logo

иҷтимоиёт

ВАСИЛАИ ХУДШИНОСӢ ВА ҶАҲОНШИНОСӢ

Наврӯз ҷашни қадимаи тоҷикон аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёӣ аст. Вобаста ба таърихи пайдоиши Наврӯз дар сарчашмаҳои таърихию бадеӣ маълумотҳои зиёд зикр гаштаанду вобаста ба ин мавзӯъ рисолаҳои зиёде вуҷуд доранд. Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳасан (Ҳусейн) бо тахаллуси Ҳаким Тирмизӣ (755-869) аз аввалин мутафаккироне аст, ки дар таърихи афкори фарҳангии форсу тоҷик таҳти унвони “Наврӯзнома” асаре таълиф кардааст. Дар “Луғатнома”-и Деҳхудо омадааст, ки Худованд дар рӯзи Наврӯз оламро офарид. Албатта, маълумотҳои пураҳамиятро метавон дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Осор-ул-боқия”-и Абурайҳони Берунӣ, “Наврӯзнома”-и  Умари Хайём, “Ал-маҳосин в-ал аздод”-и  Кисравӣ, “Зайн-ул- ахбор”-и Гардезӣ ва бисёр дигарон пайдо намуд. Шоирон ва мутафаккирони бузург Рӯдакию Фирдавсӣ, Дақиқӣ, Берунӣ, Хайём оид ба ҷашни Наврӯз бо меҳру муҳаббат сухан гуфтаанд. Умари Хайём дар “Наврӯзнома” дар мавриди бунёд гузоштани Наврӯз, аз ҷумла чунин менигорад: “...аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтоб ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд, ба ҳамон рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавон омадан, чи ҳар сол аз муддат хаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн оин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон аз бад-ӯ иқтидо карданд...”    
Боиси сарфарозист, ки бо вуҷуди монеаҳои зиёд дар давраҳои гуногуни  таърихӣ, ин ҷашни бузург аз ёдҳо, хотираҳо зудуда нашуд, балки бо рангу тобиши нав  ба ҷилва  даромад.  Ҷашни Наврӯз маҳз дар аҳди Сосониён ба пояи баланд бардошта шуд. Сосониён, ки дар инкишофи фарҳанг ва ҷамъ овардани сарватҳои маънавӣ бештар мекӯшиданд, ба танзими ҷашну оинҳо, ба зинаи сиёсати давлатдориашон бардоштани онҳо корҳои бузургеро анҷом доданд.  
Боиси  фараҳмандист, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ  ин  ҷашни бостонӣ  эҳё ва ҷомаи навин ба бар кард ва  Наврӯз ҳар сол чун ҷашни муҳимтарини миллӣ бо шукӯҳи хосса таҷлил мешавад. Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “тамоми оинҳои ибратомӯзи наврӯзӣ, ки моҳиятан сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ва бунёдкориву созандагӣ мебошанд, барои ҳар фарди огоҳу солимфикр чун манбаи умеду ормонҳои наҷибу созанда ва василаи худшиносиву ҷаҳоншиносӣ хизмат мекунанд...” 
 
Санам ДАВЛАТМАМАДОВА,    
мудири кафедраи ҷомеашиносии  ДТҶТ ба номи С.Раҳимов


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2021    №: 57    Мутолиа карданд: 635
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед