logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. ИФТИТОҲИ ЗЕРИСТГОҲИ БАРҚӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ШАҲР

Дар шаҳри Душанбе бо иштироки раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ “Саноатӣ”, воқеъ дар кӯчаи Ҷаббор Расулови ноҳияи Сино баъди азнавсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳр хабар дод, 9 марти соли 2017 Созишномаи мубодилаи ёддоштҳо миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҷопон ба тасвиб расонда шуда, дар асоси созишномаи мазкур 30 июли соли 2017 Созишномаи грантӣ барои азнавсозии зеристгоҳи барқии “Саноатӣ” ва сохтмони зеристгоҳи барқии нав 110/35/10кВ “Пойтахт” бо арзиши умумии 21 миллион доллари ИМА ба имзо расид.
Корҳои сохтмонӣ аз тарафи пудратчии генералӣ “Нишизава” ва зерпудратчӣ ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” бо сифати баланд ба анҷом расонда шудаанд. Дар рафти азнавсозии ду адад трансформатори 25 МВА ба трансформатори 40 МВА-ро иваз карда, сохтори тақсимотии 35 кВ ва сохтори тақсимотии 10 кВ иборат аз 47 чашмаки замонавӣ иваз намуданд.
Айни ҳол зеристгоҳ минтақаи саноатӣ ва аҳолии кӯчаҳои Ҷ. Расулов, С. Шерозӣ, Асадулло Ғуломов, Маяковский ва маҳаллаҳои Роҳи Нав, Меҳнатобод, Арбобхотум, Н. Ганҷавӣ ва ғайраҳоро бо барқ таъмин намуда, хароҷоти шабонарӯзии он дар фасли зимистон 540 000 кВт/ст-ро ташкил медиҳад. Зеристгоҳи мазкур 18 480 муштариро бо барқ таъмин менамояд, ки аз ин шумора 17 480 муштарии маишӣ буда, боқимонда корхонаҳои саноатӣ ва тиҷоратӣ мебошанд.
Баъд аз таҷдиди зеристгоҳ ва таъмини он бо таҷҳизоти барқии муосир, шумораи садамаҳои технологӣ нисбат ба солҳои 2017 -ум 3 маротиба кам гашта, сифати таъминоти барқ низ беҳтар ва сарфи технологии он нисбат ба соли 2017 ба миқдори 1,4% кам шудааст.
Бори аввал дар зеристгоҳи барқии мазкур сохтори тақсимотии 10 кВ-и дуқабата бо воситаҳои ҳимояи микропротсессорӣ ва кори фоиданокиашон баланд ба истифода қарор дода шуд, ки хизматрасониашон осон ва қулай мебошад.
Ҳамаи ин пешравиҳо дар соҳаи энергетика дар давраи соҳибистиқлолӣ, бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ амалӣ гашта истодаанд.
 
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2021    №: 57    Мутолиа карданд: 776
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед