logo

фарҳанг

УСТОД РӮДАКӢ – ВАССОФИ МУМТОЗИ БАҲОРУ НАВРӮЗ

Наврӯзи Аҷам ва баҳори оламафрӯз бо тамоми шукӯҳу тароват ва «ҳазор нузҳату ороиши аҷиб» - и худ дар ашъори Одамушшуаро Рӯдакӣ таҷаллӣ мекунанд. Агар рост бигӯем, аввалин сарояндаи мумтози шеърҳои баҳориву наврӯзӣ дар шеъри порсии тоҷикӣ устод Рӯдакӣ аст:
Омад баҳори хуррам бо рангу бӯи тиб,
Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб.
Шояд, ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон,
Гетӣ ба дил ёфт шабоб аз пайи машиб.
 
Агар ба дурустӣ ташхис диҳем, устод Рӯдакӣ дар тасвири зебоиҳои баҳор ва назокату латофатҳои табиат нодиракор аст. Дар давоми ҳамин шеър мехонем:
Чархи бузургвор яке лашкаре бикард,
Лашкар-ш – абри тираву боди сабо – нақиб.
Наффот – барқи равшану тундар-ш – таблзан,
Дидам ҳазор хайлу надидам чунин маҳиб.
 
Дар ин мисраъҳо осмон ба шоҳаншоҳе мемонад, ки лашкаре ороста аз абрҳои тираву хашмин. Бад-ин лашкар фармондеҳу пешбар бод аст, яъне нақиб. Оне, ки машъал ба даст асту пеш меравад барқи равшан аст. Наффот ба маънии машъалдор омада, шоир равшании вақти раъд шукуфтаро ба он монанд донистааст. Тундарро, ки имрӯз ҳамчун ҳодисаи табиат шинохтаву якҷоя раъду барқ мегӯем, дар образи таблзан оварда. Вазифаи он навохтани табли пеш аз ҷанг аст, ки сарбозонро далериву шуҷоат мебахшад ва паёмест аз оғози муҳориба. Аз як ҳолати табиат: гирифтани димоғи осмон, тӯдаи абрҳо ва тундар ба ин маъниҳо расидани шоир, тасхиркунанда мебошад.
Дар байни байтҳои нағзу пурмағзи ин қасида ба ин мисраъҳо бармехӯрем, ки камолу ҷамоли шеър аст:
Лола миёни кишт бихандад ҳаме зи дур,
Чун панҷаи арӯси ба ҳино шуда хазиб.
 
Ин тасвири нозуки шоирона ба диди хосу мушоҳидаи аҷиби гӯяндаи он гувоҳ аст. Зеро лоларо ба ангушти арӯсе шабоҳат медонад, ки ба ҳино ранг ёфта ё ба ҳино тар шуда. Ба ин зебоӣ дида тавонистани табиат вижагии устод Рӯдакист. Маҳз ҳамин байт далели он аст, ки устод Рӯдакӣ ҳаргиз нобино ё кӯри модарзод набудааст. Бештари пажӯҳишгарон низ пас аз таҳлили ин ва дигар байтҳои тасвирӣ ба хулоса расидаанд, ки нобиноии шоир дар охири умраш аз сабаби пириву заъфи вуҷуд ба амал омада ва ҳатто ба чашми ӯ мил кашидани аҳли дарбори Сомониён низ аз ҳақиқат дур мемонад.
Гули баҳорӣ, бути таторӣ,
Набид дорӣ, чаро наёрӣ?!
Набиди равшан чу абри баҳман
Ба назди гулшан чаро наборӣ?!
Дар ин пораи хурди шеърӣ, ки то ба мо нокомил расидааст, ба бути тоторӣ, ба дилбари тоторнажод хитоб мешавад, ки набид ё ин ки набиз дорӣ, чаро наёрӣ? Набид маънии шароби аз меваҳо таҳияшуда, бавижа аз хурмо омодашавандаро гӯянд, ки басо лазизу хуштаъм ва ба тансиҳатӣ судманд будааст.
Чанд сол пеш пажӯҳишгари тоҷик Муҳаммадии Алии Хуросонӣ пайғом расонда буд, ки як нусхаи дастхати Фонди дастнависҳои Маркази мероси хаттии АМИТ ба номи академик Абдулғанӣ Мирзоев дар зимни яке аз тафсирҳои форсии «Қуръон» як пора шеъри устод Рӯдакӣ дарёфт шуд, ки ҳолу ҳавои наврӯзӣ дорад. Одамушшуаро онро ба муносибати фарорасии Наврӯз суруда, бо он шоҳи Сомониро табрик гуфтааст. Мусаннифи ин нусхаи қаламӣ ҳангоми тафсири сураи «ал-Алақ», ки дар зикри қалам аст, барои шоҳидии фикри худ доир ба шарҳи вожаи «қалам» аз шеъри устод Рӯдакӣ иқтибос оварда менависад: «Чунон ки… Рӯдакӣ ба назди Амири Хуросон даромад ба рӯзи Наврӯз ва дар даст қалам ва шамшер ва гуфт:
Сухан овардаму шамшеру қалам наврӯзӣ,
То ба дастат бувадо мояи ҳар пирӯзӣ.
Ба сухан ме ба забон бошу ба шамшер бирез,
Хуни аъдову ба тавқеи қалам деҳ рӯзӣ».
 
Ин шеъри мухтасар нахуст ба қудрати бузург ва созандаи сухан арҷ мегузорад. Шоҳро даъват мекунад, ки бо забон, бо қалам ва бо шамшер пирӯз шудан метавон. Маҳз ин се қудрат зебу фари шоҳон ва беҳтарин армуғони Наврӯз аст, ки шоир оварда. Аммо як лутфи дигари шеър дар мисраи чорум падид меояд: «Хуни аъдову ба тавқеи қалам деҳ рӯзӣ». Устод Рӯдакӣ ба амир гуфтанист, ки сабаби овардани ин туҳфаҳо се аст: аввал ба сухан розкушо бош, сонӣ бо шамшер хуни душман рез ва минбаъд бо қалам рӯзӣ деҳ. Ба қалам рӯзӣ додан, ба мазмуни аҳли қаламро подош бахшидан ва дигар, бо содир кардани фармонҳову дастурҳо ба мардум рӯзиву осоиш бахшидан аст.
Тибқи маълумоти дастхати зикршуда, шеъри армуғонӣ бо маънӣ ва рамзу розҳои фаровон писанди хотири амир гардид ва ба шоир ҳазор динор фармуд.
Устод Рӯдакӣ дар тавсифи баҳору Наврӯз дасти тамом дошт ва шеъраш дар пойдории оинҳои наврӯзӣ маҷмӯи далелҳои нодир аст:
Чамани ақлро хазонӣ агар,
Гулшани ишқро баҳор туӣ!
Ишқро ман паямбарам, лекин
Ҳуснро офаридгор туӣ!          
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2021    №: 57    Мутолиа карданд: 869
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед