нек баргаштанд. Инчунин, дар тарғибу муаррифии мамлакати мо саҳми чашмрас гирифтанд. Барои ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ин рӯз рӯзи хилқати инсон, кушудани дари кайҳон, шукуфтани гули Хуршед аст.
Шуаро бо илҳоми саршор тараннуми Наврӯзро карданд ва онро, аз ҷумла рамзи давлати Сомониён, хонданд.
Шоири тавонои тоҷик Муъмин Қаноат аз фаро расидани Наврӯз, ҷаҳонӣ гардидани он, бо шодмонӣ баён дошт:
Замонӣ будаму акнун ҷаҳониям,
Гулам ё гулхани Наврӯзи сониям.
Ин вожаи зебои тоҷикӣ ё худ Наврӯз, дар тамоми гӯшаҳои ҷаҳон, хосса ҳавзаи кишвари Наврӯз, як хел ва ширину форам садо медиҳад. Наврӯз эҳёи табиат, баробаршавии рӯзу шаб, пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот аст.
Бо омадани он ҳама ҷо сарсабзу шукуфо мешавад. Чаҳ-чаҳи мурғон як ҷаҳон маънӣ пайдо мекунад ва вомедорад, ки шоду хуррам бошем, чун табиат аз нав ҷавон шавем.
Ин шараф ва ифтихор моро бас аст, ки истиқлол ба даст овардем, ба ваҳдати миллӣ расидем ва дар канори ободу зебои Ватани маҳбуб ҷашни миллиамонро таҷлил мекунем. Ба қадри неъмати сулҳ низ бояд бирасем ва ба қадри талошҳову саъю кӯшишҳои Пешвои миллатамон.
Ба яқин, дар ҳеҷ давру замон ва макон Наврӯзи оламафрӯзи мо ба ин пояи бузург, яъне сатҳи баланд, ҷашн гирифта намешуд.
 
Саидислом АБДУҶАББОРЗОДА,
прокурори раёсати Прокуратураи 
генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2021    №: 57    Мутолиа карданд: 1035
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед